Як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабаби барканории раиси идораи кор бо занони ин ноҳия шуд. Мақомот гуфтанд, ки Зиёда Саломова бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт. Вале худи ӯ ва огоҳони вазъ мегӯянд, истеъфои Саломова баъд аз як иштибоҳ дар тақдими оҳанги дастаи ҳунарӣ сурат гирифтааст.
Чанд занро ба даста даъват карда будам. Корашон хуб буд. Дар рӯзи сафари президент ӯро аз пеш дида, аз шодӣ ба эҳсосот дода шуданд. Хеле нороҳатам, ки хато кардем.Саъбагул Ҳикматова
Хато дар чӣ буд?
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмонӣ Ҷомӣ рӯзи 9-уми августи имсол сурат гирифт. Зиёда Саломова, мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросон он рӯз масъули таҳияи барномаи ҳунарии дастаи “Очаҷонҳо” буд.
Ин даста дар варзишгоҳи Хуросон ба истиқболи президент бояд оҳанги зарбиро иҷро мекард. Зоҳиран баъзе навозандаҳо зери бори эҳсосот натавонистанд мусиқиро якмаром ва аз рӯи қоида иҷро кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар натиҷа, иштибоҳ дар иҷрои мусиқии зарбӣ ба ҳозирин аён шуд ва боис ба интиқоди масъули барнома гардид.
Асомиддин Шеров, як масъули идораи фарҳанги ноҳияи Хуросон, рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ хабари аз вазифа озод шудани Зиёда Саломоваро дар пайи саҳлангории доиранавозон тасдиқ кард. Аммо Зебуннисо Асомиддинова, раиси бахши коргузории ҳукумати ноҳияи Хуросон, гуфт, Саломова расман бо сабаби беморӣ аризаи аз кор рафтанашро навиштааст. “Муаллима бемор шуданд. Ду рӯз пеш аризаашонро навишта, аз кор рафтанд”, - афзуд ӯ.
“Раис дар маҷлис гуфт, ки озод карда шавад”
Худи Зиёда Саломова дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ пайванди барканории ӯ бо иштибоҳи занони доиранавозро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 14-уми август гуфт, аз чунин ранг гирифтани кор зиёд нороҳат ва аз касе ҳам домангир нест. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, дар ин кор бояд раҳбари дастаи занони доиранавозон ҷавобгӯ мебуд, на ӯ.
Ба гуфтаи Зиёда Саломова, дар маҷлиси ҳукумати ноҳияи Хуросон низ таъкид шудааст, ки мудири идораи кор бо занон аз вазифа озод карда шавад. “Роҳбарият чизе, ки гӯяд, қабул мекунам. Дигар чӣ ҳам гуфта метавонам? Хайр, дар вақти иҷрои саҳнаи доиранавозӣ занон ба камбудӣ роҳ доданд. Раис ҳам дар маҷлис гуфт, ки озод карда шавад”, - нақл кард Саломова.
Барканории масъули идораи занони ноҳия беш аз ҳама бонувони доиранавозро нороҳат кардааст. Саъбагул Ҳикматова, роҳбари дастаи занони доиранавози "Очаҷонҳо" дар ноҳияи Хуросон гуфт, онҳо беш аз 10 соли ахир дар маросими истиқбол ва гусели меҳмонони баланмақом дар сафи пеш буданд ва бори аввал ба чунин иштибоҳ роҳ доданд. “Сабабаш ҳам дар эҳсоси шодӣ ва фараҳи доиранавозон аз истиқболи раиси ҷумҳур буд”, - гуфт ӯ.
“Хеле нороҳатам, ки иштибоҳ кардем”
Саъбагул Ҳикматова гуфт, аз онки баъди ин ҳодиса Зиёда Саломова аз мақомаш рафт, нороҳат ва афсурда аст. Ӯ афзуд, “чанд занро ба даста даъват кардам, ки корашон хуб буд. Дар рӯзи сафари президент, ки ӯро аз пеш диданд, аз шодӣ ба эҳсосот дода шуданд. Хеле нороҳатам, ки хато кардем. Роҳбари идораи занон таҷрибаи хуб дорад, ӯ набояд аз вазифааш озод мешуд.”
Зиёда Саломова дар тӯли 9 соли охир дар вазифаи мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Хуросон кор мекард. Ба иттилои мақомот, аризаи истеъфои ӯ рӯзи 11-уми август, баъди ду рӯзи сафари президент таслим шудааст.
Дар ноҳияи Хуросон, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир аст, ҳудуди 55 ҳазор зан зиндагӣ мекунад. Дар рӯзи сафари президент ба ин ноҳия беш аз 1000 зану духтар дар барномаҳои мухталифи фарҳангиву ҳунарӣ ва истиқболи президент ҷалб шуданд. Дар мулоқоташ бо фаъолону мақомоти маҳаллӣ президент Эмомалӣ Раҳмон бештар аз тарбияи ҷавонон ва вазъи мактабҳо сӯҳбат карда, ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Хуросонро, ки солҳои 2016-2020-ро дар бар мегирад, матраҳ намуд.
Сафари раиси ҷумҳур ба манотиқи Тоҷикистон агар аз як тараф бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии навоҳияву вилоятҳо сурат гирад, аз сӯи дигар, барои бархе аз сокинон имкони рӯбарӯ шудан бо ӯро фароҳам мекунад. Мақомоти маҳаллӣ омодагӣ ба пешвози президентро дар остонаи ин сафарҳо моҳҳо пеш шурӯъ мекунанд.
Дар гузашта президент аз миёни мардуми оддӣ баъзе истеъдодҳои навро кашф карда, дар муаррифиву пешбурди ҳунарашон дар телевизиону саҳнаҳои калон супоришҳо додааст.