Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи 115-миллиондолларии Айнӣ - Панҷакент ифтитоҳ шуд


Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо шуда бо худраваш аз роҳи бозсозишудаи Айнӣ-Панҷакент гузашт ва гуфт, агар пештар барои тай кардани ин роҳ 3,5 - 4 соат зарур буд, ҳоло ҳамагӣ 1,5соат кофист.

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи шимоли кишвар роҳи навсозишудаи Айнӣ-Панҷакент мавриди истифода қарор гирифт. Бозсозии ин роҳи 112-километрӣ, ки солҳои ахир вазъи баде дошт ва равуои сокинонро мушкилтар мекард, моҳи октябри 2012 шуруъ шуда буд.

Оқои Раҳмон аз аввалинҳо шуда бо худрави худ аз ин роҳ гузашт ва дар суҳбат бо сокинони Панҷакент гуфт, ки барои бозсозии он 115 миллион доллар сармояи Бонки Осиёии Рушд ва ширкати сохтмонии “Сансиян Бейсин”-и Чин харҷ шудааст.

“Ҳамаи сокинони Панҷакент дар хотир доранд, ки роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент ва иншооти он дар давоми даҳсолаҳои зиёд аз таъмир берун монда, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт пурра таъмин карда намешуд ва чунин вазъ боис ба рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардид. Имрӯз роҳ ва иншооти он пурра ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд,” -- афзуд раиси ҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, агар то бозсозӣ барои равуо аз Айнӣ то Панҷакент сеюним - чор соат вақт зарур буд, “ҳоло дар муддати ҳамагӣ якуним соат ба манзил расидан мумкин аст”.

Баъдан президент Раҳмон навбати дуюми коргоҳи заршӯии Корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро, ки бо арзиши 160 миллион доллар бунёд шудааст ва дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъданро дорад, ба истифода супурд. Ӯ гуфт, мавриди истифода қарор гирифтани навбати дуюми коргоҳи заршӯӣ имкон медиҳад, ки “ҳар сол ба маблағи 550 миллион сомонӣ 2,2 тонна тило истеҳсол карда шавад”.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти Корпоратсияи коркарди тилои “Зиҷинг майнинг”-и Чин муваззаф шудааст, ки дар ояндаи наздик ду полоишгоҳи муосир бунёд карда, дар кони “Тарор” истихроҷи маъданро ба роҳ бимонад.

Дар идома раиси ҷумҳур аз камбуди барқ дар водии Зарафшон низ ёдоварӣ карда ва гуфт, дар ҳоли ҳозир барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ тарҳи сохтмони хатти барқи 220 - киловолтаи “Айнӣ-Панҷакент” таҳия гардидааст. “Барои бунёди ин хатти интиқоли барқ, ки дарозии он беш аз 94 километр ва арзиши лоиҳавиаш беш аз 400 миллион сомонӣ (67 миллион доллари амрикоӣ) мебошад, ҳукумат сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 54 миллион доллар гранти Бонки Осиёгии Рушдро ҷалб кардааст,” – афзуд ӯ.

Илова бар ин, дар Панҷакент бо харҷи беш аз 500 миллион сомонӣ (80 миллион доллар) дар ояндаи наздик нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 50 мегаватт бунёд хоҳад шуд, ки он на танҳо Корхонаи муштараки “Зарафшон”, балки аҳолии шаҳрро низ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард. “Ҳамчунин гармии дар нерӯгоҳ истеҳсолшуда ба шабакаи гармидиҳии шаҳр интиқол ёфта, барои осон шудани мушкилоти зимистонгузаронии мардум мусоидат хоҳад кард,” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сафари серӯзаи худ ба вилояти Суғдро субҳи якшанбе аз ноҳияи Айнӣ оғоз кард. Ӯ нахуст маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрориро ифтитоҳ кард, ки ба хотири 150-солагии ин шоири маъруфи тоҷик бунёд шуда, қиматаш ба 5 миллион сомонӣ баробар аст.

Шоми 17 октябр даҳҳо тан аз сокинони ноҳияи Айнӣ ба истиқболи раиси ҷумҳур омодагӣ доштанд. Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шимоли Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳаво дар ин минтақа рӯ ба сардӣ оварда ва сокинон аз қатъи интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон ранҷ мекашанд. Дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд интиқоли нерӯи барқ рӯзона за соати ҳашти субҳ то 17-и бегоҳ қатъ мешавад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш аз ноҳияҳои Ғончӣ, Истаравшан, Қайроққум ва Бобоҷон Ғафурову Хуҷанд низ боздид хоҳад кард. “Шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ” аз ҳадафҳои умдаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG