Вазири умури дохилии Тоҷикистон хост, онҳое, ки ба қавли ӯ бо гирифтани аксу навор дар ҷараёни рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла сӯхтор халал мерасонанд, бояд муҷозот шаванд. Аммо ҳуқуқдонҳо ин гуна пешниҳодро навъе маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати татбиқаш ин пешниҳод на танҳо барои шаҳрвандон, балки барои намояндагони матбуот низ монеа эҷод хоҳад кард.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аксу наворбардорӣ дар ҷойи ҳодиса мамнӯъ мешавад
Ташвишовар он буд, ки шаҳрвандони бисёр бисёр беҳуда ҷамъ шуда, расмгириву тамошо ва ба фаъолияти мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ хеле моне эҷод карданд.
Рамазон Раҳимзода рӯзи 21-уми июл ба ин мавзӯъ ҳангоми сӯҳбаташ дар бораи сӯхтори бозори “Корвон” рӯй овард. Вазири умури дохилӣ гуфт, шаби дувуми июл оташнишонҳо тавонистанд, сӯхтори бозорро хомӯш кунанд, аммо, ба қавли ӯ, ташвишовар ин буд, ки анбӯҳи мардуми тамошобин ва гурӯҳи аксбардорону наворгирҳо ба фаъолияти кормандони оташнишонӣ халал расондаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, “сӯхтори бузурги “Корвон”, ки дар натиҷаи саҳлангорӣ ва бемасъулиятии муҳофизони бозор ба вуҷуд омад, боис ба зарар дидани 160 нуқтаи савдо гардид. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ баъд аз гирифтани ахбор, саривақт ба ҷои ҳодиса рафта, сӯхторро дар муддати 3-4 соат пурра хомӯш карданд. Ташвишовар он буд, ки шаҳрвандони мо бисёр беҳуда ҷамъ шуда, расмгириву тамошо ва ба фаъолияти мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ хеле моне эҷод карданд.”
"Мардум мусоидат кунанд, на инки халал расонанд"
Рамазон Раҳимзода дар идома афзуд, “мардум барои рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш бояд мусоидат кунанд, на инки халал расонанд. Мутаассифона, лекин ҳамин ҳолат буд. Барои ҳамин, тасмим гирифтем, ки ба қонунгузории Тоҷикистон дигаргунӣ пешниҳод кунем, то шахсоне дар чунин ҳолат халал мерасонанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле ба ин нукта ишора кард, ки аксу навори ҳам сӯхтори шаби 2-юми июл дар бозори "Корвон"-и Душанбе ва ҳам бозори марказии ноҳияи Фархор дар шоми 30-юми май, баъди чанд лаҳзаи ин ҳодисаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба дунбол дар матбуот нашр шуданд.
"Ин вайрон кардани меъёрҳои байналмилалист"
Пешниҳоди вазири корҳои дохилӣ дар сурати қабул шуданаш ҳамин навъи журналистика ва блогнависиро аз байн мебарад ва мардум аз сарчашмаи мустақили иттилоъ маҳрум мешаванд.
Ин паёми вазирро бархе журналистону фаъолони озодии баён ҳамчун мафҳуми васеи маҳдудият арзёбӣ карданд, ки метавонад дар оянда на танҳо ба рафтори мардум дар ҳолатҳои нохуш, балки инчунин хосторони пӯшиш ёфтани ин ҳодисаҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъсиргузор шавад. Бо тавсеа ёфтани имкони истифодаи дастгоҳҳои сабти садову навор ва аксбардорӣ дар телефонҳои ҳамроҳ, дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мизони пахши хабарҳои ҷолиб аз кӯчаву хиёбонҳо афзудааст, ки аз ҷониби шаҳрвандони оддӣ бардошта шудаанд. Дар бархе ҳолатҳо ин мавод дар матбуот нашр ва манбаи аслии хабаррасон мешавад.
Аз ҳамин хотир, созмонҳои мустақили хабарнигории Тоҷикистон пешниҳоди вазири умури дохилӣ дар мавриди муҷозоти афроде, ки ба гуфтаи вай, “ба раванди рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ё сӯхтор халал мерасонанд”, ҳамчун таҳдид ба озодии баён ва журналистикаи шаҳрвандӣ интиқод карданд.
Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, феълан дар қонунгузории Тоҷикистон чунин маҳдудият ҳангоми ҳодисаҳои зилзила, селу сӯхтор ва ғайра вуҷуд надорад. Мардум метавонанд, дар бораи ҷузъиёти ин ҳодисаҳо ва тадобири ниҳодҳои давлатӣ барои бартараф кардани оқибатҳои онҳо иттилоъ дошта бошанд.
Кӯшиши "ноӯҳдабароии" баъзе мақомот?
Ӯ гуфт, “дар сурати қабул шудани чунин як пешниҳод, ин вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии дастрасӣ ба иттилоъ маҳсуб меёбад ва ба озодии матбуоту баён дар Тоҷикистон мухолифат хоҳад кард. Қаблан низ маҳдуд кардани ҳуқуқи журналистон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳангоми пӯшиши хабарии ҳодисаҳои нохуш ё техногенӣ ба назар мерасид. Ба назари ман, ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ кӯшиши пинҳон доштани ноӯҳдабароии баъзе аз мақомот хоҳад буд”.
Зимнан, хабарнигорони расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳангоми пӯшиши ҳодисаҳои сӯхтор, обхезӣ, зилзила ё ҳодисаҳои дигари табиӣ ба мушкилу монеаҳои зиёд рӯбарӯ мешаванд. Аз ҷумла, дар ҳодисаи сӯхтор дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хабарнигорон иҷозаи аксу наворбардориро надода ва онҳоро аз маҳалли ҳодиса берун карданд. Дар ин бора нашрияи "Азия-Плюс" ва дигар расонаҳо ишора карданд. Ба андешаи созмонҳои мустақили журналистӣ, маҳдудият ва муҷозот дар пӯшиши ҳодисаҳо изтирорӣ метавонад ба таври мустақим ба кори журналистон таъсиргузор шавад.
Халал расондан, яъне чӣ?
Ба бовари Рустам Гулов, як блогнавис ва коршиноси умури матбуот, маъмулан дар ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ рафтори дағалонаву ғайриқонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ дар навор омада ва шояд мақсади асосӣ аз ин пешниҳод рӯйпӯш кардани камбудҳо маҳсуб шавад. Зеро, ба гуфтаи вай, дар наворҳое, ки аз ҷараёни сӯхторнишинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, рафтори дағалонаи кормандони милиса, дашному суханҳои носазои онҳо ба мушоҳида мерасанд. Ӯ гуфт, эҳтимол мақомот намехоҳанд, ки ин ҳама сабту нашр шавад.
“Дар Тоҷикистон тоза журналистикаи шаҳрвандӣ ташаккул меёбад, ки тавассути телефонҳои мобилӣ ҳодисаро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд. Пешниҳоди вазири корҳои дохилӣ дар сурати қабул шуданаш ҳамин навъи журналистика ва блогнависиро аз байн мебарад ва мардум аз сарчашмаи мустақили иттилоъ маҳрум мешаванд. Зеро маҳфуми халал расондан хеле васеъ аст. Агар шаҳрванд телефон дар даст дошта бошад, шояд пулис инро халалдор кардан ба раванди рафъи оқибатҳои ҳодиса арзёбӣ кунад”, - афзуд Гулов.
Назари коршинос
Дар солҳои охир чандин ҳодисаи пурсару садо маҳз ба хотири навору аксҳои шаҳрвандони оддӣ расонаӣ шудаанд.
Ин коршинос гуфт, журналистикаи шаҳрвандӣ дар бештари кишварҳои пешрафта дар канори шабакаҳои телевизиони расмӣ рушд карда ва вақтҳои охир бар асоси наворҳои онҳо доираи васеи мухотабон дар мавриди садамаҳои автомобилӣ, сӯхтору ҷузъиёти дигар сари вақт огоҳ мешаванд. Вай ба унвони мисол аз барномаи “Мобилний репортёр” дар шабакаи давлатии телевизиони Русия ёд кард, ки дар миёни тамошобинон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст.
Дар ҳамин ҳол, Дилшод Муллоев, коршиноси масоили ҳуқуқӣ мегӯяд, дар қонуни “Милитсия” фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни ҳодисаҳои табиӣ ва нохуш танзим шуда ва ҳар омиле, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ халал ворид кунад, милитсия вазифадор аст, амнияти иҷтимоиро бо ҳар роҳу васила таъмин кунад.
Ӯ гуфт, “дар Конститутсия ҳам таъкид шудааст, ки барои таъмини амнияти ҷомеа мумкин аст ҳуқуқу озодии шаҳрванд маҳдуд шавад. Тибқи ин муқаррарот агар шаҳрванд ё журналист ба тартиботи ҷамъиятӣ халал ворид кунад, фаъолияти онҳо маҳдуд хоҳанд шуд. Агар амалҳои журналист ё шаҳрванди дигар ба амният ё тартиботи ҷамъиятӣ халале ворид накарда ва танҳо рисолати худро иҷро кунад, дар ин сурат ягон маҳдудияте дар роҳи фаъолияти онҳо набояд эҷод шавад”.
Аз садамаҳои фоҷиабор... то селу сӯхтор
Шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои ахир ба як минбаи нисбатан озоди баёни фикру андеша ва табодули иттилоъ бадал шудааст
Дар солҳои охир чандин ҳодисаи пурсару садо маҳз ба хотири навору аксҳои шаҳрвандони оддӣ расонаӣ шудаанд. Аз ҷумла, садамаҳои фоҷеабор бо ширкати фарзандони мансабдорон, боздошти занони ҳиҷобпӯш дар Суғд, фаромадани тармаву сел дар манотиқи дурдаст ва ғайра пеш аз пӯшиш ёфтанашон дар матбуот аз ҷониби шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудаанд.
Мудофеони озодии баён мегӯянд, ки дар кори ҳамарӯзаи худ журналистони мустақил дар Тоҷикистон бо маҳудият, аз ҷумла, мушкили дастрасӣ ба маълумот, тасдиқи хабар ва дарёфти ҷузъиёти он дар сохторҳои давлатӣ, гоҳо таҳдид ҳам рӯбарӯ мешаванд. Дар сурати қабул шудани пешниҳоди таъини муҷозот барои афроди воридкунандаи халал дар рафъи ҳодисаҳои нохуш шароити кори хабарнигорон ва фаъолони иҷтимоӣ тангтар мешавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои ахир ба як минбаи нисбатан озоди баёни фикру андеша ва табодули иттилоъ бадал шудааст, вале ин минбар ҳам назорат мешавад.