Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳ бо гумони ғорати “Корвон” дар шаби сӯхтор. ВИДЕО


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи даҳнафараеро боздошт кардааст, ки шаби 2 июл бо истифода аз сӯхтор даст ба дуздии моли тоҷирон задаанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши пешакӣ мушаххас кардааст, ки дар соатҳои сӯхтори шадид дар бозори азими молу маҳсулоти "Корвон", гурӯҳе талош дошт моли боқимондаи тоҷиронро ба яғмо барад. Бо гумони даст доштан дар дуздӣ як гурӯҳи даҳнафараи сокинон боздошт шуд.

Сухангӯи вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки дар сурати исбот шудани нақши ин афрод дар ғолати моли бозор, нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Феълан ин гурӯҳ дар боздошт аст.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба додситонии пойтахт супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маълум кунанд, ки сӯхтори бозор қасдан буд ва ё воқеан аз "расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ" сурат гирифтааст.

Сӯхтори беш аз 280 дӯкони молу маҳсулот дар бозори "Корвон" шоми 2 июл боиси талафоти зиёди пуливу молии тоҷирон шуд. Таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ шуда, мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ин қазияро дунбол мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки шаби сӯхтор маълум шудааст, ки як гурӯҳе бо истифода аз бебандубории баамаломада, даст ба ғорати амвол задааст. Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

"Инҳо аз сӯхтор истифода карда, ба тороҷи моли тоҷирон даст задаанд. Санҷиш нисбати онҳо рафта истодааст. Гуноҳи чанд нафареашон, ки исбот шуд, нисбаташон парванда боз мешавад. Ҳоло пешакӣ гуфта наметавонем, ки аз ин гурӯҳ нисбати чанд нафар парванда боз мешавад. Шумораи онҳо кам мешавад ва ё зиёд тафтишот маълум мекунад", - гуфт сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, аксари боздоштшудаҳо ҷавон ҳастанд ва худро наздикони тоҷирон вонамуд карда, шаби сӯхтор гӯё бо нияти кӯмак дар наҷоти бор, даст ба дуздӣ задаанд.

Шаҳрдори Душанбе: ваъдаи сабукиҳо ва таҳқиқи ангезаҳои сӯхтор

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори "Корвон" зарар диданд, сабукиҳо пешниҳод кард. Шаҳрдор дар мулоқот бо 200 соҳибкору тоҷири бозор рӯзи 3 июл ваъда дод, ки аз пардохти пули иҷораи ҳаррӯзаву андози иҷораи дӯкон дар бозор дар муддати ду сол озод мешаванд .

Вазорати умури дохилӣ ва додсистонии кулл бо пахши изҳороте сабаби сар задани ин сӯхторро "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ" унвон карданд.

Аммо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба додситонии пойтахт супориш додааст, ки дар кутоҳтарин фурсат маълум кунанд, ки сӯхтори бозор қасдан буд ва ё воқеан аз "расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ" сурат гирифтааст.

Дар хабарномаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки субҳи 3-юми июл нашр шуд, дар шарҳи ин ҳодиса омадааст, ки сӯхтор ӯзи 2-юми июли соли 2017, соати 20:03-дақиқа, дар ҶДММ «Бозори Корвон» дар масоҳати 480 метри мураббаъ ба амал омад, ки дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд".

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардошта ва талафоти ҷонӣ ҳам сабт нашудааст. Ин ниҳод ҳаҷми хисороти ин оташсӯзиро эълон накарда ва гуфтааст, ки "зарари сӯхтор муайян карда мешавад."

Соҳибкорон ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки дар ин ҳодиса асосан растаҳои фурӯши пойафзол ва дӯконҳои фурӯши шими "ҷинс", ба коми оташ рафтаанд.

Дар гузашта ҳам бозори "Корвон" бар асари сӯхтори шадиде осеб дида буд. Ҳодисаи 5 сентябри соли 2012-ро мақомоти интизомӣ "оташ задан" унвон карданд ва дар он ҳодиса 2250 дӯкони мол ва 8 ҳазор метри мураббаъ қаламрави бозор ба коми оташ рафт. Натиҷаи он таҳқиқ то куҷо расид, маълум нест.

Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад, макони кори ҳазорҳо тоҷирон шудааст. Бекории солҳои истиқлолият шумори зиёди мардумро барои кор ба бозор бурд. Бонки ҷаҳонӣ соли 2012 гардиши мол дар ин бозорро дар як сол 105 миллион доллар баровард кардааст.

Пешниҳоди сабукиҳо ба зарардидагони сӯхтор дар бозори "Корвон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

XS
SM
MD
LG