Тарҳи нав. Зиндониён "танҳо бо ризоияти прокурор" раҳо мешаванд

Дар порлумони Тоҷикистон мавзӯи заминаҳои қонунии пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод шудани маҳбусон баррасӣ мешавад. Аз рӯи тарҳи нав, ба ин ҷараён дар баробари муассисаи ислоҳӣ ва додгоҳ – додситонӣ ҳам ҳамроҳ мешавад. То ба ҳол, қарори сабук шудани мӯҳлати иҷрои ҷазо ваё комилан озод шудани шахс аз зиндон бар асоси пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ба суд, баррасӣ ва ҳал мешуд.

Рӯзи 8-уми май дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баррасӣ шуд, ки аз ҷумла раҳо шудани зиндониёнро қабл аз муҳлат “танҳо бо ризоияти прокурор”, имконпазир мегардонад. Толибхон Азимзода, вакили порлумон ва яке аз ташаббускорони ин тарҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, лоиҳаи мазкур идомаи такмил ёфтани Конститутсия ва қонуни “Конститутсионӣ оид ба мақомоти прокуратура” аст.

Як ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, миёни мақомоти қудратӣ доимо як рақобати ноаён ҷиҳати густурдатар кардани салоҳияти назорат дар умури кишвар вуҷуд дорад ва Додситонии кулл низ аз ин миён истисно нест.

Ба гуфтаи ин вакили порлумони Тоҷикистон, “бо вуҷуди он, ки дар ин ризоияти прокурор пешниҳод шудааст, аммо бо вуҷуди ин ҳукм дар бораи маҳбусонро додгоҳ дида мебарояд. Аммо назорати иҷрои қонунро дар муассисаҳо прокуратураи махсус назорат мебарад, ки дар тамоми вилоятҳо ба ҷуз аз Бадахшон ва шаҳри Душанбе, вуҷуд дорад”.

Зимнан, ин танҳо тағйироте нест, ки ба Кодекси мазкур пешниҳод мешавад. Тағйиру иловаҳои пешниҳодкардаи вакилон шеваи аз зиндони ноболиғон ба зиндонҳои маъмулӣ интиқол додани афроди ба балоғат расида, назорати рафтори маҳбусони собиқ ва кӯмакҳои иҷтимоӣ ба онҳоро дар бар мегирад. Полковник Валиҷон Орипов, корманди собиқадори Додистонии кулл гуфт, маҳбусон тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар сурати сипарӣ кардани бахше аз муҳлати ҷазояшон ба бозбинии шароити ҳабсашон дар додгоҳ, ҳаққ пайдо мекунанд.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.

“Масалан, агар маҳбус тибқи ҳуқмаш дар маҳбаси низомаш пурзӯр нигоҳ дошта шавад ва аз се як ҳиссаи ҳукмашро адо кунад ва ё дар маҳбаси низомаш оддӣ аз 4 як ҳиссаи ҳукмашро адо кунад, ӯ ҳуқуқ дорад ба муасссаи ислоҳӣ барои бозбинӣ шудани шароити иҷрои ҳукм муроҷиат кунад. Дар ин сурат муассисаи ислоҳӣ ба Раёсати иҷрои ҷазо муроҷиат мекунад ва дар сурати ризогии ин идора ва прокурори назоратӣ, парванда ба суд ирсол мешавад. Суд дар навбати худ ё шароити нигоҳдории маҳбусро сабуктар мекунад ва ё вобаста ба маврид, ӯро метавонад шартан пеш аз муҳлат аз маҳбас озод кунад”.

Ҳамсуҳбатони мо аз қабили ҳуқуқшиносон ва кормандони Додситони кулл мегӯянд, ҳадаф аз тағйироти ахир дар қонунгузорӣ ва бештар кардани салоҳияти Додситонии кулл, ҷилавгирӣ аз мавридҳои ришватситонӣ ба ҳангоми бозбинии парвандаҳои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ аст.

Аслиддин Исломов, як ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, аз як ҷониб миёни мақомоти қудратӣ доимо як рақобати ноаён ҷиҳати густурдатар кардани салоҳияти назорат дар умури кишвар вуҷуд дорад ва Додситонии кулл низ аз ин миён истисно нест.

Вай гуфт: “Дар айни ҳол дар пасманзари авҷ гирифтани маъракаи мубориза бо фасод ба эҳтимоли зиёд прокуратураи генералӣ бо иддаои пешгирии коррупсия салоҳияти худро дар бисёре аз соҳаҳо густурдатар мекунад. Аз ҷумла дар низоми муаассисаҳои ислоҳӣ ва назорати иҷрои ҷазо”.

Зимнан, соли 2014-ум бо ворид намудани тағйирот дар қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти прокуратура”, ба Додистонии кулл салоҳияти назорати иҷрои ҳалномаҳои суд ва иҷрочиёни судӣ дода шуда буд.