Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли шиканҷа. Аз таъини ҷазо то баҳсҳо дар Созмони Милал


Модари Ҳамза Икромзода дар сари ҷасади фарзандаш ашк мерезад
Модари Ҳамза Икромзода дар сари ҷасади фарзандаш ашк мерезад

Имсол дар муқоиса ба солҳои пешин дар бораи шиканҷаи зиндониён ва афроди боздоштшуда бисёр гуфтанд.

Соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод.

Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои Созмони Милал ва як дафъа дар Анҷумани муассисаи ҳуқуқи башари САҲА (ОБСЕ) баррасӣ шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон имсол аз додрасҳо хост, ба шикояти маҳбусон дар мавриди шиканҷа аксуламал нишон диҳанд. Ҳамчунон додгоҳи вилояти Хатлон афсари милисаро бо ҷурми шиканҷаи як наврас муҷозот намуд.

Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш мақомот ҷой доштани шиканҷаи маҳбусону боздоштшудагонро комилан рад намуда, як рӯзноманигореро, ки дар ин бора мақола навишта буд, ба додгоҳ кашиданд. Акнун Додситонии кул ва Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон маҷбуранд, ҳар сари чанд вақт ба наздикони маҳбусон ва айбномаи лату кӯбу шиканҷаи маҳбусон посух диҳанд.

Дар ин бора Нигина Баҳриева, раиси Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки дар он 16 созмони ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқ ҷамъ шудаанд, мегӯяд: "Дар навбати аввал мехоҳам паёми президенти Тоҷикистонро, ки дар рӯзи милисаи тоҷик садо дод, зикр кунам. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумат ба шиканҷа ва бадрафторӣ таҳаммул нишон нахоҳад дод. Ин гуфтаи президенти Тоҷикистон ба мо имкон медиҳад, талабҳоямонро бидуни ҳарос матраҳ намоем, зеро ба ваҷҳи умум ин милиса аст, ки дар аксари ҳолатҳо ҳамчун масъули шиканҷаву бадрафторӣ ёд мешавад."

Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода
Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода эътироф мекунад, ки дар Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад, вале ба қавли ӯ мақомот тамоми роҳҳои қонунии мубориза бо ин падидаро истифода мебаранд. Моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Салимзода гуфта буд, "мо заминаи ҳуқуқии мубориза бо омилҳои шиканҷа ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тарзу усули бурдани тафтишоти ғайриқонуниро созмон додаем. Албатта, дар баробари ин, баъзе камбудҳо дар равиши ин кор дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд ва дигар ниҳодҳои Тоҷикистон ҷой доранд."

Моҳи майи соли ҷорӣ гузоришгари вижаи Созмони Милал дар масъалаи шиканҷа ва бадрафторӣ Хуан Мендез аз Тоҷикистон боздид ба амал овард. Мендез навишааст, хулосаҳояшро соли 2013 ба ҳукумати Тоҷикистон пешкаш мекунад. Ба қавли ӯ, имкон доштааст, дар ҷараёни боздиди нуҳрӯзааш бидуни маҳдудият аз маҳбасҳо ва афроди мавриди таваҷҷуҳ зиёрат намояд. Мендез таъкид намудааст, ки дар сатҳи олии раҳбарияти кишвар талоши зиёд барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ ба чашм мехӯрад, вале ҳеҷ дастуре ва ё ишорае ба муфаттишону ходимони Кумитаи амният ва ниҳодҳои Вазорати умури дохилиии Тоҷикистон дода нашудааст, ки шиканҷавау бадрафторӣ мавриди таҳаммул нахоҳад буд. Ҳамчунон гузоришгари СММ зикр намудааст, ки моддаи 143 қонуни ҷиноӣ масъулони шиканҷаро, агар бори аввал ба он роҳ дода бошанд, то 5 сол аз озодӣ маҳрум мекунад. Вале боз ҳам қонуни афви соли 2011 ва дахолати ниҳодҳои қудратӣ имкон дорад, ҳабсро кӯтоҳ ва ё комилан қатъ намоянд.

Дар аксҳо: Марги Ҳамза Икромзода: Худкушӣ ё шиканҷа?



Тоҷикистон дар соли 1995 Эъломияи зидди шиканҷаи СММ-ро имзо кардааст, вале моҳи ноябр ҳангоми баррасии вазъи Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таъкид шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти Миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст. Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад.

Созмони Милал қазияи марги Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов, (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиевро ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонашон, ё бар асари лату кӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ё дар натиҷаи зарбу шатта аз тарафи зиндонбонҳо ба ҳалокат расиданд.

Созмони Милал мегӯяд, агарчӣ мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки зиндониён метавонанд, дар сурати вуҷуди шиканҷа расман ва дар номаи баста шикояти худро ба мақомот бирасонанд, аммо зиндониёни тоҷик бисёр вақт коғазу қалам ҳам надоранд. Рӯзи 18-уми декабр дар иртибот бо як навори видео, ки дар он гурӯҳе аз маҳбусони зиндони шаҳри Хуҷанд нишонаҳои азияти дастаҷамъии онҳоро ба навор гирифта буд, Одинашоҳ Муродов, сухангӯи раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, ки ташвиши волидони маҳбусҳо асос надорад, зеро ҳеҷ нафар ва гурӯҳе аз ин ниҳод ба хотири маълум кардани пахши навори видеои маҳбусҳо дар интернет, ба зиндони Хуҷанд нарафтааст.

Маҳбус: "Дар маҳбас ягон хел қонун вуҷуд надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Дар навори видео, ки ба воситаи телефони ҳамроҳ сабт шудааст, чандин нафар аз маҳбусон мегӯянд, аз аввалин лаҳзаҳои вуруд ба маҳбаси шумораи 3-и Хуҷанд ҳадафи таҳқиру тавҳин ва лату кӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор ёфтаанд. Баъзе аз ин маҳбусон дар навор мегӯянд, онҳоро ба хотири донистани асрори марги Ҳамза Икромзода аз маҳбаси Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25-километрии ғарби Душанбе рӯзи 20-уми сентябр дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд. Комиссияи экспертии Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасади мавсуф гуфт, Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст ва сабаби маргаш низ ҳамин аст.

Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯяд, то замоне ки мақомоти Тоҷикистон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз ҷумла салиби сурх имкони боздиди бидуни маҳдудият аз зиндонҳоро надиҳанд, то замоне ки шикоятҳои маҳбусону наздикони онҳоро ниҳоди мустақиле тафтиш накунад, эҳтимол сару садо ва нофаҳмиҳо дар мавриди шиканҷаи маҳбусону боздоштшудаҳо аз байн наравад.
XS
SM
MD
LG