Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Ҳамза: "Додгоҳ бояд боз бошад, на дар боздоштгоҳ"


Файзалӣ Икромзода, падари марҳум Ҳамза
Файзалӣ Икромзода, падари марҳум Ҳамза

Дар боздоштгоҳи Душанбе мурофиаи як маъмури собиқи зиндон ҷараён дорад, ки ба даст доштан дар марги Ҳамза Икромзода айбдор мешавад.

Яке аз пурсарусадотарин фоҷеаҳои пушти панҷара – марги зиндонӣ Ҳамза Икромзода дубора матбуотӣ шуд ва ин навбат додгоҳи муттаҳамони марги баҳсбарангези ин ҷавон суолҳоеро дар заминаи адолати судӣ ба миён овардааст.

Рӯзи 15 май дар Душанбе хеле кӯтоҳ мурофиаи додгоҳии муттаҳами аслӣ – собиқ маъмури зиндон Маҳмуд Исмоилов барпо шуд, вале дубора ба таъхир андохта шуд. Аҳли хонаводаи Икромзода аз тарзи баргузории мурофиа розӣ нест ва аз мақомот тақозо дорад, ки мурофиа на ба шакли пӯшида дар шароити боздоштгоҳи муваққат, балки дар толори додгоҳ ва бо ҳузури намояндагони матбуот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҷараён гирад. Бо сабаби худдории ҷониби ҷабрдида аз ширкат дар додгоҳ, қарор шуд, идомаи мурофиаи судӣ рӯзи 17 май баргузор шавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Дар мурофиаи додгоҳие, ки таҳти раҳбарии додрас Рустам Мирзоев ҷараён дорад, Маҳмуд Исмоилов, як маъмури зиндони рақами яки Душанбе муттаҳами аслӣ ном бурда мешавад. Ӯро на аз рӯи моддаи "шиканҷа", балки бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси ҳалокати инсон шудааст (моддаи 316, қисми 3), муҳокима мекунанд. Тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, дар сурати исбот шудани ин иттиҳом, Исмоиловро аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ҳамза Икромзода
Ҳамза Икромзода
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ, ки ҷасади писарро хоксупорӣ карданд, осори шиканҷаи шадид, аз ҷумла паи дарзмолро дар тани фарзанди худ сабт карда гуфтанд, ки Ҳамза Икромзода бар асари марги маҷбурӣ ҷон додааст.

Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ меҳисобанд. Комиссияи экспертии додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад гуфт, Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст ва сабаби маргаш низ ҳамин аст.


Талаби баргузории додгоҳи бозу дастрас ба матбуот

Хешу ақрабои зиндонии даргузашта шубҳа доранд, ки додгоҳ ҳукми одилонае дар баробари муттаҳамони марги фарзандашон содир кунад. Падари марҳум Файзалӣ Икромзода дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 15 апрел, аз замони оғози додгоҳи Маҳмуд Исмоилов, чандин дафъа ҳуқуқи онҳо поймол шудааст. Вай гуфт, даъвати аҳли хонавода ба додгоҳ тавассути телефон, на бо даъватномаи судӣ сурат гирифт ва танҳо баъди ворид шудани наздикони Ҳамза Икромзода ба як утоқи сохтмони додгоҳи Исмоили Сомонӣ онҳо дар бораи шурӯъи мурофиаи маъмури зиндон хабар ёфтанд. Илова ба ин, ба гуфтаи Файзалӣ Икромзода, дар ҳамон толори додгоҳ наздикони муттаҳам ба таври ошкоро аъзои хонаводаашро таҳқир ва бародари Ҳамза - Амирро латукӯб карданд. Ҳоло ҳам, мегӯяд падар, нақзи шадиди ҳуқуқи онҳо дар баргузории мурофиа на дар толори додгоҳ, балки дар муассисаи боздоштгоҳи муваққат зоҳир мешавад.

Зимнан, дархости хонаводаи Икромзода оиди ба ҷараёни мурофиа роҳ дода шудани хабарнигорон ва созмонҳои ҷамъиятиро рӯзи 15 май вакили дифоъ Гулчеҳра Холматова ба мақомот ироа кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ шарҳ дод, ки додгоҳ “баъди задухӯрди ҷониби даъвогар ва айбдоршаванда, яъне тарафдорони маъмури собиқи зиндон Исмоилов ва Икромзодаи марҳум” тасмим гирифт, ки мурофиаро дар шароити боздоштгоҳ барпо кунад. Вай гуфт, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 17 май, ба эҳтимоли ғолиб, боз ҳам дар
Модари Ҳамза Икромзода дар сари ҷанозаи писар
Модари Ҳамза Икромзода дар сари ҷанозаи писар
боздоштгоҳ ҷараён мегирад.

Сабаби дигараш ҳам, ба гуфтаи вакил, ин аст, ки дар сурати барои шоҳидӣ даъват шудани зиндониҳои маҳбаси Хуҷанд, мақомот талош мекунанд, дар ҷараёни рафту омади зиндониҳо нагузоранд, ки кадоме аз тарафҳои ширкатдори додгоҳ ба онҳо таъсир гузоранд.

Ҳанӯз маълум нест, ки додгоҳ бо овардани зиндониҳои маҳбаси рақами сеи Хуҷанд ба додгоҳ, ба унвони шоҳидони иловагӣ розӣ мешавад ё на. Инҳо ҳамон зиндониёнеанд, ки шоҳиди лату кӯби Ҳамза Икромзода дар ду ҳафтаи пеш аз маргаш шудаанд. Тавре зиндониён гуфтанд, Ҳамза баъди интиқолаш ба ШИЗО ё утоқи муҷозоти маҳбусон даргузашт. Гулчеҳра Холматова гуфт, ки дар миёни онҳо инчунин зиндониёне ҳам ҳастанд, ки баъди ба Хуҷанд интиқол ёфтанашон мавриди лату кӯби шадиди маъмурон қарор гирифтанд ва дар ин бора дар наворҳои видеоӣ ҳам шаҳодат доданд.

“Дар миёни онҳо чанд шоҳид ҳастанд, вале ҳанӯз ман исмҳои онҳоро ба шумо гуфта наметавонам, чунки мо ҳоло бо хешу табори онҳо тамоми санадҳоро омода мекунем. Вақте маълум шуд, ки кӣ ширкат мекунад, мегӯем.”, гуфт ӯ.


Умеди вакил ба ҳукми зиндони айбдоршаванда


Айни замон, Гулчеҳра Холматова мегӯяд, аз замони муҳокимаҳои муқаддамотӣ ва рӯзҳои аввали мурофиа, эҳсос мешавад, ки додгоҳ мехоҳад ин қазияро “одилона баррасӣ кунад”. Вай гуфт, “ман бояд бигӯям, ки аз рӯи рафтори додситон ва ҳам додрас эҳсос мекунам, ки айбдоршаванда ҳукми зиндон хоҳад гирифт.”

Вай гуфт, тафтиши пешакӣ ишора ба он дорад, ки Исмоилов ба ҳангоми лату кӯби Икромзода “бераҳмии бештар нишон додааст.” Зимнан, дар баробари ӯ, аз рӯи ин қазия нисбати ду маъмури дигари зиндон – Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов - низ парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Раёсати зиндонҳо: “Мо ба волоияти қонун эътимод дорем”

Дар ҳамин ҳол, масъулини раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки тасмими дар боздоштгоҳ баргузор шудани додгоҳ танҳо дар салоҳияти додрас аст ва ҳеҷ сохтори дигар, аз ҷумла, раёсати зиндонҳо ба ин тасмим дахолат карда наметавонад. Одинашо Муродов, сухангӯи ин раёсат дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, масъулини ин сохтор ҳам “манфиатдоранд, ки қазияи Икромзода ба таври одилона баррасӣ шавад”. Вай гуфт, “Ман ба як чиз бовар дорам: ба давлати худам, ба ҳукумати худам бовар дорам. Агар давлату ҳукумат бошад, волоияти қонунро таъмин мекунад. Ҳақиқатро танҳо суду прокуратура метавонад барқарор кунад.”


Шиканҷа, як доғи сиёҳе дар парвандаи Тоҷикистон


Ҳамза Икромзода
Ҳамза Икромзода
Хабари марги Икромзода дар паи шиканҷаву лату кӯб дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе дар сентябри соли 2012 расонаӣ шуд. Дар пай, моҳи ноябри ҳамон сол даҳҳо нафар маҳбусон аз Душанбе ба зиндони рақами сеи Хуҷанд интиқол дода шуданд. Ба бовари мудофеони ҳуқуқи инсон, ин гурӯҳ барои расонаӣ кардани қазияи Ҳамза Икромзода муҷозот шуд.

Қазияҳои Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев мавриди нигаронии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ низ қарор гирифтааст. Ин созмон дар гузориши солонааш бар пояи баёноти хешовандони зиндониҳо гуфтааст, ки ин афрод ё бар асари лату кӯби бераҳмонаи маъмурони интизомӣ ё дар натиҷаи зарбу шатти зиндонбонҳо дар чанд соли ахир ба ҳалокат расидаанд.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Афви байналмилалил, шиканҷа дар муассисаҳои бастаи Тоҷикистонро як амали маъмулӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG