Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ба Озодӣ чанде қабл гуфта буд, ки истифодаи ғайриқонунии шиканҷа нисбати афроди боздоштшуда ҳангоми барраси парвандаҳо ниҳоди зертобеи ӯро ҳам нигарон кардааст: «Ба Додситонии кул, ҳудуди 48 ё 49 аризаи шикоятии шаҳрвандон дар мавриди ҷой доштани шиканҷа нисбати онҳо ворид шуд, ки иддае аз онҳо ҳангоми санҷиш исботи худро ёфтанд.»
ТАЪЙИДИ ШИКАНҶАИ ЗИНДОНИЁН
Ба гуфтаи Додситони кул, соли 2010 аз 48 шикояти шаҳрвандон дар мавриди истифода аз зӯроварии ҷисмонӣ ба ниҳодаш ворид шуда, 13 адади онҳо исботи худро ёфтаанд. Афзун бар ин, вай мегӯяд, ки дастандаркорон ё онҳое, ки дар истифодаи шиканҷа даст доштанд равонаи зиндон ҳам шуданд. Додситони кул бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳолати шиканҷа дар боздошгоҳҳои мақомоти пулис нигаронкунанда
аст ва аксарияти шикояти шаҳрвандон ҳам бар пояи шиканҷа дар боздошгоҳҳои вазорати корҳои дохилӣ аст. Додситони кул намунаи чунин як шикоятро аз хонаводаи Сафаралӣ Сангов овард.
Марги Сафарали Сангов, як сокини 38-солаи пойтахт дар пайи боздошташ аз тарафи кормандони корҳои дохилии Сино-1 ва марги мабуси 31-сола Исмоил Бачаҷонов дар тавқифгоҳи тафтишотии раёсати корҳои ислоҳи вазорати адлия, ки дар куштори Бачаҷонов вазорати корҳои дохилӣ даст доштани шиканҷаро тайид кардааст, истифодаи фоҷиабори шиканҷаро ба намоиш гузошт.
Аммо, ахиран Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ дар як сӯҳбат бо расонаҳои маҳалии Тоҷикистон гуфтаст: «Оид ба марги дастгиршуда Сангов Сафаралӣ мақомоти прокуратура тафтишоти пешакиро анҷом додааст, тафтишот истифодаи шиканҷаро нисбат ба марҳум муқаррар накардааст. Кормандоне, ки дар натиҷаи беҳаракатиашон Сангов ҳалок шуд, барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва парванда дар ҳаққи онҳо дар баррасии суд қарор дорад.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳанӯз мурофиаи додгоҳии Сангов ба охир нарасидааст.
БАЧАҶОНОВРО КӢ КУШТ?
Аммо вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати марги маҳбус Исмоил Бачаҷонов, шаҳрванд Иброҳимов Юсуф Сатторович, корманди муассисаи тафтишотии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дастгир карда шуд, ки ӯ маҳкумшударо дар утоқи интизории маҳкамаи тафтишотӣ латукӯб намудааст. Исмоил Бачаҷонов, дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
САТҲИ ПАСТИ ТАХАССУСИИ МАСЪУЛИН?
Паём Фурӯғӣ, мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки иллати ба истилоҳ рушди шиканҷа дар боздошгоҳҳо ва маҳбасхонаҳои
Тоҷикистон, марбут ба сатҳи пасти тахассусии масъулин мебошад. Зеро онҳо дар рафти парванда бо боздоштшудаҳо роҳҳои мутамаддин ва солими пайдо кардани далелро истифода карда наметавонанд.
Ба бовари ҷаноби Фурӯғӣ: «Аз ҳама вазъи вахим барои нафари боздоштшуда, 48-соати аввал аст, ки то ӯ тавонад барои худ вакили дифоъ гирад. Омили дигар ин аст, ки мақомот барои ба даст овардан мадрак ва ҳақиқат, аз шиканҷа истифода мекунанд, ки аз паст будани сатҳи ихтисоси онҳо мебошад»
Ба гуфти оғои Фурӯғӣ, то ҳол дар Тоҷикистон омори дақиқ дар бораи ҳолатҳои шиканҷа нисбати шаҳрвандони маҳкум ё боздошташуда расман эълон нашудааст, ҳарчанд, ки далелҳое ҳастанд, ки аз ҳолатҳои вахим будани вазъ хабар медиҳанд.