"Оё дар Тоҷикистон чизе истеҳсол мешавад?" ВИДЕО

"Оё дар Тоҷикистон чизе истеҳсол мешавад?" Рӯзи 4 май қисми зиёде аз меҳмонони намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ маҳз ба хотири пайдо кардани посух ба ин суол ба “Кохи Борбад”-и Душанбе омада буданд. Дар ин рӯз беш аз 30 ширкати истеҳсолии Тоҷикистон молу хадамоти худро барои муштариёни тоҷик ва хориҷӣ ба намоиш гузоштанд. Созмондиҳандагон мегӯянд, яке аз ҳадафҳои ин намоиш маҳз аз миён бурдани “як тасаввури ғалат аст, ки дар Тоҷикистон чизе истеҳсол намешавад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

На ҳама бо табъи болида берун мешуданд

Ҳадаф - ёрӣ ба Made in Tajikistan

Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти тавлидӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки мизони воридоти маҳсулот назар ба содироташ се баробар бештар буда, 50 дар сади ғизои бозорҳои кишварро моли воридотӣ ташкил медиҳад. Шаҳноза Ҳамдамова, раҳбари ширкати “Тайрон” ва яке аз масъулони баргузории намоишгоҳ гуфт, ҳадафи онҳо кумак ба ширкатҳои ватанӣ аст.

Шаҳноза Ҳамдамова

Тоҷикистон дар як соли гузаштаи 2016 ба ҳисоби 3 миллиарду 30 миллион доллар аз хориҷа мол харидорӣ карда, танҳо ба 898 миллион доллар ба берун мол сордир кардааст. Яъне, воридот аз содират се баробар бештар аст.

Масъулони намоишгоҳ мегӯянд, муаррифии молу маҳсулот аз сӯи дигар як навъ озмуни ҳунарҳои ширкатҳои ватанӣ низ ҳаст. Чун дар асоси баҳогузорӣ муштариён ба беҳтарин истеҳсолкунадаҳо ҷоизаи "Тамғаи писандидаи Тоҷикистон" тақдим хоҳанд кард.

Дар намоиши мазкур беш аз ҳама ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ дӯконҳои худро боз карда буданд. Мушоҳида мешавад, солҳои охир ширкатҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон тадриҷан эътимоди муштариёнро ба даст оварда, ҷои маҳсулоти хориҷаро танг мекунанд. Чун дар панҷ соли пеш рафҳои дӯконҳои хӯрокворӣ моломоли маҳсулоте ба мисли қаймоқҳои эронӣ ва маскаву ҷурғоти истеҳсоли ширкатҳои Русия буданд ва табъан муштариён низ аз он бештар мехариданд.

Сифати маҳсулоти ватанӣ боло рафтааст?

Аммо ҳамсӯҳбатони мо аз қабили ширкатдорони ин намоишгоҳ гуфтанд, ки маҳсулоти ширӣ, ба мисли қаймоқу маска, панир ва ҷурғотро ҳоло онҳо аз ширкатҳои ватанӣ харидорӣ мекунанд. Нурия Холиқова, яке аз ширкатдорони ин намоишгоҳ, ки бо халтаи пур аз хӯрокворӣ аз ин намоишгоҳ берун мешуд, гуфт: “Ҳоло сифати маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ хеле боло рафтааст. Ман, масалан, ҳасибу панир ва маҳсулоти ширии ширкатҳои ватаниро мехарам.”

Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар Тоҷикистон соли чаҳорум аст, ки доир мешавад ва сол то сол шумораи хоҳишмандони ширкат дар ин намоишгоҳ сол ба сол меафзояд ва аз 50 ширкат дар соли аввал то 250 адад расидааст.

Қадаме ба таъмини амнияти озуқаворӣ?

Зимнан, ширкатҳое, ки дар ин намоишгоҳ иштирок доштанд, собиқаи чандоне надоранд. Аксар ширкатҳои иштирокдор 2 ё 3 сол қабл таъсис ёфтаанд. Аммо моликони ин ширкатҳо мегӯянд, аллакай дар ин муддат дар сартосари қаламрави кишвар муштариёни худро пайдо кардаанд ва талош доранд ба хориҷа маҳсулоти худро содир кунанд.

Рустам Ҳайдаров, масъули ширкати “Дастархон”, ки беш аз 30 намуд ҳасиб истеҳсол мекунад, гуфт, “маҳсулоти мо қариб дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ харидори худро ёфтааст. Ҳоло кӯшиш дорем, ки харидорони маҳсулотамонро дар хориҷ аз кишвар низ пайдо кунем”.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз се ҳадафи стратегии интихобкардаи Тоҷикистон то соли 2030 аст. Аммо ҳанӯз ҳам тақрибан нисфи маҳсулоти озуқаи Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар барномаи стратегии хеш то соли 2030 низ таъмини амнияти озуқавориро аз авлавиятҳои хеш қарор додааст. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, аз нигоҳи амнияти ғизоии кишвар воридоти маводи ғизоӣ набояд аз 25 дар сад бештар бошад.

"Ширкатҳо аз тафтиши зиёд азоб мекашанд"

Нуралӣ Солеҳов, менеҷери таҷрибадори тоҷик, ки солҳо раҳбарии ширкати истеҳсоли маводи ғизоро дошт, мегӯяд, зарфиятҳои истеҳсоли кишвар ҳанӯз зиёданд, аммо чанд монеа ба рушди соҳа халал эҷод мекунанд.

Ӯ гуфт, “дар Тоҷикистон беш аз ҳама ширкатҳо аз тафтиши зиёди мақомот азоб мекашанд. Нисбат ба соҳаи истеҳсоли ғизо тафтишот боз бештар аст. Шуруъ аз хадамоти оташхомӯшкунӣ, то беҳдоштӣ. Дувум, барои рушди ширкатҳои истеҳсоли ғизо давлат бояд қарзҳои имтиёзнок пешниҳод кунад, чунки бо фоизҳои кунунии бонкҳо рушди корхонаҳо душвор аст.”

Воридот аз содирот бештар?

Бо вуҷуди ҳузур пайдо кардани ширкатҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бахши аъзами молу маҳсулоти ниёзи хешро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Як назар ба омори содироту ворид кофист, ки то чӣ ҳад вобаста будани кишвар аз маҳсулоти хориҷа бармало шавад. Тоҷикистон дар як соли гузаштаи 2016 ба ҳисоби 3 миллиарду 30 миллион доллар аз хориҷа мол харидорӣ карда, танҳо ба 898 миллион доллар ба берун мол содир кардааст. Яъне, воридот аз содират се баробар бештар аст.