Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми поини Тоҷикистон дар Шохиси рушди инсонӣ. САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар шохис ё индекси нави рушди инсонии Созмони Милал дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин ҷой гирифтааст. Ин шохис бар асоси маълумот дар бораи сатҳи зиндагӣ, ҷойи кори муносиб, дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ, мизони фақр ва Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) таҳия гардидааст.

Мақоми поини Тоҷикистон дар рушди инсонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:06 0:00
Линки мустақим

Зиндагии душвор дорем. Ғизои асосӣ нону чой аст. Бачаам корро тамом карда биёяд, ба хона бозорӣ мекунад. Асосан нон, пиёзу картошка ва равған мехарем.
Валамат Иброҳимова, сокини пойтахт

Бино ба иттилои Сандуқи Байналмилалии Пул, дар соли гузашта Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар аҳолии Тоҷикистон ба 2 ҳазору 982 доллар баробар будааст. Дар ҳоле ки ин рақам дар Русия 25 ҳазору 185, дар Қазоқистон 24 ҳазору 176 ва Туркманистон 17 ҳазору 72 долларро ташкил додааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Қирғизистон низ ба сари ҳар аҳолӣ нисбат ба Тоҷикистон 1000 доллар бештар будааст.

Мизони фақр дар Тоҷикистон ҳанӯз болост

Валамат Иброҳимова – сокини 62-солаи Душанбе – бо панҷ фарзанду 15 набера дар ду хонаи кӯчаки гилӣ дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар хонавода танҳо ду нафар – писари калонӣ ва худи ӯ кор карда, зиндагиро пеш мебаранд. Ду писару ду духтараш наметавонанд, ки барои худ коре бо маоши муносиб пайдо кунанд. “Зиндагии душвор дорем. Ғизои асосӣ нону чой аст. Бачаам корро тамом карда биёяд, ба хона бозорӣ мекунад. Асосан нон, пиёзу картошка ва равған мехарем”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Валамат Иброҳимова, зиндагии бештари ҳамсояҳояш низ вазнин буда ва аз бекориву камбағалӣ ранҷ мебаранд. Вай мегӯяд, ду-се сол пеш ҷавонон ба Русия рафта, ба хонаводаҳои худ пул мефиристоданд ва зиндагии онҳо нисбат ба ҳозира хеле беҳтар буд.

Зиндагӣ бо 2,2 доллар

Шаҳрвандони Тоҷикистон паси дари намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе
Шаҳрвандони Тоҷикистон паси дари намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Душанбе

Зоҳир, як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, низ гуфт, ки зиндагӣ дар деҳот дар муқоиса ба шаҳрҳо душвортар аст. Ба гуфтаи вай, дар ду соли ахир танҳо дар деҳаи Ашт ҳудуди 100 нафар ҷавон аз Русия ихроҷ шуда ва дар муддати 5 сол онҳо наметавонанд вориди ин кишвар шаванд. “Дар инҷо корхонаҳои саноатӣ мавҷуд набуда ва бо корҳои мавсимии кишоварзӣ ниёзҳои рӯзгорро бароварда кардан мушкил аст”, - гуфт ӯ.

Бар асоси маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, мизони фақр дар соли гузашта 32 дарсадро ташкил дода ва онҳо рӯзе бо 2 доллар зиндагӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ то охири соли 2016 дар Тоҷикистон ҳар нафари севум бо камтар аз 2,2 доллар ба сар бурдаанд. Мизони фақр дар соли 2000 дар кишвар беш аз 70 дарсадро ташкил медод.

"Мақомот медонанд"

Оҷонсии омор мегӯяд, соли гузашта сабади истеъмолӣ барои ҳар сокини Тоҷикистон дар як моҳ ба 435 сомонӣ ё 55 доллар баробар будааст. Орд, равған ва шакар аз маҳсулоти аслӣ дар ин сабади истеъмолӣ ҳисоб меёбад. Феълан нархи як халта орди 50 килограмма то 160 сомонӣ ва 1 литр равғани растанӣ аз 8 то 12 сомонӣ аст.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки ҳукумат вуҷуди ин мушкилотро эътироф карда ва дар Барномаҳои стратегии худ барои ислоҳи онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Собир Вазиров, иқтисоддони мустақил рӯзи 23 март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 боло бурдани сатҳи ММД барои сари ҳар нафар, таъмини зиндагии муносиб, ҳалли мушкили кор, дастрасӣ ба оби софи ошомиданӣ ва то 22 дарсад поин бурдани сатҳи камбизоатӣ дарҷ шудааст.

Ӯ гуфт, “дар инҷо раҳоӣ аз вобастагии пули интиқолии муҳоҷирон низ матраҳ аст, ки аз соли 2014 то ба ҳол пайваста коҳиш меёбанд. Бояд бахши кишоварзиву саноат рушд дода шуда ва фазои сармоягузорӣ беҳтар шаванд. Талош мешавад, то омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон камтар шавад”.

Чӣ гуна ба ҳадафҳои стратегӣ мерасем?

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, барои бароварда сохтани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон 118 миллиард доллари амрикоӣ лозим буда ва маълум нест, ҳукумати Тоҷикистон ин гуна маблағи ҳангуфтеро аз кадом сарчашмаҳо дарёфт хоҳад кард. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, ки наздики 94 дарсади ин сармояи ҳангуфт ба таври баробар аз ҳисоби маблағҳои будҷа давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин шуда, танҳо 6 дарсадашро аз созмонҳои байналмилалӣ ваё “шарикони рушд”-и Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард.

Мақомот ҳадафҳои аз назари аввал баландпарвозонаи нави ҳукуматро бо стратегияи пешинаи рушди миллӣ муқоиса мекунанд, ки нӯҳ сол ва то охири соли 2014-ро дар бар мегирифт. Ин барнома бо сармояи 127 миллиардсомонии буҷети кишвар ва кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ ба хотири ҳадафи поён бурдани мизони фақр равона шуд ва, ба қавли ӯ, воқеан ҳам натиҷа дод. Аз рӯи ҳисобҳои расмӣ, сатҳи камбизоатӣ аз 53 то 31 дарсад поин оварда шуд.

XS
SM
MD
LG