Мақомоти додситонии вилояти Суғд аз марги беш аз 240 тифли то яксола дар се моҳи аввали имсол ҷиддан нигаронӣ карда ва ин вазъро “паёмади камбуд дар кори пизишкон” донистанд. Масъулони додситонӣ рӯзи 3 май гуфтанд, ки дар ин давра се зан низ ҳангоми ҳомиладорӣ ё таваллуд фавтидаанд.
Ҳарчанд намояндагони додситонӣ гуфтанд, ки марги модару кӯдак дар ин давра назар ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, аммо ҳамоно дар сатҳи баланд ва ташвишовар боқӣ мондааст.
Аз дари таваллудхона даромадан замон мегӯянд, ки бояд ба хазина чандсад сомонӣ супоред. Баъд бо талаби духтурон харидани доруву дармону сӯзану... дока сар мешавад.
Фирдавс Ҳусейнзода, масъули шуъбаи назорати умумии додситонии Суғд, аз тақдири З.Турсунова, як сокини ноҳияи Панҷакент, ёдоварӣ кард, ки рӯзи 9 январи имсол дар таваллудхона бистарӣ шуда, аз хунравии зиёд ҷон додааст.
Ҳусейнзода мегӯяд, "Турсунова дар давраи ҳомиладорӣ мубталои бемории варами пой ва камхунӣ будааст. Вале табиби маркази саломатӣ ӯро дар ҳафтаи 22-юми ҳомиладорӣ ба қайд гирифтааст. Агар ӯро саривақт сабт ва бемориҳои ӯро муайян намуда, сақти ҳамл мекарданд, мумкин буд, аз марги ӯ пешгирӣ мешуд."
Пизишкон дар навбати худ мегӯянд, камбуди бархе модарон низ ҳаст, ки бидуни назорати тиббӣ давраи ҳомиладорӣ ва таваллудро дар хона мегузаронанд. Гулрабо Собирова, як масъули маркази саломатӣ дар ноҳияи Ашт, мегӯяд, гоҳе табибон занонро бо зорӣ аз хона ба таваллудхона мебаранд. Ба қавли ӯ, “онҳо гумон мекунанд, як дафъа, ки дар хона бе осеби ҷиддӣ таваллуд кардӣ, дафъаи дигар ҳам ҳамин хел мешавад. Аммо на ҳама вақт кӯза сиҳат ба лаби об рафта, сиҳат бармегардад.”
Дар гузашта марги чанд зан ҳангоми таваллуд дар Суғду Бадахшон ва минтақаҳои дигари кишвар вокунишҳои тундро ба бор оварда буд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз занон вуҷуди ришват ё қонунҳои нонавишта дар бемористону таваллудхонаҳоро боиси дилмонда шудани занони ҳомила, ба хусус аз хонаводаҳои нодор медонанд.
Яке аз ҳамсуҳбатони мо бидуни бурдани номаш гуфт, “аз дари таваллудхона даромадан замон мегӯянд, ки бояд ба хазина чандсад сомонӣ супоред. Баъд бо талаби духтурон харидани доруву дармону сӯзану докаву дастпӯшак ... сар мешавад. Вақти аз таваллудхона рафтани модару кӯдак низ ҳар кадом барои кори худ ҳақ талаб мекунанд.”
Додситонии Суғд мегӯяд, дар тӯли як солу се моҳи охир алайҳи табибоне, ки корашон боис ба марги модар ё кӯдаки навзод шудааст, 9 парванда боз кардаанд. Онҳо мегӯянд, дар ин давра ҳашт парвандаи дигар барои гирифтани ришва ё тамаъҷӯии табибон боз шудааст.
Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд гуфт, сабти ном, назорат ва табобати занони ҳомила ва шароити таваллудхонаҳову хадамоти тиббӣ беҳбуд мехоҳад. Вай гуфт, ки чораҳое барои ислоҳи вазъ андешида хоҳад шуд.
Маъмулан мақомоти тиб ҳамин гуна вокуниш нишон медиҳанд, вале вазъ бисёр ба кундӣ тағйир мекунад. Дар гузашта низ марги чанд зан ҳангоми таваллуд дар Суғду Бадахшон ва минтақаҳои дигари кишвар вокунишҳоро ба бор оварда буд, вале зоҳиран натавонист ба ин рухдод нуқта гузорад.
Бино ба омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон аз ҳар 100 ҳазор модар дар сол 65 нафар ва аз ҳар 100 000 кӯдаки то 5-сола 43 тифл ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Ин сабаб ҳам зикр гаштааст, ки барои фавти занон ҳангоми таваллуд ва беморони дигар бар асари хатои пизишкон тақрибан касе ҷазо намегирад ва биноан вазъ ҳам дар ин ришта тағйир намекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад