Як ҳайат аз вазорати тандурустии Тоҷикистон барои баррасии шикоятҳо аз хатои пизишкони зоишгоҳи шаҳри Хоруғ ба маркази маъмурии вилояти Бадахшон сафар кардааст.
Сафари ҳайати махсуси вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳти сарварии Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ва модару кӯдаки ин вазорат ба Хоруғ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки фавти як модари ҷавон ҳангоми таваллуд шабакаҳои иҷтимоиро такон додаву рӯзи 14 июл наздикони ин зан ва беш аз 10 нафар ҷабрдидаи дигар дар назди додситонии шаҳри Хоруғ ҷамъ омада ҷазои пизишк Зарина Қурбонмаҳмадоваро талаб кардаанд.
Масъулони раёсати тандурустӣ дар Вилояти Бадахшон рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, модари ҷавон Мумтоз Ширинбековаи 26-сола рӯзи 8 июл дар пайи ҷарроҳӣ ва хунравии зиёд фавтидааст.
Нуралӣ Додалиев, муовини сардори ин идора гуфт, ин қазия таҳти тафтиш қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, «албатта, ягон духтур намехоҳад, ки ин корро кунад, аммо чунин ҳодисаҳо мешаванд. Ин духтарро аҳволаш бад шудааст, ҷарроҳӣ карданд, баъд аз ин вай перитонит ва хунрав шуда, фавтидааст. Аз худи Душанбе ҳам як ҷарроҳ ин ҷо буд. Аммо, мутаассифона, имкон нашуд, ки модарро наҷот диҳанд.»
Марги Мумтоз Ширинбекова сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда, ҳоло аксҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбуку Одноклассники мечарханд, ба як рамзи қурбонии иштибоҳи духтурон табдил ёфтааст. Мумтоз ҳамагӣ соле қабл оиладор шуда, интизори ба дунё омадани нахустин фарзанди худ буд.
Наздикони Мумтоз, ки ҳоло ягона нишона аз ӯ - духтари навзодаш - ҳамроҳи онҳост, дар фавти ӯ табибони зоишгоҳро айбдор мекунанд ва мегӯянд, дар натиҷаи иштибоҳи пизишкон ҳангоми ҷарроҳӣ ё «кесарево сечение» рӯдаи ӯ сӯрох шудааст. Ҳоло онҳо барои пажӯҳиши ҳодиса расман ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.
Эҳсон Шогунов -- шавҳари Мумтоз мегӯяд: «Шоми 24 июн дардаш сар шуд, беморхона бурдем. Зарина Қурбонмаҳмадова навбатдор буд ва ӯро қабул кард. Рӯзи 25 июн ӯро ба утоқи таваллуд буданд. То соати 4 таваллуд карда натавонист. Гуфтанд ки ҷарроҳӣ мекунем. Баъди 20 дақиқа Зарина баромад ва гуфт, ҳама хуб аст ва рӯзи дигар ӯ пурра ба по мехезад. Мо ҳама хушҳол ба хона рафтем. Баъди чанде ба мо занг заданд ва гуфтанд, ки хун даркор, ман таваллудхона омадам ва донор ёфта, хун гузарондем. Як муддат ҳолаш хуб шуд, вале бегоҳ боз бад шуд. Зарина ҳама табибонро даъват кард ва ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Мо боз хун кофтем. Баъдтар ба мо гуфтанд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ рӯдаи ӯро захмӣ кардаанд. Ҳамин тавр, ҷарроҳии сеюму чорум шуд. Дар рӯзи охирин ҷарроҳӣ Мумтоз даргузашт.»
Марги фоҷиаваии Мумтоз Ширинбекова ҷабрдидаҳои дигарро ҳам ба по хезондааст. Онҳо, ки аз 10 нафар бештаранд, низ аз додситонии шаҳри Хоруғ талаб доранд, то пизишк ба ҷавобгарӣ кашонда шавад. Мақсуд Ғиёсов - холабачаи Мумтоз мегӯяд, аксари ин шоҳидон ё ҷабрдидаҳо ҳам аз он шикоят мекарданд, ки иштибоҳи духтурон боиси марги наздикони онҳо шудааст. «Шоҳидон бисёр ҳастанд, ҷабрдидаҳо ҳам. Мегӯянд, бо иштибоҳи табиб чанд чунин ходисаи дигар ҳам будааст. Хоруғ шаҳри хурд аст ва Мумтозро, ки ҳам овозхон буду ҳам дар ороишгоҳ кор мекард, бисёриҳо мешинохтанд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон шуданд.»
Талошҳои мо барои пайдо кардани худи Зарина Қурбонмаҳмадова натиҷа надод. Бино ба иттилои хонаводаи марҳум Мумтоз, ҳоло ин табиб қисман аз кор озод шудааст, аммо кормандони раёсати тандурустии Бадахшон мегӯянд, баъд аз ин иддаоҳо Зарина худ аризаи дода, аз кор рафтанӣ аст.
Аммо Писта Гадомаҳмадова, мудири бахши зоиши бехавф ва танзими оилаи шӯъбаи тандурустӣ дар ҳукумати вилояти Бадахшон мегӯяд, Зарина Қурбонмаҳмадова таҷрибаи қариб 30-солаи пизишкӣ ва доягӣ дорад ва амалиёти зиёде ҳам гузаронидааст, ки аксаран бомуваффақият анҷом ёфтаанд: «Зарина духтури дараҷаи олӣ аст, 29 сол собиқаи корӣ дорад, ҳозир бисёр гапҳо дар ин бора мезананд. Ин масъаларо бояд мақомот дақиқ кунанд, на мо ва на онҳо.»
Марги Мумтоз таваҷҷӯҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба он ҷалб кард, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд сатҳи фавти модару кӯдак дар Тоҷикистон коҳиш намеёбад. Як сабабро, агар дар омодагии нокофии ҳирфаии пизишкон бинанд, бархе ҳам мегӯянд, ба хотири маблағ саросар ҷарроҳии маъруф ба «кесарево сечение» кардани занони обистан ҳангоми таваллуд хатари маргумири онҳоро бештар мекунад. Бино бар омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон аз ҳар 100 000 модар дар сол 65 нафар ва аз ҳар 100 000 кӯдаки то 5-сола 43 тифл ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Ин сабаб ҳам зикр гаштааст, ки барои фавти занон ҳангоми таваллуд ва беморони дигар бар асари хатои пизишкон тақрибан касе ҷазо намегирад ва биноан вазъ ҳам дар ин ришта тағйир намекунад.