Зану шавҳари тоҷик Аслигул ва Парвиз Шарифовҳо моҳи феврали соли ҷорӣ бо амри тақдир дар шаҳри Хлебниковои назди Маскав соҳиби нахустфарзанд шуданд ва ӯро Азамат ном ниҳоданд. Вале дар думоҳагии Азамат пулиси рус онҳоро аз тифлашон ҷудо кард.
Аслигул Шарифова, сокини деҳаи Аппони ноҳияи Ашт рӯзи 4-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса 20-уми апрели соли равон рух дод: “Ман кӯдакамро ба дасти шавҳарам дода, мағоза даромадам. Омадам, ки милисаҳо шавҳарамро дошта бурдаанду 2 мошини "ёрии таъҷилӣ" истодааст ва кӯдакам дар дасти табибҳои рус аст. Илтимосу илтиҷо кардам, ки кӯдакамро гардонда диҳед, ман Тоҷикистон бармегардам. Гуфтанд, ки агар кӯдакат ҳуҷҷат дошта бошад, ба мо нишон деҳ. Ба хонаи иҷораамон барои овардани зодномаи Азамат давидам. Аммо то баргашта омаданам, онҳо кӯдакамро бурдаанд.”
Аслигул Шарифова афзуд, ки баъди ин Азамати думоҳаро дар бемористони шаҳри Хлебниково пайдо кард, аммо ӯро ба модар бозпас надоданд: Онҳо гуфтанд, ки аз ватанат барои худат шиносномаи хориҷӣ гирифта биё, баъд кӯдакатро нишон медиҳем. Аммо ман ин корро карда натавонистам, мегӯяд ӯ.
Пулиси шаҳри Хлебниково алайҳи Парвиз Шарифов бо ҷурми бадрафторӣ нисбат ба ҳамсару кӯдаки худ парванда боз карда, додгоҳ ӯро барои 6 моҳ ба зиндон фиристодааст. Пулиси рус гуфтааст, Азамат дар зоишгоҳи Хлебниково бо осеби мағзи сар таваллуд шуда, зиёд гиря мекард ва гӯё ҳамсояҳо аз гиряи кӯдаки тоҷику муноқишаи байни зану шавҳар ба пулис шикоят бурдаанд. Боздошти ин оилаи муҳоҷири кории тоҷик дар пайи ҳамин шикоят сурат гирифтааст.
Аслигул Шарифова мегӯяд, вай ва ҳамсараш баҳори соли 2014 Русия рафта, бо шиносномаи тоҷикӣ мезистанд ва шиносномаи хориҷӣ надоштанд. Вай афзуд, шавҳараш замони боздошт аз шароб сархуш буд. Парвиз дар маркази умдафурӯшии меваю сабзавот кор мекард ва Аслигул то замони таваллуд кӯдакони 2 зани тоҷикро парасторӣ менамуд.
Ҳамин тавр, Азамати 2-моҳа муддати 3 моҳ дар бемористони шаҳри Хлебниково мемонад, баъд ӯро бидуни машварат бо падару модараш барои парасторӣ ба як зани дигари тоҷики сокини Маскав медиҳанд. “Азамат ягон хел бемор набуд. Аммо намедонам ӯро барои чӣ бемор гуфта, 3 моҳ дар беморхона нигоҳ доштанд.” – суол мекунад Аслигул.
Ин модари тоҷик афзуд, табибони беморхона бо дастури пулис тӯли 3 моҳ ягон бор кӯдакашро ба вай нишон надоданд. Вай мегӯяд, аз он ки дар беморхона бо кӯдакаш “ягон кори баде накунанд”, ва аз он, ки ягон узви даруниашро гирифта нафурӯшанд, хеле хавотир буд ва хуни дил мехӯрд.
Уғулой Дадобоева, модари Аслигул, дар кӯдакистони деҳаи Аппони ноҳияи Ашт ба ҳайси мураббӣ кор мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки дар ҷустуҷӯи наберааш Азамат 3-юми сентябр ба шаҳри Маскав сафар кард ва баъди ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ хабари набераи худро аз бахши кӯдаки пулиси Маскав пайдо намуданд.
“Онҳо сурати Азаматҷонро аз компютер нишон доданд. Аммо суроғаашро надоданд, ки рафта бинем. Гуфтанд, ки барои гирифтани кӯдак адвокат бигирем. Ман гуфтам, ки пул надорам. Ба консулгарӣ равон карданд. Ба консулгарӣ, аз он ҷо ба сафорат рафтем. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба ман гуфтанд, ки шумо дигар танҳо нестед. Хавотир нашавед, ёрӣ мерасонем ва набераатонро пайдо мекунем.”
Ҳамин тавр, рӯзи 21-уми сентябр модару духтар билохира Азамати 7-моҳаро, ки 5 моҳ қабл пулиси рус ӯро аз падару модараш ҷудо карда буд, ба даст гирифтанд. Ӯро пулиси рус бидуни таҳияи санад ба Гулнора Орзуева ном зани тоҷик дар Маскав барои парасторӣ дода будааст. Уғулой Дадобоева мегӯяд, онҳо бо наберааш Азамат охири моҳи гузаштаи октябр аз Маскав ба Тоҷикистон баргаштанд. Вале шавҳари Аслигул дар маҳбаси Русия монд:
“Ман ба домодам Парвиз 4 бор хӯрок бурдам, аммо рости гап, надидамаш. Бо вай телефонӣ сӯҳбат кардем ва хабари раҳоии писарашро расонидем, хеле хурсанд шуд. Вай гуфта буд, ки охири октябр ба озодӣ мебарояд, аммо занг назад. Духтарам ҳамроҳи шавҳараш дар Русия азоб кашид, аммо мегӯяд, ки баргашта ба ватан биёяд, боз ҳамроҳаш зиндагӣ мекунад. Дунё ба умед. “
Зайнура Шарифова, раҳбари Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мегӯяд, модаркалони Азамат аз қазияи ӯву сафараш ба Маскав мақомотро огоҳ карда буд. Ба навбати худ хадамоти мазкур низ сафорати кишвар дар Маскавро дар бораи ин ҳодиса дар ҷараён гузоштааст.
Ба гуфтаи хонум Шарифова, то аввали моҳи октябри соли равон ҳудуди 130 ҳазор сокинони Суғд дар муҳоҷирати кории Русия қарор доранд, ки аз он 18.5 ҳазор занон мебошанд. Вай мегӯяд, теъдоди заноне, ки бо атфоли худ ба муҳоҷирати кории Русия рафтаанд, ҳоло маълум нест, вале давоми моҳҳои ноябру декабр инро таҳқиқ хоҳанд кард.
Ин масъули Хадамоти муҳоҷират дар Суғд мегӯяд, ки “ман аз марги Умаралии 5 моҳа дар Санкт - Петербурги Русия хеле ғамгин будам, хайрият, ки Азаматро сиҳат саломат ба дасти модараш баргардониданд.”
Саргузашти ғамангези Азамати ҳоло 8-моҳа ба қазияи Умаралии 5-моҳа монанд аст. Аммо тифли якум баъди моҳҳои ҷудоӣ ба оғӯши модар расида, дуюмӣ баъди як шабонарӯзи ҷудоӣ аз падару модараш ба таври асроромез ба фавтид.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт - Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон - Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5 - моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда, падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.
Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизонҳои Русия гуфт, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштанд набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.
Вале модар ва модаркалони Азамати 8-моҳа мегӯянд, ҳоли вай дар оғуши модар хуб аст. Онҳо Азаматро каме сармохӯрдаву нотоб аз Маскав оварда буданд, аммо баъди чанд рӯзи табобат дар беморхонаи маҳаллӣ вазъаш беҳтар шудааст. Ҳоло вай модарашро шинохта дасту по мезанад ва сӯяш механдад.