Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нилуфар ҳанӯз натавонистааст, ки духтарашро бигирад. ВИДЕО


Нилуфар Мамасаидова бо духтараш Манижа
Нилуфар Мамасаидова бо духтараш Манижа

Нилуфар Мамасаидова, шаҳрванди Узбакистон, мегӯяд, ки ҳанӯз мақомоти Русия духтари яксолаашро ба ӯ барнагардондаанд. Вай талош дорад, аз таваллудхонаи рақами 32-и Маскав ҳарчӣ зудтар ҳуҷҷати ба дунё омадани Манижаро гирифта ва аз ин тариқ барои дубора соҳиб шудан ба духтараш пофишорӣ намояд. Баҳром Исмоилов, ҳомии ҳуқуқ, гуфт, ки "бе ин санад кормандони умури дохилӣ барои баргардондани кӯдак иҷоза нахоҳанд дод."

Ходимони пулис дидаву дониста ва дар ҳузури модари тифл ӯро бесоҳиб сабт кардаанд, ҳарчанд ин рафтор комилан ғайриқонунӣ аст.

Вай афзуд, онҳо рӯзи 7 январ якҷоя бо намояндаи сафорати Узбакистон ва маъмурони пулиси "Кунтсево" талош кардаанд, ки санади таваллуди кӯдакро бигиранд. "Дар таваллудхона гуфтанд, ки санадро хоҳанд дод, вале на барвақттар аз рӯзи 9 январ. Чун сардухтур набудааст", - гуфт ҳомии ҳуқуқ.

"Парвандаи Умаралӣ-2"

Акси Нилуфар бо духтараш
Акси Нилуфар бо духтараш

Беш аз ду ҳафта мешавад, ки духтари яксолаи ин зани узбакро дар бемористони касалиҳои сироятӣ нигоҳ медоранд ва ба модар ҳақ намедиҳанд, то фарзандашро соҳибӣ кунад. Як сол баъд аз марги фоҷиабори тифли тоҷик Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар шаҳри Санкт-Петербург айнан чунин ҳодиса дар шаҳри Маскав такрор мешавад.

Моҳи октябри соли 2015, як рӯз баъди аз дасти модар гирифтани кӯдак дар идораи пулис, Умаралӣ Назаров даргузашт. Табибон ва пулиси рус сабаби марги ин тифли панҷмоҳаи тоҷикро бемории роҳҳои нафас номиданд, вале волидони кӯдак гуфтанд, ки ӯ комилан саломат буд.

Хонаашро дузд зад ва...

Умаралӣ Назаров
Умаралӣ Назаров

Ҳоло Нилуфар Мамасаидова айнан ҳамон азобҳои волидони Умаралиро мекашад. Дар як ҳодисаи рӯзи 23 декабри соли гузашта манзили иҷораи Мамасаидова ғорат шуд ва моликияти ӯ, ҳамроҳ бо санадҳои худу фарзандаш ба яғмо рафт. Ин зан, ки ба ҳайси фаррош дар фурӯшгоҳи “Ашан” кор мекунад, дафъатан ба пулис шикоят кард.

Аммо ходимони пулиси ноҳияи "Кунтсево"-и Маскав рӯзи 25 декабр ба ҷои ҳодиса омада, модару кӯдакро бо иттиҳоми надоштани санад боздошт карданд. Дар идораи пулис мошини Ёрии таъҷилии духтурон кӯдакро ба бемористони амрози сироятии рақами 1-и шаҳри Маскав интиқол дод. Табибон гуфтанд, ки кӯдак бо таби баланд оварда шуд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Полис кӯдаки Нилуфарро гирифта барнамегардонад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Модари тифл – Нилуфар Мамасаидова се рӯз дар боздоштгоҳи муваққат нигоҳдорӣ шуд, чун, ба қавли пулис, соҳиби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти худ ва кӯдакро надошт. Ин ҳолат занро дар дохили боздоштгоҳ дучори бемории илтиҳоби шуш кард.

Баъди чанд рӯз сафорати Узбакистон дар Маскав санади муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти модарро содир кард, вале муроҷиати Мамасаидова ба бемористон бо ҳадафи гирифтани кӯдак бенатиҷа анҷомид. Масъулин гуфтанд, ки ин санад барои соҳибӣ ба кӯдак кофӣ нест ва кӯдак дар идораи пулис ба ҳайси “тифли бесоҳиб” ба қайд гирифта шудааст.

Манижа бо падараш
Манижа бо падараш

Фаъоли ҳуқуқи башар Баҳром Исмоилов талош дорад, ки аз ҳаққи модар дар гирифтани кӯдакаш ҳимоят кунад. Ӯ гуфт, ходимони пулис дидаву дониста ва дар ҳузури модари тифл ӯро бесоҳиб сабт карданд, ҳарчанд ин комилан ғайриқонунӣ буд. Илова ба ин, Нилуфар

Мамасаидова, ки дар Русия комилан қонунӣ зиндагӣ мекунад, ҳеҷ амале, ки хилофи муқаррарот бошад, анҷом надодааст. Ин қазияро, ки мавриди интиқоди зиёд дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, ҳамчун амали бераҳмона, ғайри қобили қабул, нақзи қонун ва ҳам "парванди Умаралӣ-2" маҳкум мекунанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG