Оқсақолов чаро охирин "дастёр"-ашро кушт? САДО

Қутосҳо низ аз сардиҳои имсола эмин намондаанд

Рақам Оқсақолов, сокини рустои дурдасти Рошорви водии Бартанг, охирин дарзаи каҳро ба ягона барзаговаш дод ва рӯзи дигар онро забҳ кард. Оқсоқолов ба ин дастёраш сахт эҳтиёҷ дошт, вале ночор онро кушт, зеро барзагов аз гуруснагӣ мемурд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оқсақолов чаро охирин "дастёраш"-ро кушт?

Зимистони Бадахшон дар муқоиса ба минтақаҳои дигар дарозтар аст ва то панҷ-шаш моҳ тӯл мекашад.

Оқсоқолов мегӯяд, зимистони имсол тӯлонӣ омад ва захираи коҳу алафи хушк то баҳор нарасид. Барзагове, ки акнун пӯсташро барои хушк шудан ба панҷараи ҳавлӣ партофтаанд, ягона василаи шудгори замин дар манотиқи кӯҳдоман аст. Ин деҳқони 46-солаи бадахшонӣ рӯзи 12 апрел бо Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 1 гектар замини кишт дорад. “Чанд ҳамсояи дигари ман ҳам баъди тамом шудани алаф барзаговҳояшонро куштанд. Акнун бояд худам заминро побел кунам, чӣ қадар, ки зӯрам бирасад”, - гуфт Оқсоқолов.

Баъзе аз гӯшаҳои вилояти Бадахшон ҳанӯз барфпӯш аст

Дар бисёре аз рустоҳои кӯҳдомани Тоҷикистон трактор ба кор намеравад ва барзагов ягона василаи ҷуфт кардани замин боқӣ мемонад. Кишоварзони кӯҳистонӣ мегӯянд, агар трактор ба кӯҳ ҳам мебаромад, мардуми кишоварз тавони харид ё иҷораашро надоштанд.

Зимистони Бадахшон дар муқоиса ба минтақаҳои дигар дарозтар аст ва то панҷ-шаш моҳ тӯл мекашад. Ҳаво дар фасли сармо дар онҷо то 30 дараҷа сард мешавад. Мардум ба ғизоҳои дигар, мисли кунҷора ва ғизои омехта (комбикорм), ки хӯроки маъмулии чорвост, дастрасӣ надоранд.

Деҳи Рошорви водии Бартанг дар қисмати шимолу ғарби Бадахшон дар баландии се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, 200 хоҷагӣ ва 1000 нафар аҳолӣ дорад. Ба гуфтаи сокинонаш, ки асосан чорводору кишоварзанд, дар ҳар хоҷагӣ як ду барзагов мавҷуд аст. Замини кишти мардум то 300 гектарро фаро мегирад.

Сокинони вилояти Бадахшон мегӯянд, ки қутосҳо низ аз сармои имсола азият дидаанд

Зарриншо Хӯҷаназаров, сокини 50-солаи водии Бартанг ҳам мегӯяд, ки ғизои чорвояш тамом шудааст. Хӯҷаназаров аслан чорводор нест, вале ба хотири шудгори замин як барзаговро нигоҳубин мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳар сол дар мавсими баҳор барзагови худро бо чорпои ҳамсояаш зери юғ карда, замин ҷуфт мекарданд. “Ҳоло барзагов ончунон лоғар шудааст, ки зоҳиран тавони шудгорро ҳам надорад. Чанд рӯзи дигар ҳаво каме гарм шуда, сабза набарояд, дигар ҳеч илоҷ надорем. Агар худам ҳам онро накушам, боз ҳам аз лоғарӣ мемирад”, - гуфт ӯ.

Ба қавли Хӯҷаназаров, агар ҳамаи барзаговҳо талаф ёбанд, кори деҳқонҳо мушкил мешавад. Онҳо мегӯянд, дар чунин ҳолат аз ҳукумат ё Бунёди Оқохон кумак мепурсанд, ки онҳоро бо “минитрактор” таъмин кунанд.

Афзун бар ин, деҳқонҳои водии Бартанг мегӯянд, бинобар дер об шудани барф кишти зироати онҳо ба таъхир афтодааст. Онҳо мегӯянд, ҳар сол аз оғози моҳи апрел шудгор ва кишти гандумро шурӯъ мекарданд. Зарриншо Хӯҷаназаров мегӯяд, “имсол кишти гандум дер шуд. Агар бикорем ҳам он то тирамоҳ намерасад. Ҳаво фақат ҳамин рӯзҳо камтар гарм шудааст. Танҳо метавонем ҷав бикорем”.

Дар пайи барфбориҳои шадид ва тармафароиҳо водии Бартанг чанд моҳ дар инзиво буд

Водии Бартанг дар пайи барфбориҳои шадид ҳудуди 3 моҳ дар инзиво қарор дошт. Ин вазъият сокинони минтақаро дучори камбуди ғизо карда, мақомот тасмим гирифтанд бо чархбол ба онҷо кумакҳои аввалия бирасонанд. Дар пайи барфбориҳои зиёд дар моҳи феврали имсол гурӯҳе аз донишҷӯён маҷбур шуданд, 127 километр роҳро пиёда тай кунанд.

Рӯзи 12 апрел Малабек Малабеков, раиси ҷамоати Савноби водии Бартанг дар ҳоле ки аз рустои Басид ба самти деҳаи Чадуд ҳаракат мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳ ба сӯи рустоҳои Бартанг боз шудааст. Аммо боз шудани роҳ дарди Рақам Оқсақоловро таскин намебахшад, чун сарвату дастёри бисёр муҳимаш, ки дар кишту гирифтани ҳосил кумак мекард, дигар аз даст рафт.