Гурӯҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон аз ҳукуматҳои кишварҳои минтақа хостаанд, саркӯби ҷомеаи маданиро хотима дода, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром бигузоранд.
Сездаҳ созмони ғайриҳукуматӣ дар баёнияи муштарак аз рӯзи 31-уми март гуфтаанд, ки “аз вазъи ҷомеаи маданӣ дар Осиёи Марказӣ бадтар мешавад” фавқулода нигарон ҳастанд ва мехоҳанд, ба “саркӯби онҳое, ки барои ҳимояти ҳуқуқи инсон, адолат ва риояти меъёрҳои кишвари ҳуқуқбунёд кор мекунанд, хотима дода шавад.”
Баёнияи муштараки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказиро созмони байналмилалии IPHR ва ё Созмони Ҳамкорӣ барои Ҳуқуқи Инсон нашр кард. Ин созмон дар шаҳри Брюссел ҷой гирифтааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин баёния, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақаро алоҳида тасвир карда ва аз ҷумла дар бораи Тоҷикистон гуфтаанд, ки мақомот, бо баҳонаи ҳифзи субот ва амнияти миллӣ, озодии баён ва дигар ҳуқуқи бунёдии мардумро маҳдуд кардаанд ва ин корашон сабаби “танг шудани фаъолияти ҷомеаи маданӣ” шудааст.
Дигар ин ки бо бадтар шудани вазъи иқтисодӣ, баргузории интихоботҳо дар минтақа, ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба танқид ҳассостар шудаанд ва тоби шунидану дидани онҳоеро надоранд, ки ”мехоҳанд, таваҷҷӯҳро ба камбудии сиёсатҳои пешгирифтаи давлат ҷалб кунанд.”
Аз паси онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои интиқодӣ менависанд, ҷосусӣ ва ба онҳо таҳдид мекунанд, ки дар сурати идомаи рафторашон “ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.
Дар баёнияи муштараки ҳомиёни ҳуқуқ он иқдомоти кишварҳои минтақаро нукта ба нукта баршумурдаанд, ки сабаби танг шудани доманаи фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқу ҷомеаи маданӣ ва дар маҷмӯъ ҳуқуқи мардум дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.
Қабули қонунҳои маҳдудкунандаи озодии баёну гирдиҳамоиҳои осоишта, назорати беш аз ҳади созмонҳои ғайриҳукуматӣ, сабт накардани созмонҳои нави мустақилу аҳзоби нави сиёсӣ, бастани созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз он иқдомоте номбар шудаанд, ки ба гуфтаи 13 созмони ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва дохилӣ ҳукуматҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ кардаанд.
Дигар ин ки ба гуфтаи ин созмонҳо, мақомот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдорони демократия ва дигар чеҳраҳои фаъоли ҷомеаро, ки назари интиқодӣ доранд, “беобрӯ мекунанд”. Аз паси онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарҳои интиқодӣ менависанд, ҷосусӣ ва ба онҳо таҳдид мекунанд, ки дар сурати идомаи рафторашон “ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.”
Дар як банди дигари баёния таъқиби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони дифо, журналистонро ҳам зикр кардаанд, ки ба гуфтаи муаллифони баёния “бардӯрӯғ ба ифротгароӣ ва барангехтани адоват” муттаҳам мешаванд.
Тарсонидани ҳомиёни ҳуқуқ, ки аз кишварҳояшон фирор кардаанд ва тарсонидани хешовандону ҳамкорони онҳо дар дохил низ аз амалкарди мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ номида шудааст.
Дар баёнияи муштарак созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркманистон, Узбекистону Қазоқистону Қирғизистон хостаанд, фаъолияти ҷомеаи маданиро барои худ “таҳдид напиндоранд” ва бо андешидани чораҳои мушаххас шароит барои кори онҳоро муносиб кунанд.
Дар муроҷиатнома ҳомиёни ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷомеаи байналмилал хостанд, аз ин ба баъд ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар минтақа ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ кӯмак кунанд ва кӯшиш кунанд, то онҳое, ки ноодилона зиндонӣ шудаанд, озод карда шаванд. Аз ҷомеаи байналмилал ҳамчунин хоста шудааст, ки мусоидат намоянд, то қонунҳои маҳдудкунандаи озодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беэътибор карда шавад ва барои беҳтар шудани вазъи озодии баён ва фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа ислоҳоти фарогир анҷом бигирад.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш вокунише нишон надодаанд, вале пайваста мегӯянд, ки дар кишвар ба ҳуқуқи мардумм эҳтиром мегузоранд ва агар вакили дифое, ё фаъоли шаҳрвандӣ ва ё журналисте ҷазо гирифта бошад, пас барои ҷиноятҳое ҷазо гирифтааст, ки ба фаъолияташон иртибот надорад. Иддаое, ки ҳомиёни ҳуқуқ рад мекунанд.