Вакили дифое, ки то оғози моҳи январи имсол аз ҳуқуқи адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, баъд аз се моҳи бехабарӣ аз худ дарак дод. Муаззама Қодирова мегӯяд, ки маҷбур шудааст аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад ва далели ин ҳам, ба қавли ӯ, фишор дар робита бо парвандаи Ёров будааст.
Муаззама Қодирова, вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд, ки се моҳ боз берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи 29 март дар сӯҳбати телефонӣ аз Олмон ба Радиои Озодӣ сабабҳои аз ҳимояи Бузургмеҳр Ёров даст кашиданашро шарҳ дод. Вай гуфт, “таҳти фишор маҷбур шудааст” аз ҳимояи Ёров даст кашад ва тавассути шаҳри Маскав ба Аврупо парвоз кунад.
"Ҳамааш ба ҳодисаи рӯзи 5 январ бармегардад. Он рӯз бояд бо нафари таҳти ҳимоятам дар дохили боздоштгоҳи муваққат сӯҳбат мекардем. Ҳангоми тафтиши сумкаам диктофонро гирифтанд. Додгоҳ барои ман иҷозати доштани диктофонро дар ҷараёни ҳимояи ҳуқуқи Ёров дода буд, вале намояндагони тафтишот ин дастгоҳи сабти садоро мусодира карданд. Баъдан гуфта шуд, ки ҳамаи хабару муқолаҳое, ки аз оғози боз кардани парвандаи гражданӣ ва ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар матбуот нашр шудаанд, аз роҳи ҳамин диктофон сабт шуда дар берун пахш шудааст", - гуфт ӯ.
Қодирова афзуд, дар пахши маълумот оид ба зерҳимояаш даст надорад, вале фишор баъди гирифтани диктофон болои ӯ зиёд шудааст. Вай гуфт, ки барояш гуфта шудааст, нисбат ба ӯ ҳам санад омода мешавад ва худи ӯ метавонад дастгир шавад. “Ман ночор Тоҷикистонро тарк кардам”, - гуфт Муаззама Қодирова.
Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи дигар имкон надорад ва мақомот ҳам вуҷуди фишор болои вакили дифоъро рад мекунанд. Моҳи январи имсол додгоҳи Душанбе ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи вакили дифои Ёров гуфта буд, “чанд рӯз аст, ки ӯ ба ҷаласаҳои додгоҳ ҳозир намешавад ва дар куҷо будани ӯ ба онҳо маълум нест”.
Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 нахуст барои тақаллуб боздошт шуд ва баъдан ӯро дар “кӯшиши тағйири сохти конститутсионӣ”, “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ” гунаҳкор карданд. Дар пайи ҳукми додгоҳи дувум Ёров дар маҷмӯъ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Худи ӯву тарафдоронаш ва ҳам созмонҳои ҳуқуқи башар ҳукми ӯро “сиёсӣ” меноманд.
Аз ҷумла, созмонҳое ба мисли Афви Байналмилал ва Ҳюман Райтс Вотч мегӯянд, Бузургмеҳр Ёров баъди он боздошт шуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудаҳои аъзои раёсати ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ изҳори омодагӣ кард. Вале мақомот, аз ҷумла, масъулони Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Бузургмеҳр Ёров ҳимоят карда гуфтаанд, ки дар ҷараёни муҳокимаҳо гуноҳҳои ин шахс тасдиқи худро пайдо кард ва ҳуқуқи ӯ нақз нашудааст.