Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, ки 7 корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар ноҳияҳои Бохтару Конибодом, Рӯшон ва Қӯрғонтеппа ба иттиҳоми истифодаи нодурусти пули буҷа аз вазифаҳояшон барканор шудаанд. Маҳмадалӣ Самиев, сараудитори Палатаи ҳисоб, рӯзи 3 феврал дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "тақрибан дусад шахси масъул низ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд." Аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар сохторҳои давлатӣ беш аз 500 санҷиш гузаронда ва беш аз 220 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кардаанд.
Тафсилоти бештарро дар инҷо гӯш кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мо 13 маводи ҳосилшуда дар пайи санҷишҳоро ба маблағи 1 миллиону 132 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ба сохторҳои қудратӣ ирсол кардем.
Радиои Озодӣ: Ин афрод маблағҳои буҷаро чӣ гуна нодуруст истифода кардаанд?
Маҳмадалӣ Самиев: "Ба унвони мисол, дар ноҳияи Бохтар камбудҳо дар истифодаи маблағҳои буҷа дар робита ба беҳдошти замин ва обёрӣ буданд. Ҳамчунин, дар хоҷагии манзиливу коммуналии ин ноҳия чаҳор нафар барои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷа аз вазифаҳои худ барканор гардиданд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Қӯрғонтеппа чӣ?
Маҳмадалӣ Самиев: "Дар ноҳияи Рӯшон як нафар ба сабаби роҳ додан ба камбудҳои молӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Дар ин робита қарори раиси ноҳия низ пешниҳод шудааст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як нафар барои истифодаи нодурусти маблағҳои зерҳисобӣ, яъне пулҳое, ки барои харидории молу маҳсулот ҷудо карда мешавад, аз вазифааш барканор шуд. Мо 13 маводи ҳосилшуда дар пайи санҷишҳоро ба маблағи 1 миллиону 132 ҳазор сомонӣ барои баррасӣ ба сохторҳои қудратӣ ирсол кардем. Ба ҷуз аз ноҳияҳое, ки номбар кардам, як мавод ба фаъолияти мақомоти ноҳияи Сарбанд ва шаҳри Ҳисор низ иртибот дорад.”
Радиои Озодӣ: Аммо дар нишасти хабарӣ раҳбарияти Палатаи ҳисоб эълон карданд, ки истифодаи ғайримақсадноки пулҳои буҷа ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Ин маблағ аз чӣ ҳисоб бароварда шудааст?
Маҳмадалӣ Самиев: “Дар резаахбори мо маблағи 224 миллион сомонӣ оварда шудааст. Ин рақам ба натиҷаи фаъолияти ҳамаи шаш раёсати Палатаи ҳисоб иртибот дорад. Аммо дар робита ба буҷаи мақомоти маҳаллӣ мо танҳо 13 мавод таҳия кардаем ва натиҷаҳо ҳамонест, ки гуфтам. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бар асоси нақшаи корӣ 13 санҷиши сарфи маблағҳои буҷа дар шаҳру навоҳии кишварро анҷом дод. Дар ин раванд 319 корхонаву муассиса мавриди санҷиш қарор дода шуданд.”