Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни баррасии мавзӯи истифодаи маблағҳои буҷа гуфт, мақомоти масъул то моҳи сентябри имсол 1 ҳазору 41 тафтиши молиявӣ анҷом дода ва ба маблағи 208 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардаанд:
«дар натиҷаи санҷиши маълум гардида, ки дар бархе аз вазоарту идораҳо як қатор камбудиҳо аз ҷумла изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ, камомад ва тасаруффи молу маводҳои арзишнок ошкор карда шуд. Аз ҷумла дар натиҷаи тафтишоти молиявӣ зарари молии вазорати обу мелориатсия 2 миллиону 649 ҳазор сомонӣ , вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои зертобеи он 2 миллиону 600 ҳазор ва агентии таъминоти амволи махусусӣ ба маблағи 1 миллиону 977 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд.»
Ба гуфтаи Сафаралӣ Раҷабов барои ингуна қонуншиканиҳо, масрафи ғайриҳадафмандонаи пули давлат, тақрибан 1200 кормандони ниҳодҳои мухталифро ҷазои маъмурӣ дода ва 45 нафари дигарро аз кор рондаанд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон ҳам гуфт, ки дар ин муддат 55 корманди бахши молия дар кишвар муҷозот ва 12 нафар аз кор озод шуданд. Вале вазири молия бештар дар бораи харҷу дахли буҷаи давлатии Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, ки барои баланд бардоштани музди соҳаҳои буҷавӣ дар ин муддат маблағи 650 миллион сомонӣ сарф шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов ҳамчунин гуфт, «аз ҳисоби фонди захиравии президенти кишвар барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт 240 миллион сомонеи маблағҳои иловагӣ равона карда шудаанд, аз онҳо 75 дар садаш фақат барои соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Маблағгузории ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бурунрафт аз бунбасти коммуникасионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ 2,1 миллирад сомонӣ равона гардидааст, ки нисбати соли гузашта 300 миллион сомонӣ зиёд мебошад.»
Сафаралӣ Наҷмиддинов аз он шикоят кард, ки баъзе аз ширкатҳои бузурги давлатӣ дар пардохтани молиёт оҷизанд ва яке аз онҳо ширкати Барқи Тоҷик аст, ки аз қарздорони бузург боқӣ мемонад. Ба гуфтаи вазир, Барқи Тоҷик тақрибан 354 миллион сомонӣ молиёти нопардохта дорад ва қарзи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 аз 40 миллион сомонӣ ҳам гузаштааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон сабаби афзоиши қарздории ин ширкатҳоро дар муносибати мақомот бо қарздорон мебинад. Вай мегӯяд, агар ба ширкатҳо хотирбинӣ нашавад, кор то ба ин ҳад намерасад:
«Агар дар оянда гузашт карданӣ бошанд на нисбати корхонаҳои давлативу бузург, ки милирд маблағҳо доранду аз ҳисоби буҷаи давлатӣ кор мекунанд, балки дар нисбти мардуми оддӣ ва соҳибкорони хурду миёна гузашт намоед, чун онҳо ба кӯмаку имтиёз ниёзи бештар доранд. Ва ҳамчунин ҳукумат бояд бештра сиёсати ташвиқкунандаро нисбати андозсупорнадгон ба хусус соҳибкорони хуруд миёна истифода кунанд на саркӯбкунандаву фишораваранда.Зеро ин метавонад боиси фирори сармоя ва дилсардии қишрҳои мухталифи аҳолӣ гардад.», гуфт Кабирӣ.
Буҷаи давлатии Тоҷикистон имсол андаке бештар аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, харҷу дахл аз буҷаи давлат дар соли оянда афзуда тақрибан ба 14 миллиард наздик мешавад.