Дар Тоҷикистон бемории илтиҳоби шуш, иқтисоддони ҷавон ва раҳбари як созмони иқтисодии ғайриҳукуматиро 10 рӯз қабл аз 38-солагиаш кушт. Константин Бондаренко, муассис ва мудири Маркази бозори озоди Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ даргузашт ва хабари марги ӯ ҳалқаҳои хабарнигорӣ ва ҳамкоронашро такон дод.
Бисёре аз хабарнигорон Константин Бондаренкоро аз ҷумлаи иқтисоддонҳои ҷавоне номидаанд, ки нотарсона доир ба сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат назарашро ошкор мегуфт. Ӯ яке аз таҳлилгарони камшумори русзабон дар Тоҷикистон буд, ки бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекард.
Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, Константин аз онҳое буд, ки аз гуфтани ҳақиқату воқеият наметарсид ва барои ҳамин зуд обрӯ касб кард ва боварии рӯзноманигоронро ба даст овард.
«Ӯ зимни шарҳ на фақат ба дониш, балки ба далелу намунаҳо такя мекард. Беҳудагӯӣ надошт, муҳтот ва бетараф буд. Бештар мунтақиди ҳукумат буд, чун медид, ки бюрократия ва беҳунарӣ дар ҳукумат иҷоза намедиҳанд, ки ҷомеа пешрафт кунад. «
Созмони ғайриҳукуматии Константин Бондаренко низоми молиётситонӣ, буҷа, моликияти хусусиро таҳқиқ мекард ва шарҳу назарҳои иқтисоддони ҷавонро дар бисёре аз рӯзномаву нашрияҳои Тоҷикистон дидан мумкин буд. Дар гузоришҳои иқтисодии Радиои Озодӣ назарҳои ӯро бисёр пайдо мекунед. Аз ҷумла ин назараш дар бораи непотизм ва ё қавмгароӣ, ки як мушкили ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
“Вақте раҳбар, кормандро бо назардошти садоқат ба кор мегирад ва хешовандон умдатан ба раҳбар содиқанд, дар ин сурат раҳбар василаҳои идораи он фардро аз даст медиҳад. Хеш дар ин ҳолат дар шароити боимтиёзе қарор мегирад ва вафодориву садоқати худро болотар аз натиҷаи кори худ медонад. Барои ӯ муҳим нест, ки ҳосили кораш чӣ аст. Дар ин ҳолат фақат кори ширкат зарар мебинад.”
Мехост, назарашро ба онҳое расонад, ки қарорҳои муҳимро қабул мекунанд.
Хурсанд Хуррамов, аз таҳлилгарони тоҷик, ки дар гузашта хабарнигорӣ ҳам кардааст, ба Радиои Озодӣ навишт, ки даргузашти Константин Бондаренко, як талафоти азим барои ҳалқаҳои коршиносии Тоҷикистон аст.
«Константин ҳамеша барои муколама боз буд ва дар бораи мушкилоти ҷиддии кишвари мо бо назокат сухан мегуфт ва мехост, назарашро ба онҳое расонад, ки қарорҳои муҳимро қабул мекунанд.» -мегӯяд ӯ.
Константин Бондаренко аз тарафдорони гуногунарса кардани иқтисоди Тоҷикистон буд, ки ҳоло фақат пойбанди пули муҳоҷирон, фурӯши алюминий, дигар фулуззоти гаронбаҳо ва пахта аст. Ӯ дар ин хусус ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин шеваи кор, монеи пешрафти иқтисоди кишвар мешавад.
«Мутаассифона, дар зеҳни мансабдорони бисёре аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳамон тасаввури иқтисоди нақшавӣ боқӣ мондааст. Ба қароре меоянд, иқтисодро гуногунсоҳа кунанд ва мегӯянд, азбаски нерӯгоҳ дорем, биёед нерӯи барқ мефурӯшем ва ё биёед, ҷӯроб истеҳсол мекунем. Ин гуногунсозӣ на бар асоси қонун ва талаботи бозор, балки бо хоҳишу дастури мақомот сурат мегирад, ки дуруст нест ва ба бунбаст мерасонад.» - гуфта буд, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Лидия Исамова, хабарнигори дигари тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳлили иқтисодшиноси ҷавонмарги тоҷик аз дигар таҳлилҳо фарқ мекард.
«Ӯ ҳамеша масоили доғи рӯзро таҳлил мекард, назараш тоза буд. Мо бо даргузашти ӯ на танҳо рафиқ, балки як мутахассиси бисёр хубро аз даст додем. – гуфт, Лидия Исамова.
Зебо Тоҷибоева, аз хабаргузории Азия Плюс ҳам ба Радиои Озодӣ навишт, ки Константин Бондаренко фақат хотироти нек дорад ва талафоти иқтисоддони ҷавон, талафоти ҷуброннопазир барои ӯ ва дигар хабарнигорон аст.
Ба гуфтаи дӯстону рафиқонаш, маросими дафни Константин Бондаренко, ки модарашро танҳо гузошт, рӯзи сешанбе 31-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад.