Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Economist”: Дар Тоҷикистон кумакҳо "ба чап" мераванд, вале идома доранд


"The Economist" Тоҷикистонро кишвари "мӯътоди кумакҳо" хонда, иддао мекунад, ки бо вуҷуди харҷи "ғайримақсаднок"-и миллионҳо доллар ёриҳои донорҳои байнулмилалӣ ҳамчунин давом мекунад.

Маҷаллаи маъруфи "The Economist"-и чопи Бритониё дар як матлаб, ки рӯзи 18 июн таҳти унвони "Тоҷикистони мӯътоди кумакҳо" нашр шуд, менависад, бо вуҷуди суистифодаҳо аз ёриҳои хориҷӣ, донорҳо ба ироаи кумакҳо ба Тоҷикистон идома медиҳанд.

"The Economist" менависад, бо он ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ аст, "бо қасрҳои тилокорӣ ва тарҳҳои пурхарҷ – ахиран раиси ин ҷумҳурӣ барои мисол хишти аввали театри 100-миллиондоллариро гузошт – онҳо ба қашшоқ монанд нестанд."

Ба ақидаи муалиф, муқовимати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 сол боз дар сари қудрат қарор дорад ва атрофиёни ӯ ба ҳар навъ шаффофият ва ислоҳот нишон медиҳанд, ки онҳо ҳама чиро дар ҳамин ҳоле ки ҳаст, мондан мехоҳанд. Аммо "бо вуҷуди аломатҳои фасод дар истифодаи ёриҳои хориҷӣ аз сӯи ҳукумат, пул ҳамчунон меояд. Дипломатҳои ғарбӣ иқрор мекунанд, ки ба далели ҳимояти Тоҷикистон аз сиёсати онҳо дар Афғонистон, онҳо ин ҳолатро таҳаммул мекунанд."

"The Economist" бо такя ба асноди дохилии яке аз донорҳои хориҷӣ меафзояд, ин аснод нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди дастрас кардани далелҳо дар бораи эҳтимоли рабуд шудани садҳо миллион доллар аз хазинаи давлатии Тоҷикистон, ин донорҳо бидуни ягон чуну чаро ба кори маъмулии худ дар ин кишвар, яъне ба расондани ёриҳо, идома медиҳанд.

Муаллиф аз раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ёдовар мешавад, ки ба хотири дарёфти кумакҳои бештари байнулмилалӣ захираҳои кишварро назар ба будаш 3 баробар бештар нишон дода буд ва аз ҷумла дар гузоришаш 550 миллион доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакорро зикр накард. Сандуқи байналмилалии пул ин ҷаълкориро дар соли 2007 ошкор кард.

Муродалӣ Алимардон
Муродалӣ Алимардон

Аммо баъди ошкор шудани ин қазия "ҷаноби Алимардон, ки ӯро тоҷикон барои солҳои тӯлонии хидматаш ба Эмомалӣ Раҳмон "Халтаи пул" ("Papa’s Purse") ном мебаранд, ба мақоми муовини сарвазир дар умури кишоварзӣ таъин шуд. Ва Сандуқи байнулмилалии пул боз ҳам қарздиҳиашро аз сар гирифта, дар 3 соли охир ба Тоҷикистон 116 миллион доллари дигар қарз дод."

Маҷаллаи бритониёӣ бо ишора ба таъиноти ахири Муродалӣ Алимардон ба мақоми раиси "Агроинвестбонк" менависад, "фиреб идома дорад." Ҳамин бонк, ба навиштаи муаллиф, ба хоҷагиҳои пахтакор ва корхонаҳои пахтаи марбут ба наздикони худи Муродалӣ Алимардон ба маблағи 120 миллион доллар 37 қарз додааст. Ин қарзҳои дармонда сабаби ба мушкилоти ҷиддии молӣ печидани ин яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон шуд ва дар соли 2012 раисиҷумҳур Раҳмон ҳатто аз Вазорати молия хост, то барои наҷоти "Агроинвестбонк" аз буҷа пул ҷудо кунад.

"The Economist" менависад, "дар моҳи апрел маҳз ҷаноби Алимардон раҳбари "Агроинвестбонк" таъин шуд. Ӯ ба як чолиш рӯбарӯст: ӯҳдадориҳои бонк нисбат ба маблағҳояш ҳудуди 100 миллион доллар бештар аст, ки ин ба суботи тамоми низоми бонкии кишвар таҳдид мекунад. Бархе бонкдорон бар инанд, ки ҷаноби Алимардон барои он ба ин мақом таъин шудааст, ки натиҷаҳои корашро ислоҳ ва ё онҳоро пинҳон кунад."

Муродалӣ Алимардон, бино ба ин матлаб, "то ҳол аз қарзҳои ироашуда ба соҳаи пахтакорӣ ҳимоят мекунад ва мегӯяд, саҳомдорони "Агроинвестбонк" "ба далелҳои ватандӯстона" чунин ташаббус кардаанд ва қарздорон ҳамаи ин пулҳоро то соли 2020 бармегардонанд. Аммо саҳмдорон чунин хушбин нестанд. Бонки аврупоиии бозсохт ва рушд, ки дар соли 2009 чоряки саҳмияҳои “Агроинвестбонк”-ро харида буд, мегӯяд, ин қарзҳо бидуни дар ҷараён гузоштани онҳо ва “таҳти шароити хилофи таҷрубаи бонкдорӣ” ироа шудаанд.”

"Аммо ин донорҳоро, ки ба баррасии дархости навбатии ҳукумат барои пур кардани “холигии буҷа” машғуланд, аз роҳ намегардонад,” – менависад маҷалла. Хусусан дар шароити имрӯза, ки иқтисоди Тоҷикистон таҳти таъсири уфти иқтисодии Русия рӯзҳои сахтеро пушти сар мекунад: “Ин қурби пули сомониро имсол пойин бурд. Даромад аз андоз чунон пойин рафт, ки мақомот аз ширкатҳо пешпардохти андозҳоро талаб доранд.”

Бо вуҷуди чандин моҷарои бархоста бар сари тарзи истифодаи ёриҳои хориҷӣ сели ин ёриҳо ба сӯи Душанбе кам намешавад ва барои мисол, USAID – Оҷонсии кумакҳои байналмилалии Амрико – дар соли гузашта ба Тоҷикистон 25 миллион доллар ёрӣ расонда, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд дар соли равон ба Тоҷикистон ваъдаи 40 миллион доллар кумак кардаанд. Бонки Осиё гуфтааст, моҷарои “Агроинвестбонк” ба тасмимаш таъсире нахоҳад дошт.

Як менеҷери аршади яке аз ниҳодҳои байналмилалии молӣ дар шарҳи ин ҳол ба “The Economist” гуфтааст: “Фаъолияти мо бар асоси ҳамин меъёр арзёбӣ мешавад, ки мо чӣ қадар пулро аз дар мебарорем.”

XS
SM
MD
LG