Додгоҳе дар ҷануби Тоҷикистон дар як қазияи камсобиқа писару модарро барои қатли падари хонавода мутаносибан ба 25 ва 27, дар маҷмӯъ, 52 соли зиндон маҳкум кард. Наздикони маҳкумшудаҳо қазияро ба баҳси хонаводагӣ рабт доданд ва яке аз ҳамсояҳо низ гуфт, "маншаи аслии хушунатҳо рашки шавҳар ба ҳамсар буд".
Ҳамсояи наздики онҳо гуфт, ки маншаи аслии хушунати хонавода рашки шавҳар ба ҳамсар буд.
Ҳамла бо табар
Тобистони имсол аз манзиле дар водии Вахш якбора ду нафар – модару писарро боздошт карданд. Мурофиаи додгоҳие, ки моҳи ҷорӣ анҷом шуд, онҳоро дар қатли падари хонадон гунаҳкор эълон кард. Зубайдулло Маҳмудзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон ва қозии ин парвандаи пурсарусадо, рӯзи 13 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҷараёни таҳқиқ ва баъдан мурофиа собит кард, ки кушторро аз рӯи маслиҳати пешакӣ содир кардаанд". Ба қавли ӯ, Ҳасан Тоштемурови 45-сола, ки давоми солҳои зиёд бо ҳамсару фарзандонаш ҷангу даъвои зиёд доштааст, бо зарби табар кушта шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қазия дар шарҳи додрас
Маҳкумшудаҳо - Қурбонгул Сариеваи 43-сола ва писари бузургаш Ҳомидҷон Тоштемурови 18-сола дар ҷараёни додгоҳ ба гуноҳҳои худ иқрор шудаанд. Онҳо гуфтаанд, аз даъвову моҷароҳои пайваста дар хона хаста шуданд ва муҳити пурхушунати хонавода ва латту кӯби ҳамешагии ҳамсар онҳоро ба ин ҳол овардааст.
Дар нақли ҳодисаи куштор додрас гуфт, як рӯз дар моҳи июн вақте падар аз меҳмонии хешовандонаш дар деҳаи Шоҳ баргашт, дар хона ба ӯ писараш аз пушт бо табар ҳамла кардааст. "Баъди зарба бо табар бо дастони худ гулӯи падарро хафа кардааст. Сипас ҷасади ӯро шабона дар дурии 800 метр аз манзили зисташон зери хок карда, аробаро ба дарё андохтаанд. Ҳодисаи куштори падари хонавода пас аз 36 рӯз ошкор шуд. Ин қатл дар ҳузури 5 кӯдаки ноболиғ сурат гирифтааст", - гуфт Зубайдулло Маҳмудзода.
Рашк, мушкили иқтисодӣ...
Ҳарчанд наздикони хонавода моҷарои ҳодисаро рашк ва мушкили иқтисодӣ ном мебаранд, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Тағоймурод Сариев, бародари Қурбонгул Сариева, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ қатли язнаашро аз ҷониби хоҳари худ ҳодисаи нангин донист, вале гуфт, "иттилои зиёд надорам. Хоҳарамро 25 сол зиндонӣ карданд. Писаронашро ба интернат супурданд, хонаводаашон гум шуд. Хона бесоҳиб монд. Дар суд хоҳарамро дидам, вале чизе нагуфтам, намедонам чӣ бигӯям, ҳайфи кӯдакҳо, ки дар интернат монданд."
Аммо, ба қавли Хоҷамбердбӣ Тоштемуров, бародари Ҳасан Тоштемуров, бародарашро чанд ҳафта кофтанд, вале билохира кормандони пулис ҷасадро аз регзоре пайдо карданд.
"Додарам дар пеши хоҳарбузургам гуфта будааст, ки маро мекушанд. Ман ба апаам гуфтам, ки рафта ба милиса хабар диҳем? Баъд пайдо кардем, бародарам доим бо ҳамсараш ҷанг мекард, ман ба хонаи онҳо намерафтам, вале як рӯз шавҳарашро кушта таги қум кард ва пулис онҳоро пайдо кард", - афзуд ӯ.
Нақли ҳамсоя
Дар ҳоле ки наздикон сабаби то ба куштор расидани зиндагии ин хонаводаро шарҳ намедиҳанд, ҳамсояи наздики онҳо – Робия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маншаи аслии хушунатҳои хонавода – рашки шавҳар ба ҳамсар буд. Ӯ гуфт, борҳо шунидааст, ки Ҳасан Тоштемуров ҳамсарашро дар рафтори ғайриахлоқӣ ва доштани иртибот бо кадом марди дигаре муттаҳам мекард.
“Мегуфт, гӯё зан чанд рӯз аз хона гум шуда мерафт ва шавҳар ӯро дар робита бо марди дигаре муттаҳам мекард”, - гуфт ҳамсоя. Аммо айни замон далели дурустии ин гуфтаҳо вуҷуд надорад ва, инчунин, мушаххас нест, то куҷо худи Қурбонгул Сариева ин иттиҳомотро қабул дорад, ё на. Дар ҷараёни тафтишот ва ҳам мурофиаи додгоҳӣ зан гуфтааст, аз ҷангу даъвои ҳамешагии ҳамсар хаста шуда буд ва маҷбур шуд дар фикри аз байн бурдани ӯ шавад.
Қатли хушдоман ба дасти арӯсони хонавода
Пулиси Қубодиён мегӯянд, як ҳодисаи мудҳиши куштори бераҳмона дар пайи хушунати хонаводагӣ соли 2015 ҳам ба қайд гирифта шудааст. Додгоҳе дар Хатлон соли 2015 ду арӯси як хонадонро барои оташ зада куштани модарарӯсашон дар маҷмӯъ ба 43 соли зиндон маҳкум кард. Барои ҷустуҷӯи ҷасади модарарӯс, ки дар ҳавлии хонадон гӯр карда шуда буд, панҷ моҳ сарф шуд ва билохира ин ду арӯс иқрор шуданд, ки дар паи ҷангу хархашаҳои зиёди модари шавҳар дар фикри куштори ӯ шуданд.
Ҷомеашиносон мегӯянд, қазияҳои марбут ба хушунати хонаводагӣ маъмулан содда нестанд ва ҳамеша бояд ҳарду ҷонибро муқассири ҳодисаҳои нохушоянд донист.
"Ҳар рӯз ду шикоят аз хушунат мерасад"
Омори дақиқе дар робита бо хушунати хонаводагӣ, ки бо куштор меанҷомад, дар даст нест. Вале ба қавли созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон, ҳар рӯз ҳадди ақалл 2 шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад ва аз ин шумор, 47 шикоят аз ҷониби мардон будааст. Мардон дар шикоятҳои худ аз латту кӯб, таҳдид, таҳқир ва дигар навъи азияту озор аз занони худ шиква мекунанд.
Соли 2015 дар кишвар 400 ҳодисаи худкушии занон сабт шудааст, ки бахши умдаи ин қурбониҳо дар пайи хушунати хонаводагӣ қасди ҷони худ кардаанд. Созмони Human Rights Watch, ки аз ҷумла масъалаи хушунатро дар Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, мегӯяд, қонуни махсуси ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, ки соли 2013 қабул шудааст, ҳанӯз ҳам пурра кор намекунад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамоно бисёриҳо ба ин фикранд, ки мушкилоти дохили хонавода набояд аз чаҳорчӯби хона берун равад, вале ин пинҳонкориҳо гоҳо бо фоҷиа меанҷомад.