Додгоҳи вилояти Хатлон Аҳлиддин Машрабов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро ба иттиҳоми қатли Алексей Буенков - сарбози пойгоҳи 201-и Русия - ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Дар Додгоҳи вилояти Хатлон 25 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Машрабов рӯзи гузашта эълон шудааст.
Моҷаро миёни Аҳлиддин Машрабов ва сарбози рус дар навбати дастшӯӣ сар задааст.
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа моҳи сентябри имсол ин парвандаро барои баррасӣ ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристода ва айбдоркунандаи давлатӣ барои Аҳлиддин Машрабов 22 соли зиндонро тақозо карда буд.
Манбаъ мегӯяд, модари Аҳлиддин Машрабов аз масъулони пойгоҳи 201-и Русия ва додраси парванда Фахриддин Додоматзода хост, ки писарашро афв кунанд, аммо дар ниҳоят додгоҳ тасмим гирифтааст, ин ҷавонро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон кунад: "Додситон дар аввал 22 соли зиндонро талаб кард, модари ин ҷавон дар толор илтиҷо мекард, ки писарашро афв кунад, вале додрас ҳукмашро эълон кард.”
Ба қавли мақомоти Додгоҳи вилояти Хатлон, дар ин мурофиа аз наздикони Алексей Буенков касе иштирок надоштааст ва масъулони пойгоҳи 201-и Русия тарафи ҷабрдидаро намояндагӣ кардаанд.
Ҷаббор Алиев вакили дифои Аҳлиддин Машрабов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тибқи Қонуни ҷиноии Русия, агар мутобиқи ҳамин модда (авбошӣ) ҷиноят содир шавад, аз 8 то 15 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Масъулони пойгоҳи 201-и Русия хеле талош карданд, ки ҳукм сабуктар бошад. Хонаводаи Аҳлиддин Машрабов низ ба хонаводаи сарбози рус кӯмаки молӣ, товони маънавӣ барои гӯру чӯб карданаш фиристодаанд.”
Ҷаббор Алиев афзуд, ки ӯ феълан қасди бурдани шикоят кассатсионӣ аз болои ин ҳукми додгоҳро надорад ва хонаводаи зерҳимояш агар хоҳиш дошта бошанд, худ метавонанд ин корро анҷом диҳанд.
Мақомоти тафтишот алайҳи Аҳлиддин Машрабов бар асоси моддаҳои куштор ва авбошии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буданд. Алексей Буенков, сарбози 40-солаи рус, шаби 30 ба 31 июли имсол дар тарабхонаи "Карина"-и Қӯрғонтеппа кушта шуд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Аҳлиддин Машрабов, сокини маҳаллаи Хатлони шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳамчун гумонбар дар ин ҳодиса дастгир карданд.
Шаби 30 ба 31 июл Алексей Буенков ҳамроҳи ҳамсар ва чанд ҳамхизматаш истироҳат доштаанд. Ба қавли манобеи тафтишотӣ, Аҳлиддин Машрабов низ ҳамроҳи дӯстонаш Сафархон Халилов ва Абдулло Ҷалилов дар тарабхонаи "Ориён" ғизои шом хӯрда, сипас барои дилхушӣ ба "Карина" рафтаанд.
Моҷаро миёни Аҳлиддин Машрабов ва сарбози рус дар навбати дастшӯӣ сар задааст. Машрабов дар ҷараёни тафтишот даст доштан дар куштори сарбози русро тасдиқ карда гуфтааст, ки баъди ҳамла ва латту кӯб шудан аз ҷониби се сарбози рус, маҷбур шуд, ин амалро содир кунад.
Мақомоти интизомии Қурғонтеппа мегӯянд, Аҳлиддин Машрабов чанд сол дар Русия муҳоҷир буд ва онҷо низ доғи судӣ доштааст. Аммо Акбарҷон Ҳасанов, вакили дифои ӯ мегӯяд, ки зерҳимояаш дар Русия муртакиби ҷинояти сангин нашудааст ва бинобар ҳамин, дар муддати кӯтоҳ озод шуда ба ватан баргаштааст.