Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Силоҳдори" Ризвон Содиров баъди 23 сол ҳукм гирифт


Ризвон Содиров солҳои ҷанги дохилӣ яке аз хунхортарин фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ буд
Ризвон Содиров солҳои ҷанги дохилӣ яке аз хунхортарин фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳ буд

Додгоҳи ноҳияи Нуробод дар шарқи Тоҷикистон як сокини 56-солаи ин ноҳияро барои пинҳон кардани силоҳҳои Ризвон Содиров, як фармондеҳи саркаши нирӯҳои мухолифин ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард. Бо гузашти 20 сол аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҳоло ҳам додгоҳҳо барои ҳифзу нигаҳдории силоҳҳои даври ҷанги 20 соли пеш айб эълон мекунанд.

Ин навбат додгоҳ дар робита бо нафаре тасмим гирифт, ки, ба бовари тафтишот, замони ҷанг як узви гурӯҳи фармондеҳи саҳроии нерӯҳои мухолифин Ризвон Содиров ва силоҳ гӯё марбут ба худи ин қумандон будааст. Додгоҳи ноҳияи Нуробод Саидҷон Мирзоев, сокини деҳаи Тегирмиро бар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ” гунаҳгор эълон кард.

Ризвон Садиров, як қумондони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Тоҷикистон меҷангид.

Созишномаро пазируфт, вале халъи силоҳ нашуд

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Саидҷон Мирзоев замони ҷанги шаҳрвандӣ як узви гурӯҳи Ризвон Садиров будааст. Ӯ ҳарчанд баъди имзои Созишномаи сулҳ аз ин гурӯҳ берун шуда шароити сулҳро пазируфт, вале силоҳашро пинҳон мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Саидҷон Мирзоев аз соли 1993 дар шифти болохонаи манзилаш як адад автомати навъи “Калашников”, се норинҷак, ҳашт тирдон ва наздик ба сесад дона тирро нигаҳдорӣ мекардааст. Тобистони соли равон дар пайи як ҷустуҷӯ ин силоҳҳо аз манзили ӯ кашфу мусодира шуд.

Намояндаи тафтишот ба радиои Озодӣ гуфт, ки бастаи силоҳҳо “дар ҷои бенам нигаҳдорӣ шуда, ҳанӯз қобилияти истифодабарии худро гум накарда буданд. Автомат соли 1961 истеҳсол шудааст. Ҳарчанд гунаҳкор гуфт, ин силоҳҳоро намехост бо мақсади бад истифода кунад, аммо пинҳон доштани он ва ба мақомот насупориданаш шубҳаовар буд”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ.

Дар Тоҷикистон дар соли 1994, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Қонун “Дар бораи халъи силоҳ” қабул шуда буд. Бар асоси ин Қонун ҳар нафаре, ки довталабона силоҳи худро ба мақомот таслим мекард, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд.

Наздикон: аз вуҷуди силоҳ хабар надоштем

Аммо наздикони Саидҷон Мирзоев мегӯянд, ӯ ҳамон замон ва то имрӯз метарсид, ки ба ҳангоми супурдани силоҳ боздошт ва зиндонӣ мешавад. Ба қавли онҳо, ба самимияти қонун ва тасмимгирандагонаш бовар надошт.

Маълум нест, ки то куҷо ривояти ҷиноят, ки дар ҳукми додгоҳ зикр шудааст, то охир ҳақиқат дорад ва мавқеи худи айбдоршуда ба ин қазия чист.

Вале Нурулло Насриддинов, як тан аз наздикони Саидҷон Мирзоев рӯзи 2 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, то лаҳзаи боздошташ касе аз наздикон дар бораи мавҷудияти силоҳ хабар надоштанд. Вай гуфт: “Пас аз боздошташ мо аз силоҳ огоҳ шудем. Лекин дар мурофиаҳои судӣ гуфт, ки метарсид онҳоро ба мақомот супорад ва ҳамзамон метарсид, ки дар сурати аз хона берун ва нобуд карданаш низ ҳодисае рух медиҳад. Акои Саид як инсони беозору деҳқон буданд”. Нурулло гуфт, ки аз рӯи ин парванда мӯҳлати сангинтари зиндон таҳдидаш мекард, вале додгоҳ эътирофи гуноҳ кардани Саидҷон Мирзоевро ба инобат гирифт.

Муҷозот баъди 23 сол?

Афроди дигари огоҳ аз қазия мегӯянд, додгоҳ метавонист ҳукми сабуктар аз ин ваё шартӣ барорад, чунки дар 23 соли ҳифзи силоҳ дар манзил ин шахс ҳеҷ кори хилофи қонун ва бар зарари мардум накард ва аз афроде буд, ки баъди сулҳи ҳукумати мухолифин, ба ҳаёти мулкӣ гузашт. Илова ба ин, мегӯянд онҳо, аз ҳодиса мӯҳлати зиёд гузаштааст ва додгоҳ метавонист синни бузурги муттаҳамро ҳам ба инобат гирифта ӯро пушти панҷарана намеандохт. Аз рӯи санадҳои тафтишот, замоне, ки силоҳ пинҳон шудааст, Мирзоев 23 сол дошт.

Ризвон Садиров, ки Саидҷон Мирзоев дар пинҳон кардани силоҳҳои ӯ муттаҳам мешавад, соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Ӯ қумандони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор мерафт. Замони ҷанги шаҳрвандӣ пас аз танг шудани мавқеи мухолифиин аз шарқи Тоҷикистон ба Афғонистон фирор кард, вале пас аз як гуфтугӯ бо ҷониби ҳукумат дар соли 1997 дубора ба Тоҷикистон баргашт. Дар пайи як норизоияти дубора даст ба силоҳ зад, вале кушта шуд. Аз ӯ як инсони бераҳм ёд мешавад. Ӯ дар ҳодисаҳои зиёди қатлу куштор, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ даст дошт, вале пурсарусадотарин ҷинояте, ки содир карда буд, ин гаравгонгирии гурӯҳи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва кормандони Созмони Миллали Муттаҳид буд.

XS
SM
MD
LG