Мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон

Нахустин мулоқоти ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи таъину аломатгузории марзи давлатӣ баъди тақрибан се моҳи марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар Тошканд баргузор шудааст. Ҷузъиёти комили мулоқот маълум нест, аммо Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 20 ноябр эълон кард, ки тарафҳо паҳлӯи ҳуқуқии қайди марзи давлатиро баррасӣ намуданд.

Баҳси "қитъаҳои баҳсӣ"

Узбакистон аз соли 1999, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояшро бо чанд кишвари ҳамсоя минагузорӣ кард.

"Инчунин, ду тараф дар бораи қитъаҳое табодули афкор карданд, ки қаблан барои мушаххас намуданашон созиш нашуда буд", - таъкид шудааст дар хабари расмии Вазорати умури хориҷии Узбакистон. Вале ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи мулоқоти ҳайатҳо дар масъалаи таъину аломатгузории марзи давлатӣ бо Узбакистон шарҳу хабаре надодааст.

Шоҳислом Шоҳқосимов

Аммо моҳи гузашта сафири Узбакистон дар Душанбе Шоҳислом Шоҳқосимов аз сафари як ҳайати расмии Тоҷикистон ба Тошканд дар нимаи дувуми ноябр иттилоъ дода ва гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар эҳтимол масъалаи содда кардани низоми раводид низ баррасӣ шавад.

Масъалаи оби минтақа ва...

Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷии Узбакистон аз ҳадди ақалл ду мулоқоти вазири умури хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов бо мақомҳои тоҷик хабар дод. Бино ба иттилои расмии мақомоти Узбакистон, Комилов бо Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энержӣ ва захираҳои об ва Муҳаммадшариф Ҳақдод, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда, “масоили истифодаи муассир аз захираҳои обу энержии минтақаи Осиёи Марказӣ” ва масъалаи “таъини марзи давлатиро” матраҳ намудааст.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафари Муҳаммадшариф Ҳақдодро ба Тошканд тасдиқ карда буд, вале гуфт, ки дар бораи сафари ҳайати расмӣ ва ҷузъиёти мулоқотҳои Тошкнад чизе гуфта наметавонад.

Тақрибан 20 дар сад марзи номуайян

Тоҷикистону Узбакистон беш аз 1300 километр марзи муштарак доранд ва тарафҳо то имрӯз дар мавриди таъини 80 дарсади сарҳади муштаракашон ба созиш расидаанд. Аммо ба далели пурра мушаххас ва аломатгузорӣ нашудани хатти марз, сокинони ду кишвар зимни чарондани чорво ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ гузашта, баъзан дар пайи бархӯрдан ба минаҳо ҷони худро аз даст медиҳанд.

Узбакистон аз соли 1999, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди афроди муссалаҳ марзҳояш бо чанд кишвари ҳамсояро мингузорӣ кард.

Баъд аз Ислом Каримов

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар тақрибан се моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар сӯҳбати Комилов ҳарф аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафтааст.

Ин нахустин мулоқоти мақомоти баландпояи ду кишвар баъди даргузашти президенти Узбакистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ буд. Раҳбари собиқи Узбакистон бар асари хунравии мағзӣ ҷон дод ва ҳоло идораи ҳукуматро нахуствазир Шавкат Мирзиёев дар даст дорад.

Интизори интихоботи 4 декабр

Шавкат Мирзиёев

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Коршиносон мегӯянд, зарурат ба ҳамкории миёни ду кишвар ногузир ва ин ҳамкориҳо ҳар қадар пештар шурӯъ шавад, ҳамон андоза ба беҳбуди ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Рӯзи 4 декабр дар Узбакистон итихоботи президентӣ баргузор мешавад ва нахуствазир Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои калидӣ ба ин мақом аст. Ҳоло бархе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд тасмимҳои ҷиддиву муҳим маҳз баъди ин рӯйдоди сиёсӣ дар Узбакистон гирифта мешавад ва шояд ҳам бахши муҳими онҳо марбут ба бозбинии равобит бо ҳамсояҳо шавад. Аммо як гурӯҳи дигар низ ҳастанд, ки мегӯянд, эҳтимол тамоми “хубиҳои” Мирзиёев барои мустаҳкам кардани пояҳои ҳукуматаш дар остонаи интихобот бошад, то бе шикасту рехт ин марҳилаи муҳимро паси сар кунад.