Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди сафири Узбакистон барои беҳбуди равобит бо Душанбе. ВИДЕО


Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар шудани равобити Тошканду Душанбе дар ояндаи наздик ибрози умедворӣ карда ва гуфт, ки муносибати ду ҳамсоя вориди ҷараёни тоза шудааст. Шоҳқосим Шоҳисломов рӯзи 25 октябр дар як нишаст дар Душанбе, ки бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҷараён гирифт, гуфт, "умед аст, муносибатҳо баъди сафари вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шудааст, боз ҳам рушд кунанд."

Баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар ду моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад.

Як хабарнигори тоҷик, ки дар суҳбати сафири Узбакистон иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳқосим Шоҳисломов бештар аз ҳаққи ҳамсоядорӣ суҳбат карда ва гуфтааст, бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иртибототӣ миёни ду кишвар ба ҳадди лозим тавсеа ёбанд. Ӯ гуфтааст, маъсалаи содда кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли баррасист ва интизор меравад дар моҳи ноябр як ҳайат аз Душанбе ба Тошканд биравад.

Ба қавли хабарнигор, баҳонаи нишасти Шоҳқосимов муаррифии суханронии Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон, дар ҳамоиши вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд буд, аммо дар ҷараёни он ба чанд суол дар бораи вазъи муносибатҳои ду ҳамсоя низ посух дод. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҳафтаи гузашта дар Тошканд баргузор шуд ва дар кори он Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам иштирок дошт.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд. 18 октябри 2016
Нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд. 18 октябри 2016

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар тақрибан ду моҳи пеш зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад. Ду ҳафтаи пеш як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, бо ҳамтоёни худ мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Аз ин, рӯзи 29 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоъ ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафтааст. Комилов гуфтааст, Узбакистон розӣ аст, ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишвар барқарор шавад ва ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ боадолат ва ба манфиати ҳарду кишвар бошад.

Коршинос: "Тоҷикистону Узбакистон чорае ба ҷуз ҳамкории беҳтар надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

Сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода низ баъди анҷоми ин мулоқот ба Радиои Озодӣ гуфта буд, вазири корҳои хориҷии Узбакистон бо паёми шифоҳии раҳбари он кишвар Шавкат Мирзиёев ба президенти Тоҷикистон омадааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулазиз Комилов
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулазиз Комилов

Ин нахустин мулоқоти мақомоти баландпояи ду кишвар баъди даргузашти президенти Узбакистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ буд. Раҳбари собиқи Узбакистон бар асари хунравии мағзӣ ҷон дод ва ҳоло идораи ҳукуматро нахуствазир Шавкат Мирзиёев ба даст гирифтааст.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуда ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Коршиносон мегӯянд, зарурат ба ҳамкории миёни ду кишвар ногузир ва ин ҳамкориҳо ҳар қадар пештар шурӯъ шавад, ҳамон андоза ба беҳбуди ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Ба дасти Шавкат Мирзиёев гузаштани қудрат дар Узбакистон зоҳиран яхи чандсола миёни ин кишвар бо ҳамсояҳо об мешавад
Ба дасти Шавкат Мирзиёев гузаштани қудрат дар Узбакистон зоҳиран яхи чандсола миёни ин кишвар бо ҳамсояҳо об мешавад

Рӯзи 4 декабр дар Узбакистон итихоботи президентӣ баргузор мешавад ва нахуствазир Шавкат Мирзиёев аз номзадҳои калидӣ ба ин мақом аст. Ҳоло бархе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд тасмимҳои ҷиддиву муҳим маҳз баъди ин рӯйдоди сиёсӣ дар Узбакистон гирифта мешавад ва шояд ҳам бахши муҳими онҳо марбут ба бозбинии равобит бо ҳамсояҳо шавад.

Аммо як гурӯҳи дигар низ ҳастанд, ки мегӯянд, эҳтимол тамоми хубиҳои Мирзиёев барои мустаҳкам кардани пояҳои ҳукуматаш дар остонаи интихобот бошад, то бе шикасту рехт ин марҳилаи муҳимро тай кунад.

XS
SM
MD
LG