Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қадами аввалро барои беҳбуди равобит бо Узбакистон ҳамсояҳо гузоштанд"


Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон

Аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, ки тақрибан 27 соли охир зимоми қудрат дар ин кишвари Осиёи Марказӣ бар ӯҳда дошт, ду моҳ мегузарад. Узбакистон дар замони раҳбарии Каримов тақрибан бо аксари ҳамсояҳо дар масъалаи тақсими марзу об мушкил дошт ва ҳоло Тошканди таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев талош дорад, роҳи ҳамкориро ҳамвортар кунад.

Агар дар ҳамин шароит Ислом Каримов низ дар сари қудрат мебуд, Узбакистон дар ниҳоят ба ҳамин роҳ мерафт. Аммо дар замони Каримов пешбинӣ кардан хеле мушкил буд, ки ин роҳ ин қадар зуд тай мешавад.

Қозбек Бойсебоев, дипломати собиқ ва таҳлилгари қазоқ, рӯзи 30 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳимтар аз ҳама кишварҳои минтақа барои тармими ҳамкориҳои то ин дам ба сардӣ гароида бо Тошканд моил ҳастанд. Ӯ гуфт, “дар маросими дафни Ислом Каримов раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон ва нахуствазирони Қазоқистону Қирғизистон иштирок доштанд. Муносибати Узбакистону Туркманистон аз оғоз хуб буд, аммо Тошканд бо Душанбе дар масъалаи марзу об мушкил дошт. Ба ин нигоҳ накарда, раҳбари Тоҷикистон ба Самарқанд рафт ва ба наздикону мақомоти он кишвар даргузашти Ислом Каримовро тасаллият гуфт. Албатта, ҳамаи ин рафтор ба беҳбуд ёфтани муносибатҳо кумак мекунад.”

Қозбек Бойсебоев
Қозбек Бойсебоев

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтан мумкин аст, ки барои беҳбуди равобит қадами аввалро на Тошканд, балки ҳамсояҳо гузоштанд?

Қозбек Бойсебоев: “Бале. Дар ин ҷо гуфтан зарур аст, ки ҳузур дар маросими дафн ин танҳо масъалаи инсонӣ аст, балки сиёсати бузург аст. Ин майли кишварҳои ҳамсояро барои наздикии бештар бо Тошканд намоиш дод. Албатта, чунин рафтор дар муносибатҳо таъсир мегузорад. Ивази раҳбарият сабаби бознигарии муносибати ҳамсояҳо бо Узбакистон шудааст. Талоши Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон барои ба роҳ мондани равобити хуб бо ҳамсояҳо, бо вуҷуди баъзе ноҷӯриҳо, қобили таҳсин ҳаст.”

Радиои Озодӣ: Моҳи декабр Узбакистон интихоботи президентӣ дорад. Аммо эҳсос намекунед, ки интихобот аллакай баргузоршуда аст? Чунки ҳафтаи гузашта Алмосбек Отамбоев ба ҳимоят аз номзадии Шавкат Мирзиёев суҳбат кард ва раиси ҷумҳурии Туркманистон ӯро бо сафари расмӣ ба кишвараш хонд...

Қозбек Бойсебоев: “Баъди даргузашти Ислом Каримов дар Узбакистон раҳбари муваққати ин кишварро интихоб карда ва санаи баргузории интихоботи президентиро эълон намуданд. Ҳама медонад, ки чунин кор барои расмиёт зарур аст. Аммо Шавкат Мирзиёев ба ҳайси нафаре, ки иқтисодро хуб медонад, ба ҳимоят аз тоҷирони хурду миёна садо баланд кард. Дар сиёсати хориҷӣ талош дорад, ки бо ҳамсояҳо наздиктар шавад. Агар дар ҳамин шароит Ислом Каримов низ дар сари қудрат мебуд, Узбакистон дар ниҳоят ба ҳамин роҳ мерафт. Аммо дар замони Каримов пешбинӣ кардан хеле мушкил буд, ки ин роҳ ин қадар зуд тай мешавад.”

Акси Ислом Каримов
Акси Ислом Каримов

Радиои Озодӣ: Чанд рӯз пеш аз даргузашти Ислом Каримов дар марзи миёни Узбакистону Қирғизистон чаҳор шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуда буданд ва баъдан онҳоро озод карданд. Дертар як ҳайати Қирғизистон ба Узбакистон ва бараъкс як ҳайати Узбакистон ба Қирғизистон рафтанд. Дар бораи муносибати ояндаи ин ду кишвар чӣ метавон гуфт?

Қозбек Бойсебоев: “Дар замони Шӯравии собиқ марзи миёни ду кишварро нодуруст ҷудо кардаанд. Барои мисол, бар асоси ин тақсимот узбакҳои наздимарзӣ дар ҳудуди Қирғизистон ҷой гирифтаанд ва қирғизҳо дар ҳайати Узбакистон. Барои ҳамин, ҳамеша баҳси тақсими замин ба вуҷуд меояд. Агар ҳоло ҳардуи кишвар барои ҳалли ин баҳсҳо иқдом кунанд, кори хуб натанҳо барои ду ҳамсоя, балки барои минтақа хоҳад буд.”

Радиои Озодӣ: Гузоришҳо ҳаст, ки Тоҷикистону Узбакистон масъалаи содда кардани визаи миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард...

Қозбек Бойсебоев: “Дар навбати аввал гуфтан зарур аст, ки аз беҳбуди муносибот вазъи иқтисоди Тоҷикистон беҳбуд хоҳад ёфт. Аксари роҳҳое, ки борро аз хориҷ ба Тоҷикистон мерасонанд, аз Узбакистон мегузаранд. Бе ҳузури Узбакистон ин кор мушкилтар мешавад. Узбакистон дар навбати худ ташнаи оби бештар аст. Албатта, ба ҳам расидани ду тараф кори содда нест, аммо муҳим аст, ки ҷонибҳо қадами муҳимро ба истиқболи якдигар гузоштаанд.”

Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Радиои Озодӣ: Вале дар мавриди муносиботи ояндаи Узбакистону Қазоқистон чӣ мешавад гуфт?

Қозбек Бойсебоев: “Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ дар порлумони Узбакистон номи Қазоқистонро дар қатори охир ном бурд. Аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва алифбо, номи Қазоқистон бояд дар аввал гуфта мешуд. Ба фикри ман, сабаби чунин рафтор ҳузур наёфтани Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар маросими дафни Ислом Каримов буд. Нурсултон Назарбоев бояд ҳамон рӯз ба маросими дафни Каримов мерафт. Аммо раҳбари Қазоқистон баъди як ҳафтаи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Самарқанд рафт, то қабри раҳбари собиқи Узбакистонро зиёрат кунад. Албатта, чунин бархӯрд рӯи муносибатҳои оянда бетаъсир нахоҳад монд.”

XS
SM
MD
LG