Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, гуфт, Душанбе манфиатдори субот дар Афғонистони ҳамсоя аст ва умед дорад, ки музокироти Кобул бо гурӯҳҳои шӯришӣ натиҷаи мусбат медиҳад. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 25 октябр Шерхон Салимзода дар бораи мубориза бо маводи мухаддир дар кишвар низ суҳбат кард ва гуфт, гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар то рафт нерӯмандтар мешаванд.
Радиои Озодӣ: Аз рӯи гузориши нави Созмони Милали Муттаҳид дар соли ҷорӣ дар муқоиса ба соле пеш дар Афғонистон майдонҳои кишти афюн 43 дар сад афзоиш ёфтааст. Калонтарин майдонҳои кишт дар Ҳилманд ба қайд гирифта шудаанд. Ин масъала мавриди нигаронии Тоҷикистон ҳам ҳаст?
Ҳамаи онҳое, ки бо қочоқи маводи мухаддир машғуланд, афроди бекор нестанд. Аксар аъзои гуруҳҳои муташаккил, ки боздошт шуданд, соҳиби ҷои кору бойигарӣ ва моликияти зиёд ҳастанд. Хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронбаҳо доранд.Шерхон Салимзода
Шерхон Салимзода: “Тоҷикистон дар масири шимолии Осиёи Марказӣ ҳамоно кишваре ба ҳисоб меравад, ки маводи мухаддир аз ин қаламрав интиқол меёбад. Ин масъала ҳамеша моро ба ташвиш меорад. Масъалаи дигари нигаронии мо – истеъмоли ин мавод аст. Аз рӯи ҳисобҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон беш аз 7000 ба ҳайси истеъмолкунандаи маводи мухаддир сабт шудааст. Ҳарчанд шумораи истеъмолкунандагони маводи мухаддир бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ шумораи кам аст, вале ин шумор ҳам боис ба ташвиши ҷиддии мо аст. Нафароне ҳам ҳастанд, ки ба қайд гирифта нашудаанд. Стратегияи мубориза бо маводи мухаддир, ки аз ҷониби Оҷонсии мо ба роҳ монда шудааст, чор самти фаъолиятро дар назар мегирад. Ин пешгирӣ бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди ҷумҳурӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо, пешгирӣ аз паҳн шудани нашъамандӣ дар миёни аҳолӣ ва мубориза бо саркардагон ва раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки бо маводи мухаддир машғул ҳастанд. Дар масъалаи Афғонистон бояд гуфт, ки онҷо мониторинги маводи мухаддирро созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам сохторҳои давлатии ин кишвар пеш мебаранд. СММ ва мақомоти Афғонистон соли 2015 гуфтанд, ки кишти маводи мухаддир соли гузашта 41 ҳазор гектар ва истеҳсолаш 3100 тонна кам шуда буд. Мо моҳи сентябр дар Афғонистон будем, бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир шинос шудем. Баъди мулоқот бо сохторҳои дахлдор вазъиятро барои худ камубеш ошкор кардем. Дар ҳақиқат, дар вилоятҳои ҷанубии Афғонистон кишти маводи мухаддир бештар ба чашм мерасад. Дар марказ ва вилоятҳои самти шимол кишт қариб ба сифр баробар аст. Дар вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон – дар Бадахшон кишти маводи мухаддир ҷой дорад. Мо инро медонем ва мувофиқи ҳамин маълумот ҳам чораҳо меандешем.»
Радиои Озодӣ: Созмонҳои масъул мегӯянд, ки кишти маводи мухаддир як тиҷорати сиёҳест, ки ба манфиати гурӯҳҳои силоҳбадаст ва шӯришӣ дар Афғонистон аст. Ҳоло мақомоти Кобул дар фикри сулҳ ва муомила бо Толибон ҳастанд. Шумо ба ин чиз чӣ назар доред?
Шерхон Салимзода: «Ҳоло мушоҳида мешавад, ки раҳбарияти сиёсии Афғонистон дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом мерасонад. Бе шубҳа, гурӯҳҳои силоҳбадаст ё террористӣ аз маблағҳои маводи мухаддир манфиатдор ҳастанд. Раиси ҷумҳур ҳам дар паёми худ ба Маҷлиси олӣ гуфта буд, ки аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даҳҳо миллион доллар ба даст меояд, ки ба маблағгузории экстремизму терроризм равона мегардад. Раҳбарияти Афғонистон дар самти мубориза бо ин зуҳурот кор мекунанд. Аз ҷумла, бо гурӯҳи Гулбуддини Ҳикматёр созишномаҳои баста шуданд, ин гурӯҳҳо ба қувваҳои ҳукуматӣ шомил мешавад, ин нияти нек аст. Бовар ҳаст, ки дар оянда дигар гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳам силоҳро ба замин гузошта ба ҳаёти осоишта мегузаранд.»
Радиои Озодӣ: Яъне, ҳар қадар зудтар созишҳо ҳосил шавад, ба манфиати Тоҷикистон ҳам ҳаст?
Шерхон Салимзода: «Дар урфият мегӯянд, ки хона неву ҳамсоя бихар. Агар ҳамсоя нек бошад, сулҳу амният бошад, таъсираш ба мо ҳам мерасад. Мо ҳамаҷониба дар сулҳу суботи Афғонистон манфиатдор ҳастем.»
Радиои Озодӣ: Шумо дар бораи мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ гуфтед. То куҷо дар ин самт натиҷаҳо беҳтар шудааст ваё шояд матбуот дар ин бора зиёд хабар надорад?
Шерхон Салимзода: «Ҳоло шумораашон кам шудааст. Вале аз нигоҳи мо, шумораашон кам шуда бошад ҳам, гурӯҳҳои муташаккил то имрӯз сифатан баланд рафтаанд. Чунки мубориза бо онҳо, ошкор кардани онҳо хеле душвор мегардад. Танҳо имсол мо 27 ҳолати мусодираи маводи мухаддирро ба миқдори махсусан калон ошкор кардем, ки дар ҳар ҳолат аз 4-5 то 148 килоро ташкил мекунад. Албатта, 20-25 кило ё 100-150 кило маводи мухаддирро нафари оддӣ қочоқ карда, ба воситаи чанд давлат бурда наметавонад. Зиёда аз 20 гурӯҳи муташаккилро ба ҷавобгарӣ кашидем. Мубориза дар ин самт идома дорад.»
Радиои Озодӣ: Як мисоли барҷастае аз ин боздоштҳо оварда метавонед?
Шерхон Салимзода: «Ба наздикӣ мо маълумоти оперативӣ доштем, ки яке аз гурӯҳҳои муташаккил миқдори муайяни маводи мухаддиро дар шаҳри Истаравшани Суғд дар ихтиёри худ дошт ва мехост, онро ба Қирғизистон интиқол диҳад. Ин гурӯҳ бо зиёда аз 16 кило маводи мухаддир боздошт шуд, ки аз ин миқдор 2 килоаш маводи сахттаъсири ҳероин буд. Ҳамаи онҳо имрӯз ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Пештар аз ин, чунин ҳолатҳо дар вилояти Бадахшон низ буд. Барои мисол, дар онҷо аз як гурӯҳ 16 кило афюн мусодира шуд. Дар вилояти Суғд 148 кило маводи мухаддирро мусодира кардем ва гунаҳкорон ба ҷаовбгарӣ кашида шуданд. Дар Душанбе гурӯҳи муташаккил бо раҳбарии Гадоӣ Раҳимов боздошт шуд, ки 26 кило ҳашиш доштанд. Дар Қӯрғонтеппа гурӯҳи Одил Қосимов бо 15 кило маводи ҳашиш боздошт шуд. Дар шаҳри Кӯлоб Одина Ёраков дастгир шуд, ки аз ӯ даҳ кило ҳашиш мусодира шуд.»
Радиои Озодӣ: Дар солҳои навадум мегуфтанд, ки масъалаи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ масъалаи иҷтимоӣ аст ва мардум аз бекорӣ ба ин мавзӯъ рӯй овардаанд...
Шерхон Салимзода: «Албатта, чунин ақидаҳо вуҷуд дорад, аммо ин баҳс аст. Баъзе ба ин назаранд, ки баъзеҳо аз бекорӣ ба қочоқи маводи мухаддир машғул мешаванд. Шояд чунин ҳаст ва мо дар ин маврид баъзе мисолҳо ҳам дорем. Аммо гуфта наметавонем, ки сад дар сад аз бекорӣ ба қочоқи маводи мухаддир адст задаанд. Чунки ҳамаи онҳо бекор нестанд. Аксар аъзои гуруҳҳои муташаккил, ки боздошт шуданд, соҳиби ҷои кору боигарӣ ва моликияти зиёд ҳастанд. Хонаҳои боҳашамату мошинҳои гаронбаҳо доранд. Сабаби ин кор ба даст овардани маблағи муфт аст.»