"Чакан" ба бинои собиқи ҲНИТ мекӯчад (ВИДЕО)

Ширкати “Чакан” дар шаҳри Кӯлоб ба зудӣ дар бинои собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ин шаҳр ҷой хоҳад гирифт. Зариф Валиев, раҳбари ширкати “Чакан”, рӯзи 4 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони шаҳрдории Кӯлоб ваъда додаанд, “баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа бинои собиқи ҲНИТ-ро дар ихтиёри онҳо хоҳанд гузошт”.

Ба гуфти Валиев, бинои собиқи ҲНИТ дар Кӯлоб як сол боз холӣ аст ва дар сурати ба ихтиёри ширкати “Чакан” гузоштан, даҳҳо зан метавонанд, ба корашон идома диҳанд. Моҳе қабл шаҳрдории Кӯлоб бинои ширкати “Чакан”-ро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб тахриб кард ва ҳоло дар ҷойи он Нишони давлатӣ қомат афрохтааст.

Видео:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қароргоҳи ҲНИТ-ро ба "Чакан" додаанд

Қарор аст, майдони Нишони давлатӣ дар ҷараёни сафари президент ба Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Масъулони Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб рӯзи гузашта гуфтанд, ки барои сабз нишон додани майдони Нишони давлатӣ беш аз 100 кило ҷав коштаанд.

Чакан як навъ гулдӯзии қадимист, ки то ҳол дар аксари навоҳии Тоҷикистон, ба хусус Кӯлобу Дарвоз ба таври густурда истифода мешавад.

Дар пайи тахриб шудани бинои ширкати “Чакан”, масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, идораи амвол хароҷоти ширкатро ҳисоб дорад ва қарор аст, барои моликаш дар ҷойи дигар қитъаи замин диҳанд ва маблағ пардохт кунанд. Ҳатто Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар умури сохтмон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “Зариф Валиев дар кадом мавзеи шаҳр замин хост, ба ӯ ҷудо карда мешавад. Дар ин маврид ягон мушкил нест.”

Зариф Валиев бинои ширкати “Чакан”-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2003 бо харҷи 300 ҳазор сомонӣ бунёд карда буд. Ба қавли ӯ, даҳҳо зан барои кор дар ин ширкат ҷалб шуда ва навъҳои гуногуни чакан, аз қабили пироҳан, рӯймол ва тоқӣ медӯхтанд. Занҳо бар асоси қарордод кор мекарданд ва моҳе аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ музд мегирифтанд.

“Чакан” ягона ширкате дар Тоҷикистон аст, ки ба тавлиди гулдӯзиҳои чакан машғул аст. То замони таъсиси ширкати “Чакан”, ин навъи гулдӯзиро бештар хонадонҳои ҳунарманд анҷом медоданд ва фурӯшаш низ чандон роиҷ набуд.

Чакан як навъ гулдӯзии қадимист, ки то ҳол дар аксари навоҳии Тоҷикистон, ба хусус Кӯлобу Дарвоз ба таври густурда истифода мешавад. Дар аввали соли ҷорӣ ЮНЕСКО – муассисаи илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид чаканро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангӣ ворид кард.

АКС: Чакану атлас ба муқобили либосҳои "бегона"

Чакану атласи тарроҳони Хатлон ба муқобили либосҳои "бегона"

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта фаъолияти ҲНИТ-ро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ карда ва онро ҳизби террористӣ эътироф намуд. То кунун бо қарори додгоҳ 14 узви аршади ин ҳизб ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла ду нафарашон ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Танҳо Зарафо Раҳмонӣ, ягона зан дар миёни боздоштшудаҳо барои ду сол равони зиндон шуда, моҳи гузашта бар асоси қонуни афв озод гардид.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизби ҳоло мамнӯъ баъди интихоботи порлумонии соли гузашта ба хориҷ рафта дигар барнагашт ва ба иттилои мақомот феълан дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад. Ахиран Интерпол, пулиси байналмилалӣ эълон кард, ки Кабириро бо дархости ҷониби Тоҷикистон таҳти пайгард қарор додааст.

Баъди баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ қароргоҳаш дар Душанбе ва минтақаҳои дигар холӣ мондааст ва зоҳиран мақомот онҳоро мусодира ва дар сурати зарур истифода хоҳанд кард.