Президенти 30-сола дар Тоҷикистон. Миф ё воқеият?

Дар сурати қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз 35 ба 30 поин оварда хоҳад шуд. Раъйпурсӣ рӯзи 22 май мегузарад.

Дар сурати қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар аз 35 ба 30 поин оварда хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, ки ин тағйир ҷавонҳоро ташвиқ мекунад, ба оянда дилгарм бошанд ва нерӯи худро дар мақоми раҳбарӣ низ санҷанд. Аммо суоле пеш меояд, ки оё дар шароити кунунии Тоҷикистон як ҷавон метавонад, дар 30-солагӣ худро барои ин мақом омода бикунад ва чӣ тавр?

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, дар шароити кунунии Тоҷикистон ин имконро аз эҳтимол дур медонад. Ӯ рӯзи 20 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар кишвар мактаби тарбияи истеъдодҳои ҷавон вуҷуд надорад ва тарбияи хонаводаӣ низ ба ҳадде нест, ки як ҷавон худро ҳамчун раҳбар мустақил ҳис кунад. “Ин омил ба низоми таълим дар мактабҳо ва донишгоҳҳо низ сахт бастагӣ дорад,” – гуфт ӯ.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, агар ҷавон таҳсилкардаи макотиби кишварҳои хориҷӣ бошад, бояд баъди таҳсил ба Ватан баргашта ва барои тай кардани зинаҳои зарурии ҳокимият худро “обутоб” диҳад. “Чунин истеъдодҳо бояд аз хурдӣ андешаи мустақил дошта бошанд, бо “гирифтани синни сол”-и худ ба назари дигарон ҳам гӯш диҳанд, интиқодро таҳаммул карда тавонанд ва гуногунандеширо қабул кунанд,” – афзуд ӯ.

“ПИСАРИ ФАЛОНӢ”

Ҳумайрои Бахтиёр бо ишора ба ҷавононе, ки ҳоло дар сохторҳои гуногуни ҳокимият кор мекунанд, гуфт, онҳо бояд аз худ ибтикор нишон диҳанд, то дар ҷомеа ба қавле “лидер” будани худро бо корашон нишон диҳанд. Чунин истеъдодҳоро ҷомеа бояд бо маҳорату кордониашон шиносад, на ин ки бо ишора ба падаронашон бигӯянд, ки “писари фалонист”.

Маъмулан, Қонуни асосии ҳар кишвар барои як давраи муайян ё барои як насл навишта намешавад, агар низоми сиёсӣ тағйир наёбад. Бо назардошти ин, поин овардани синни номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ беҳтарин нишонаи боз кардани роҳ бар рӯи истеъдодҳои ҷавон аст, то онҳо зинаҳоро яке паси дигар ба боло паймоянд.

Аксар таҳлилгарон ба ин ақидаанд, ки агар ин тағйир дар Қонуни асосии Тоҷикистон дар раъйпурсии рӯзи 22 майи соли ҷорӣ қабул шавад, дар он сурат роҳи расидани ҷавонон ба мақомҳои баланди давлативу ҳукуматӣ боз хоҳад шуд ва онҳо дар даҳсолаҳои баъдӣ барои расидан ба ин қулла талош хоҳанд кард. Онҳо ин нуктаро яке аз падидаҳои қонуни демократӣ медонанд. Аммо аз сӯи дигар, онҳо дар шароити кунунии Тоҷикистон ба ин нукта ишора мекунанд, ки ҳадаф аз поин овардани синни номзад бештар ба он шабоҳат дорад, ки “ҷомаро ба қади касе бурида ва медӯзанд”.

Бӯрӣ Каримов (Бӯрӣ Бачабеки Карим), раиси Госплани Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ, дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Кишинёви Молдова гуфт, “аз он ки синни номзадро поин меоранд, бисёр хурсанд ҳастам. Роҳи пешравии ҷавононро мекушояд. Чунин кор ягон зараре надорад. Агар ҷавоне зери назари андешамандону хирадмандон ба камоли тарбияти худ расида бошад, пас, чаро ба вай дар синни 25 ё ҷавонтар аз он бовар накунем? Вале агар чунин тағйир қабул шавад ва “ба қаду басти худ пора кардан”-ро монад, яъне агар ҳадафи он пешбарӣ кардани нафарест, ки мехоҳанд ба ҳокимият оранд, он кори одилона нест”.

Бӯрӣ Каримов ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода

Акнун аз замони қабули тағйири мазкур дар Қонуни асосӣ 25 сол мегузарад ва дар ин рӯзҳо он дубора дар рӯ ба рӯи тағйиру иловаҳо қарор додад. Ба ин тартиб, агар фикри коршиносонро дар назар бигирем, ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки дар ҳар ду ҳолат барои ворид кардани тағйир дар синну соли номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ шахсиятҳои муайян дар мадди назар будаанд.

“ҶАВОНОНИ РАҲБАР ҲАМ ҲАСТАНД”

Дар атрофи синни 30 ба мақоми раҳбарӣ расидани ҷавонон ҳеч ҷои шубҳа надорад. Нигоҳи сатҳӣ ба таҷрибаи ҷаҳонӣ, яъне ба мақомҳои баланди ҳукуматӣ расидани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад, ки як ҷавон амалан имкону тавони расидан ба мақоми раҳбариро то 30-солагӣ дорад.

Михаил Саакашвилӣ

Барои мисол, соли 2013 Себастян Кунтс дар 27-солагӣ вазири корҳои хориҷии Австрия таъин шуд. Вера Кобалия соли 2010 дар 28-солагӣ ба мақоми вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон расид. Дар солҳои раҳбарии Михаил Саакашвилӣ дар Гурҷистон дар ҳайати кобинаи ӯ ҷавонони аз 28 то 35-сола зиёд буданд.

Станислав Гросс соли 2004 дар синни 34 нахуствазири Ҷумҳурии Чех интихоб шуда, дар маҷмуъ ҳашт моҳ ин курсиро ҳифз кард. Сипас, маҷбур шуд аз мақоми худ истеъфо диҳад, зеро вай бо пули “номаълум” барои худ хонаи гаронбаҳо харид.

Дар баробари ин, шахсони дигаре низ ҳастанд, ки шояд на барои истеъдоди хориқулодда ва маҳорати хуби раҳбарӣ, балки ба шарофати падарони худ мақоми раҳбариро гирифтаанд. Масалан, Рамазон Қодиров соли 2007 дар 34-солагӣ баъд аз террори падараш, ки муфтии Чеченистон буд, курсии раёсати Чеченистонро ишғол кард. Ӯ бо ёрии пуштибонҳои худ аз Кохи Кремли Маскав тавонист Грознийро бозсозӣ карда ва дар Чеченистон суботи нисбиро таъмин кунад.

Рамазон Қодиров

Намунаи дигари ҷолиб ҳам ҳаст. Соли 2001 дар Ҷумҳурии Демократии Конго Қонуни асосиро барои Ҷозеф Кабила Кабанге тағйир доданд ва синни номзади мақоми раёсати ҷумҳуриро аз 35 ба 30 поин оварданд. Вале бо он ҳам Ҷозеф 29-сола буд ва маҷбур шуданд, ки интихоботи раёсати ҷумҳуриро як сол ба таъхир андозанд. Ӯ баъди сари падараш дар 30-солагӣ ба раёсат расид.

ҚАРНИ ФАНОВАРИҲОИ ҶАДИД ВА ҶАВОНОНИ РАҲБАР

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон, мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки тағйир дар поин овардани синни номзади мақоми расёати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон қабул шавад. Ӯ мегӯяд: “Агар ин нуктаро ҳам дар назар нагирем, мебинем, ки Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсояаш майли ҷавонтар шудани ҳукуматро дорад. Чунин тамоюл дар қарни ҳукмравоии таҷҳизоти рақамӣ муҳим аст. Ҷавонон ба ин шавқи зиёд доранд ва касе, ки бо ин фанновариҳо ошност, по ба пои ҷаҳони муосир қадам мезанад”.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Рашид Ғанӣ аввалин раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов ва ҳатто Бобоҷон Ғафуровро ба ёд меорад, ки ҳамаи онҳо вақти расидан ба мақоми раҳбарӣ ҷавон будаанд.

Вале ақидаҳои ғолиб ин аст, ки поин овардани синни номзад замоне демократӣ буда метавонад ва ҷавононро ташвиқ мекунад, ки ҳамаи ҷавонон баробар бо фарзандони нухбагон дурнамои имкониятҳои худро дида тавонанд. Агар онҳо эҳсос кунанд, ки чунин имконот на барои онҳо, балки барои доираҳои хос аст, нури умеди онҳо дар нимароҳ тира хоҳад шуд.