Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии чандҳазорнафарӣ дар Қӯрғонтеппа


Аксарияти ширкаткунандагони раҳпаймоӣ донишҷӯён буданд ва баъзе эътироф карданд, ки дар бораи ислоҳи Сарқонун чизе намедонанд.
Аксарияти ширкаткунандагони раҳпаймоӣ донишҷӯён буданд ва баъзе эътироф карданд, ки дар бораи ислоҳи Сарқонун чизе намедонанд.

Мақомоти Хатлон бо ҷалби ҳазорон нафар ба раҳпаймоӣ дар Қӯрғонтеппа мардумро ба ширкат дар раъйпурсии баҳсбарангези рӯзи 22 май ташвиқ карданд.

Ҳазорҳо нафар аз ҷавонони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон бо шиору навиштаҳои "Ҳама ба раъйидиҳӣ", "Раъйи шумо созанда" ва "Биё, раъй медиҳем" рӯзи 18 май дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Қурғонтеппа раҳпаймоӣ карданд. Ба гуфти мақомот, 12 ҳазор ҷавон, бахусус донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои Қурғонтеппа аз мардум хостаанд, ки дар раъйпурсии баҳсбарангези рӯзи 22 май ширкат кунанд.

Баҳром Миров, як масъули Шӯъбаи иттиллоот ва таҳлили ҳукумати вилояти Хатлон, ба Озодӣ гуфт, ки роҳпаймоӣ бо ташаббуси ҳукумати вилоят ва ҳизби ҳокими халқь-демократии Тоҷикистон баргузор шуд. ​

"Ҳадаф шаффоф ва дар сатҳи хуб гузаронидани раъйпурсӣ мебошад ва ҷавонон мардумро барои ширкати фаъол дар раъйпурсӣ даъват карданд," - гуфт Баҳром Миров.

Дар рӯзи раҳпаймоӣ дар байни мардум беш аз 6000 варақаи иттилоотӣ тақсим шуд, вале худи ҷавононе, ки дар ин раҳпаймоӣ ҳузур доштанд, намедонистанд, ки кадом ислоҳоту тағйирот ба Конститутсия ворид карда мешавад. Ба гуфтаи ин ҷавонон вазифаи асосии онҳо ширкат дар раҳпаймоӣ буд.

Фирдавсӣ Абдуллоев, донишҷӯи соли дуюми факултаи кимиёи донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа, дар раҳпаймоӣ буд ва эътироф кард, ки маълумоти зиёде дар бораи ислоҳот ба Қонуни асосӣ надорад. "Ба ҳамаи моддаҳои Кониститутсия тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Дар моддаи 12 тағйироти баробарҳуқуқии зану мард ворид мешавад," - гуфт ӯ.

Сулаймон Сафаров, донишҷӯи дигари ҳамин донишгоҳ, ки дар роҳпаймоӣ ҳамроҳи устодонаш навиштаҳо ва шиор мебардошт, гуфт, ки тарафдори ислоҳи Қонуни асосӣ аст, вале намедонад, ки чӣ тағйироти муҳиме ба ин санади асосии кишвар ворид мешавад. Вале Беҳрӯз Бобоев, сокини вилоят баръакси дигар ҳамсолонаш аз Хатлон медонистааст, ки яке аз бандҳои аслии Қонуни асосӣ ба ҷавонон иртибот мегирад. Беҳрӯз Бобоев гуфт, як тағйирот поин овардани синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз 35 ба 30 сол аст.

"Баргузории ин маъракаро зарурӣ меҳисобам. Барои ман ин тағйирот, ки синни номзад ба президентиро ба 30 поён мебарад, муҳим аст," - мегӯяд ӯ.

Аммо ба гуфтаи мунтақидон, поин овардани синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зоҳиран ҳамвор кардани роҳи Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳур барои расидан ба қудрат аст. Илова ба Қонуни асосӣ ба Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия ҳақ медиҳад, дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад. Рустами Эмомалӣ дар он сол 33 сола мешавад. Дар раъйпурсии рӯзи 22 май ҳамчунин ислоҳи умдаи дигар он аст, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, иҷоза медиҳад, ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми президент пешбарӣ кунад.

Мунтақидон мегӯянд, зарурат ба ислоҳи Қонуни асосӣ вуҷуд надошт ва ислоҳоте, ки асосан аз тарафи намояндагони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешниҳод шудаанд, бо ҳадафи тамаркузи қудрат дар дасти президент аст ва мухолифи арзишҳои демократӣ мебошанд. Вале мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафи нишон додани ҳимояти мардум дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам айни раҳпаймоиҳо ва бо ҷалби ҳазорон нафар баргузор карданд.

Радиои Озодӣ дар Душанбе аз чанд ҷавон дар бораи поин овардани синни номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пурсид.

Назари ҷавонон ба ислоҳи Конститутсия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

XS
SM
MD
LG