Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар остонаи раъйпурсӣ дар Тоҷикистон


Баъди ҳамлаҳои террористӣ дар Париж дар охири соли гузашта. Ҳузури маъмурони пулис дар Душанбе дар рӯзи 16 ноябри соли 2015
Баъди ҳамлаҳои террористӣ дар Париж дар охири соли гузашта. Ҳузури маъмурони пулис дар Душанбе дар рӯзи 16 ноябри соли 2015

Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз "тавтeаи бадхоҳон" чораҳои амниятиро дар Тоҷикистон тақвият бахшидааст.

Дар пешорӯи баргузории ҳамапурсӣ барои тағийри Қонуни асосӣ мақомоти интизомӣ тадбирҳои амниятӣ дар Тоҷикистонро сахттар кардаанд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ба хотири ҷилавгирӣ “аз тавтеаи бадхоҳони кишвар” вазъ ҷиддӣ назорат мешавад ва нерӯҳои изофӣ барои таъмини амният сафарбар шудаанд.

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17 май ба Озодӣ гуфт, дар ҳар кишвари дунё, дар остонаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ чораҳои амниятӣ рӯи даст гирифта мешаванд, зеро эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки гурӯҳҳои харобкор амали бадхоҳонае анҷом диҳанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи мусоҳиби мо, тамоми интихоботҳои Тоҷикистон дар 25 соли ахир ором анҷом шудааст, аммо масъулони ниҳодҳои қудратӣ ба хотири таъмини амнияту оромӣ аз ҳоло омода шудаанд.

Ҳоло дар хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон гаштугузори кормандони пулис бештар шудааст ва дар аксар биноҳои маъмурӣ навбатдории шабона ташкил шудааст. Дар аксари биноҳои маъмурӣ посбонҳои маъмулиро ҳамчунин дунафарӣ аз кормандони ин ниҳодҳо ҳамроҳӣ мекунанд.

Садриддин Садриддинов, як сокини шаҳри Душанбе чаҳор интихобот - дар ду интихоботи президентӣ ва дар ду интихоботӣ порлумонӣ масъули як ҳавзаи раъйдиҳӣ буд. Ӯ мегӯяд, ин чаҳор интихобот ором пушти сар шуд ва ҳеч хатар ҳам мушоҳида накарда буданд. Садриддин мегӯяд, то ҳол дар бораи амнияти худу раъйдиҳандагон андеша накардааст, зеро ба таъмини амният пурра бовар дорад.

Ӯ гуфт: "Таъмини амният ба ваколати мақомоти дахлдор вобаста аст. Дар интихоботҳои пеш онҳо хеле хуб вазифаҳои худро анҷом дода буданд. Ҳоло ҳам бовар дорам, ки онҳо аз ӯҳдаи вазифаҳои худ ба сарбаландӣ мебароянд. Ҳеҷ ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад."

Ҳамапурсӣ барои ислоҳ ва тағйири Конститутсия ва ё Қонуни асосии Тоҷикистон замоне баргузор мешавад, ки вазъи Афғонистон печидатар шуда ва гурӯҳҳои тундгаро дар дохили ҳамсоякишвар фаъолтар гардидаанд.

Саъдӣ Намозов, таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд, агар ба хабарҳои мақомоти қудратӣ дар чанд моҳи охир бовар кунем, вазъи амниятӣ дар дохили Тоҷикистон ҳам чандон содда нест. Худи мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳам борҳо гузориш додаанд, ки аз сӯиқасду таркишҳо дар биноҳои маъмурӣ ҷилавгирӣ кардаанд. "Бибинед, ҳатто ду нафар мехостанд, ба ҷони президент сӯиқасд кунанд. Ду нафари дигар аз Сурия омада буданд, то раёсати корҳои дохилии Хатлонро битарконанд, ки боздошт шудаанд. Дар остонаи 9 май ҳам чанд нафарро боздошт карданд, ки қасди баҳам задани таҷлили Рӯзи ғалабаро доштанд," – гуфт Саъдӣ Намозов.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ чанде пеш гуфт, ду нафарро, ки қасд доштаанд моҳи сентябри соли 2015 дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат ба ҷони ӯ сӯиқасд кунанд, ба зиндон маҳкум кардааст. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ҳамроҳ бо мақомоти интизомии Русия чанд нафарро дар Душанбе ва Маскав боздошт карданд, ки қасд доштанд бо ҳамлаву харобкорӣ дар пойтахтҳои Тоҷикистону Русия, таҷлили Рӯзи Ғалабаро ба ҳам зананд.

Дар раъйпурсии баҳсбарангези рӯзи 22 май дар Тоҷикистон, ки тарғиби он аз тариқи расонаҳои давлатӣ идома дорад, 41 тағйиру илова ба Конститутсия пешниҳод шудааст. Вале ду тағйири асосӣ дар он сабаби аслии баҳс аст. Яке ин ки синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то ба 30 сол поин оварда мешавад, ки инро ҳамвор кардани роҳ барои Рустами Эмомалӣ фарзанди раиси ҷумҳур Раҳмон медонанд.

Ислоҳи дуввумӣ ба раиси ҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, ки бидуни маҳдудият номзадиашро дар интихоботҳои ояндаи президентӣ пешбарӣ кунад. Аммо мухолифон мегӯянд, ҳеч зарурат ба чунин тағйирот дар Конститутсия набуд, чун ин ислоҳот мухолифи арзишҳои демократӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG