Ташхиси рӯҳии Иван Шербаковро ҳанӯз анҷом надодаанд

Иван Шербаков

Ба далели таъхир дар ташхиси рӯҳии Иван Шербаков - сарбози пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад, замони ҳабси пешакии ӯ то моҳи феврал тамдид шудааст.

Масъулони Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо гузашти як моҳ аз замони бистарӣ гардидани Иван Шербаков, яке аз сарбозони ин пойгоҳ дар бемористони Екатеринбург ҳанӯз ташхиси рӯҳии ӯ анҷом нашудааст. Ин сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар қатли Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи Душанбе муттаҳам дониста мешавад ва моҳи декбари соли гузашта барои ташхиси рӯҳӣ ба Русия фиристода шуд.

Қаблан додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми Русия гуфта буд, ки ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар аввалҳои моҳи январ анҷом мешавад.

Ба далели таъхир дар ташхиси рӯҳии Иван Шербаков замони ҳабси пешакии ӯ низ то моҳи феврал дароз карда шудааст. Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми Русия рӯзи 7 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Иван Шербаков дар беморхонаи касалиҳои руҳии Екатеринбург бистарӣ аст ва интизор меравад, рӯзи 10 феврал ташхиси рӯҳияш анҷом дода шавад.

"Баъд аз ин, Шербаков ба ҳабсхонаи муваққатии шаҳри Екатеринбург интиқол дода мешавад. Он вақт масъалаи ба Тоҷикистон оварданаш барои идомаи баҳси додгоҳӣ дида хоҳад шуд," – афзуд манбаъ.

Ташхиси вазъи рӯҳии Иван Шербаков дар ҳоле ба миён омадааст, ки эҳтимоли равобити ҷинсии ӯ бо Шоира Ҷобирова ва, ҳамин тавр, хабари баъзе аз расонаҳо дар бораи гӯё рашки ӯ нисбат ба ин зани 22-солаи тоҷик таъйид нашудаанд. Шербаков ба гумони қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябри соли гузашта дастгир шуд ва то замони интиқолаш ба Екатеринбург дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешуд.

Додгоҳи 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кардааст.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябр аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира паи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Дар пайи ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов ёддошти расмӣ супурд, ки дар он аз ҷониби Маскав хоста шудааст, аз такрори чунин амали сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шоира Ҷобироваро ба хок супурданд