Куштори Шоира Ҷобирова, ҷавонзани тоҷик дар дохили пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе баҳсҳо пиромуни ҳузур ва шеваи бархӯрди сарбозони ин пойгоҳ бо сокинони маҳаллиро миёни рӯшанфикрон дигарбора доман задааст. Бархе содир кардани ҷиноят аз ҷониби сарбозони русро дар Тоҷикистон ба “баҳсҳои маишӣ” марбут медонанд ва бархеи дигар ин гуна рафторро “нописандии сиёсӣ” унвон мекунанд.
Чеҳраи “Аскари Сурх”: Наҷотдиҳанда ё золим?
Пайдо шудани ҷасади Шоира Ҷобирова аз дохили пойгоҳ ва боздошти Иван Шербаков, афсари рус ҳамчун гумонбар, ақидаи онҳоеро ҳам, ки то ҳол бадрафтории сарбозони русро ҳамчун ҳодисаҳои тасодуфӣ тавҷеҳ мекарданд, тағйир додааст. Ҳоло бисёриҳо куштори ахирро идомаи мантиқии авбошии сарбозони рус дар Кӯлоб, буридани сари таксирони тоҷик дар Душанбе ва захмӣ кардани таксирони дигар дар Қӯрғонтеппа қабул карданд. Дар ҳеҷ як аз ин ҳодисаҳо Русия вокуниш нишон надодааст.
Бо он ки ҳузури нирӯҳои Русия дар хоки Тоҷикистон аз ҷониби бисёр шаҳрвандон ҳамчун омили субот ва таъмини амният арзёбӣ мешавад, аммо ҳодисаҳои ахир, бо шумули ду куштор дар соли 2014 ва 2015 тасвиреро, ки мардум аз аскари рус дар зеҳн доштан дигар мекунад.
Лейтенанти калон пойгоҳи низомии Русия Шербаков дар замоне ба куштори як зани тоҷик дар хоки Тоҷикистон муттаҳам шудааст, ки дар худи Русия як моҳ як боз баҳсҳо дар атрофи марги мармузи як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик ҷараён доранд. Мақомоти Русия ба иллати нақзи қонуни буду боши модари кӯдакро аз ӯ гирифтанд ва баъди чанд соат аз марги кӯдак хабар доданд. То ягон масъули рус дар заминаи марги кӯдак гунаҳгор нашудааст ва ин ҳолат сокинони Тоҷикистонро бештар асабонӣ мекунад.
Аммо ба сурати умум даст ба ҷиноят задани сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи нодир нест.
Қатли зане, ки боиси "ғасб"-и Кӯлоб шуд
Соли 1995, дар чаҳорумин соли истиқлолияти Тоҷикистон як ҳодисаи шабеҳи куштори Шоира Ҷобирова дар шаҳри Кӯлоб рух дод. Тирамоҳи он сол дар як зани маҳаллӣ дар полки низомии Русия дар Кӯлоб аз ҷониби афсари рус таҷовуз ва кушта шуд. Шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб гумонбарро аз дохили пойгоҳ боздошт кард, аммо ба вокуниши тунди низомиҳои Русия рӯ ба рӯ гардид. Низомиёни рус биноҳои муҳими Кӯлобро ишғол карданд ва бо зиреҳпӯш вориди бинои идораи милиса шуда, афсари гумонбар дар кушторро раҳо карданд ва чаҳор милисаи тоҷикро ҳамчун гаравгон ба дохили полк бурданд. Ба нақли шоҳидон, ин ҳодиса танҳо баъди дахолати президентони Русия ва Тоҷикистон ҳал шуд ва ходимони милиса раҳо ёфтанд. Он ҷиноят пажӯҳиш нашуд ва ҳеҷ кас ҳам муҷозот нагирифт.
http://www.ozodi.org/content/article/24391078.html
Дар солҳои баъдӣ ҳудудан то солҳои 2000-ум бархӯрди мақомоти маҳаллӣ ба ҷинояти низомиёни рус эҳтиёткрони сурат мегирифт. Соли 2003 низомиёни рус “Агроинвестбонк”-и Кӯлобро ғорат карданд, аммо мақомот танҳо пас аз як моҳи интизорӣ ба дархосташон дар мавриди боздошти гумонбар посух гирифтанд. Гуфта мешавад, ки аксари ҷиноятҳои сабуки сарбозони рус то ҳанӯз беҷазо мемонад.
Як мояи нороҳатии дигари сокинон машқҳои низомии сарбозони рус дар пойгоҳи Мумирак, воқеъ дар минтақаи Кӯлоб аст, ки борҳо боиси оташ гирифтани хонаҳои мардум ва ба мушакҳои нотаркида бархурдани кӯдакон шудааст. Соли равон баъди шикояти сокинон дар матбуот мақомоти Русия ваъда доданд, ки аз ин ба баъд самти тирандозии сарбозонро аз сӯи деҳкада ба тарафи дигар равона мешавад.
Даст ба ҷиноятҳои вазнин задани сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистон ҳукумати ин кишварро, ки Русияро шарики стратегӣ хондааст, дар ҳоли ногувор мемонад. Аз як тараф агар садо баланд накунад, мардум аз ҳукумат норозӣ мешавад ва агар садо баланд кунад шарики стратегӣ меранҷад.
Маҳдии Собир, таҳлилгари тоҷик ва корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки идома пайдо кардани чунин ҳодисаҳо бо иштироки афсарону сарбозони Русия беэҳтиромии бузург ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст: “Ин гуна ҳодисаҳо обрӯи пойгоҳи ҳарбии Русияро дар сатҳи байналмилалӣ ва Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамеша дар муносибат бо Русия гузашт мекунад. Аз ҷумла, бидуни иҷора то соли 2042 ҷой додани пойгоҳи Русия аз чунин гузаштҳост. Ҳадафи ин пойгоҳ бехатарии миллати мо ҳаст, на ин ки амнияти шаҳрвандони оддиро халалдор кунанд.”
Ин таҳлилгари тоҷик такрори ҳодисаҳои куштору лату кӯби сокинони оддӣ аз ҷониби низомиёни пойгоҳҳои низоми Русияро дар Тоҷикистон омили тира шудани равобит миёни ин ду кишвар медонад.
Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, кушта шудани як тоҷик дар хоки ин кишвар аз ҷониби низомиёни рус бар фарқ аз кушта шудани як тоҷик дар Русия маънои дигар касб мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло мушоҳида мекунад, ки ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуфтугҳои сокинони оддӣ ба маънои таҳқир шудани тоҷикон аз ҷониби русҳо талақӣ мешавад.
Ӯ мегӯяд, “дуруст аст, ки Русия шарики стратегии мо ҳаст ва сарбозону афсарони онҳо бар асоси шартномаи ду кишвар ин ҷо ҳузур доранд. Аммо фикр мекунам, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо ба ҳар афсару сарбозе, ки ба Тоҷикистон меояд, таъриху фарҳанги ин мардум омӯзонида шавад ва роҳ надиҳанд, ки фарҳанги мо доғдор шавад. Муносибатҳои дӯстонаи Русия ва Тоҷикистон аз як афсари бемасъулият баландтар меистад.”
Аз кушторҳои “маишӣ” то баҳсҳои сиёсӣ
Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ин ҳодисаҳо аслан характери маишӣ доранд, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки рангу бӯи сиёсӣ пайдо кардаанд. Ӯ мегӯяд, тафсилоти ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки ҳеҷ афсари рус аз сари тоҷикбадбинӣ ба лату кӯб ва куштор даст назадааст, аммо баррасиҳои он дар матбуот дар зеҳни ҷомеа чунин афкорро эҷод кардааст.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик ба фарқ аз Музаффар Олимов мегӯяд, ба хотири ҷанбаи сиёсӣ нагирифтани чунин ҳодисаҳо бояд Русия аз соатҳои аввали вуқӯи чунин ҳодисаҳо иқдомҳои оқилона кунад.
Ӯ дар мисоли ҳодисаи кушта шудани Шоира Ҷобирова мегӯяд: “Барои он ки ин фоҷиа ҷанбаи сиёсӣ нагирад ва эҳсоси русбадбиниро бедор накунад, бояд ҷониби Русия ҳавасмандии худро нишон бидиҳад. Масалан, ҳам роҳбарияти пойгоҳи низомӣ ва ҳам сафорати ин кишвар мебоист таъзия баён мекарданд, ба хонаи майит мерафтанд ва сӯгвории худро баён медоштанд. Ин нашуд. Дар натиҷа асабонияти тоҷикҳоро бедор кард. Дар лаҳзаҳои ҳассоси муборизаҳои байни абарқудратҳо дар минтақа яке аз онҳо метавонад аз ин ҳолат ба манфиати худ сӯистифода кунад. Аз ин хотир пешниҳод дорам, ки намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби пойгоҳ пазируфта шавад.”
Ҳузури русҳо аз замони Русияи подшоҳӣ, Шӯравӣ ва баъди он
Русия дар Тоҷикистон беш аз сад сол ҳузури низомӣ дорад. Ҳанӯз Русия подшоҳӣ ҳангоми рақобатҳо бо Британияи Кабир дар охири асри 19 дар марзи Тоҷикистони кунунӣ, ки он замон Бухорои Шарқӣ ном дошт, ҳузур пайдо кард. Соли 1920 Русияи Шӯравӣ Аморати Бухороро сарнагун кард ва бо таъсиси кишварҳои тоза ин минтақаро бахши қаламрави худ гардонд. Аз охири асри 19 то соли 2005 русҳо назорати марзҳои Тоҷикистони кунуниро дар ихтиёр доштанд. Русҳо соли 2005 аз сарҳади Тоҷикистон рафтанд, вале дар се пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҳудуди 7000 аскару афсари худро нигоҳ доштанд.
Соли 2012 бар асоси як созишнома миёни Тоҷикистон ва Русия қарор шуд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 бидуни пардохти иҷорапулӣ боқӣ монанд.
Пойгоҳи 201-уми Русия, ки аз соли 1945 дар Тоҷикистон мустақар мебошад, бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Мақомот дар Маскав ва дар Душанбе ин пойгоҳро як омили муҳими таъмини амнияти Тоҷикистон медонанд, вале дар солҳои охир бештар исми ин пойгоҳ ба далели ҷинояту қонуншиканиҳои афсарону аскаронаш зуд-зуд дар сархати хабарҳо қарор мегирад.