Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии наздикони Шоира аз сӯи муфаттишони пойгоҳи 201


Акси Шоира Ҷобирова аз "Одноклассники"
Акси Шоира Ҷобирова аз "Одноклассники"

Мақомоти тафтишотии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон чанде аз наздикони Шоира Ҷобироваро мавриди пурсиш қарор дода, аз онҳо бештар дар бораи шуғли ӯ савол кардаанд.

Мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар нимаи дувуми 12 ноябр чанде аз наздикони Шоира Ҷобирова, аз ҷумла модар ва язнаашро мавриди пурсиш қарор додаанд.

Ҷасади ин шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон 9 ноябри соли ҷорӣ, баъди чор рӯзи гум шуданаш, аз партовгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе пайдо шуд ва ҳоло дар қатли ӯ афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков айбдор мешавад. Таҳқиқи қатли Ҷобирова ва даст доштани афсари рус дар ин ҷиноятро мақомоти тафтишотии пойгоҳи ҳарбии Русия ба ӯҳда доранд.

Наврӯз Султонов - яке аз пайвандони Шоира Ҷобирова 13 ноябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки муфаттишон аз соати 15 то 19-и рӯзи панҷшанбе онҳоро мавриди пурсиш қарор дода, бештар дар бораи шуғли Шоира пурсидаанд. "Баъдан савол карданд, ки аз гум шуданаш кай хабардор шудем, ба кӣ муроҷиат кардем, дар бораи ин қатл чӣ медонем ва то ҳоло аз кӣ чӣ фаҳмидаем?" -- афзуд ӯ.

Султонов мегӯяд, дар ҷараёни ин пурсишу посух мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-ум ба онҳо гуфтаанд, ки лейтенанти калон Иван Шербаков қатли Шоира Ҷобироваро ба гардан гирифтааст ва онҳо гуфтаанд, ки парвандаи алайҳи ӯ бар асоси моддаи 105, қисми 2-и қонуни ҷиноии Русия, яъне “куштори барқасдона” боз шудааст.

Ба қавли мусоҳиби мо, Идигул Азимова - модари Шоира Ҷобирова низ дар навбаи худ аз муфаттишон суол кардааст, ки бино ба иттилои дарёфтиашон гӯё чаҳор сарбози рус духтарашро ба хобгоҳи низомиёни рус бурдаанд, аммо чаро як нафар, яъне Иван Шербаков дар ин қазия айбдор мешавад?​ "Муфаттишон дар посух гуфтанд, ки се нафари дигар низ бар асоси ин парванда пурсида шудаанд, вале онҳо гуфтаанд, ки вақте вориди хобгоҳ шуданд, ҳар кадом ба утоқи хоби худ рафт. Ба нақли онҳо гӯё Игор бо Шоира ба утоқи вай рафтанд," -- идома Наврӯз Султонов.

Модари Шоира: "Бигузор қотилони духтарам ҷазо гиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия баъдан зери матни парванда ва айбнома алайҳи Иван Шербаков имзоҳои модар ва дигар пайвандони Шоира Ҷобироваро гирифта, онҳоро ҷавоб додаанд. Наздикони Шоира Ҷобирова мегӯянд, ки ҳоло дар тараддуди гирифтани як вакили мудофеъ ҳастанд, то дар ин қазия аз онҳо ҳимояти хубтар шавад.

Шоира Ҷобиорова се сол қабл издивоҷ карда ва бинобар наёфтани фарзанд аз шавҳараш ҷудо ва як ҳафта пеш аз маргаш дар яке аз ошхонаҳои назди пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипрозем фаъолият доштааст.

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябр аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Аммо мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар суҳбат бо Озодӣ аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда ва гуфтанд, то анҷоми пурраи бозрасӣ дар ин бора чизе гуфта нахоҳад шуд.

Дар тӯли як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли ҷорӣ бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр дар робита ба кушта шудани Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи ҳарбии 201-ум сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фроловро эҳзор кард ва ба ӯ нота супурд. Дар ин нота ё ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз қатли Ҷобирова шадидан ниграонӣ шуда. аз Маскав хоста шудааст, ки барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои зарурбӣ биандеша.

Пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии Русия берун аз қаламраваш аст. Ҳоло дар бахшҳои ин пойгоҳ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб 7 ҳазор сарбозу афсар хидмат мекунанд ва бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия ин пойгоҳ то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG