Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айби пешакӣ алайҳи Иван Шербаков


Акси Иван Шербаков (рост) аз саҳифааш дар "ВКонтакте"
Акси Иван Шербаков (рост) аз саҳифааш дар "ВКонтакте"

Алайҳи Иван Шербаков -- афсари пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 105-и қонуни ҷиноии Русия, яъне "куштори барқасдона", айби пешакӣ эълон шудааст.

Додгоҳи рақами 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба афсари ҳамин пойгоҳ Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кард. Шербаков ба гумони қатли зани 22-солаи тоҷик Шоира Ҷобирова рӯзи 9 ноябр дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати рақами яки Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва қарор аст то 9 январ дар онҷо бимонад.

Манобеи наздик ба тафтишоти қатли Шоира Ҷобирова 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сурати тасдиқи ин айбаш афсари пойгоҳи Русияро ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 15 сол интизор аст. Тафтишоти қатли Шоира Ҷобирова 11 ноябр оғоз ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир ҷониби тафтишот бар пояи ташхисе, ки дар ҷасади Шоира Ҷобирова анҷом дода шудааст, маълум хоҳад кард, ба ин зани 22-солаи тоҷик танҳо лейтенанти калон Шербаков дастдарозӣ кардааст ва ё нафарони дигар низ дар таҷовузи ӯ ҳамроҳ буда, баъдан вайро ба қатл расондаанд.

Акси Шоира Ҷобирова
Акси Шоира Ҷобирова

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябр аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд. Ҷобирова ҳамроҳи падару модараш дар маҳаллаи 102-юми пойтахт дар хонаи иҷора мезистааст, вале ҷанозаашро дар зодгоҳи ӯ - деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ - дафн намуданд.

Хабари марги ин шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон 9 ноябр, баъди чаҳор рӯзи қатли ӯ аз сӯи маъмурони пулиси Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 ошкор шудааст. Як мақоми тафтишотии ШКД-и Сино-1-и шаҳри Душанбе гуфт, ки афсари рус Иван Шербаков ин зани тоҷикро ба хобгоҳи қисми ҳарбии пойгоҳи 201-ум дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе даъват намуда, бо сабабҳои ҳанӯз барои тафтишот норӯшан, ба қатл расондааст.

То кунун бисёре аз хонандагон пайванди Шоира Ҷобироваро бо пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе пурсида ва ин суолро кардаанд, ки чаро ӯро ба хобгоҳи афсарони пойгоҳ бурдаанд? То ҳол маълум нест, ки оё Шоира Ҷобирова ва Иван Шербаков аз аввал якдигарро мешинохтанд, ё не, вале ба қавли Моҳира Ҷобирова, хоҳараш ду ҳафта пештар дар як ошхонаи наздики пойгоҳи Русия дар маҳалли “Гипрозем” ба кор оғоз карда будааст.

Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия идома медиҳанд ва парвандаи Иван Шербаков тибқи Кодекси ҷиноии Русия пеш бурда мешавад.​ Мақомоти тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия дар суҳбат бо “Озодӣ” аз ироаи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карда ва гуфтанд, то анҷоми пурраи бозрасӣ дар ин бора чизе гуфта нахоҳад шуд. Вале Вазорати дифои Русия эълон кард, ки ин қазияро якҷоя бо мақомоти Тоҷикистон таҳқиқ доранд ва барои ин як комиссияи махсус ҳам ба Душанбе фиристода шудааст.

Дар тӯли як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба латту кӯб, талоши дуздии мол ва қатли шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, додгоҳи гарнизони ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 августи соли ҷорӣ бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳкор эълон карда ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Дигар сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дмитрий Толстой, ба гуфтаи тафтишот, рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками таксирони тоҷик Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст.

Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия, воқеъ дар пойтахт шадидан нигаронӣ карда, дар ин бора ба сафири Русия Игор Лякин-Фролов ёддошт ё нота супурд. Ҷаноби Аслов гуфт, ин ҳодиса ба рӯҳияи дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия посухгӯ нест.

Дар ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид шудааст, "ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозим андешида шаванд". Бар асоси қарордоди Тоҷикистону Русия пойгоҳи 201 бо ҳафт ҳазор сарбозу афсараш то соли 2042 дар кишвар боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG