Ҷалби иҷбории маҳбусони мубталои сил ба тоза кардани партовҳо

Наздикони маҳбусони гирифтори сил иддао доранд, ҳафтаи гузашта пайвандони онҳо дар беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, иҷборӣ ба тоза кардани партовҳо ҷалб шудаанд.

Бар асари хароб шудани лӯлаи партовҳо дар шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо ошёнаи аввали он пур аз ифлосиҳо шудааст ва наздикони беморон мегӯянд, дар тоза кардани ин партовҳо давоми се рӯз аз қувваи беморони сил истифода шудааст. Аммо масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ин иддао асос надорад.

Муродбек Юлдошев, нафаре, ки худро яке аз наздикони маҳбуси ин беморхона муаррифӣ кард, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми се рӯз беш аз 20 маҳбуси бемор аз таҳхонаи ин бино ахлот берун овардаанд. Ба қавли ӯ, дар ҳоле маҳбусони бемор ба тоза кардани ин ҷалб шудаанд, ки вазъи сиҳаташон хуб нест ва партовҳо барояшон хатарноканд.

Ӯ гуфт: "Инҳо худашон пӯсташон болои устухон мондааст. Вақте фаҳмидем, боз ба ин кор ҷалб шудаанд, хеле ғамгин шудем. Ҳамин хеши моро бояд бинобар бемории вазнин аз маҳбас ҷавоб диҳанд, вале намедонам, чаро ӯро ҷавоб намедиҳанд. Ҷое, ки онҳо табобат мегиранд, шароити хуб надорад, дигар аз куҷо умеди хуб шудани саломатиашон ҳаст."

Нафари дигаре, ки худро Амрохон муаррифӣ кард, гуфт, то ҷое ӯ огоҳ ҳаст, ҳоло шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо пур аз бӯи бад аст. Ӯ мегӯяд, ҳавои тоза як шарти табобати гирифторони сил аст, вале табобати беморон дар чунин як шароит ва истифодаи нерӯи онҳо вазъи онҳоро хуб нахоҳад кард.

Аммо Бобомурод Мӯсоев, як масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, воқеан, бар асари хароб шудани лӯлаи ахлотгузар чунин ҳодиса рух дода буд, аммо дар тоза кардани партовҳои берунрехта аз нерӯи беморон истифода нашудааст.

Ӯ гуфт: "Ин бо қувваи гурӯҳи хоҷагидорӣ тоза карда шудааст ва алакай ҳама ҷо тоза аст. Ин ҷо ягон бемор ба кор ҷалб нашудааст. Ин беморхонаро як ташкилоти байналхалқӣ сохтаааст ва қубурҳо каме нодуруст ҷобаҷо шудаанд. Барои ҳамин ҳоло тасмим шудааст, ки шабака комилан бозсозӣ шавад ва чунин мушкил пеш наояд."

Шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо беш аз сад кат дорад ва ҳоло он ҷо зиёда аз 20 нафар маҳбус ба табобат фаро гирифта шудаанд. Аммо наздикони маҳбусони бемори сил мегӯянд, бори аввал нест, ки лӯлаи ахлотгузари ин шӯъба мекафад ва дар тоза кардани он бар дӯши беморон меафтад.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон бар асоси иттилои расмӣ беш аз 700 нафар аз гирифторони бемории сил ва вируси норасоии маснуияти бадан ё HIV бистарианд. Соли гузашта 25 маҳбуси силкасал аз дунё гузаштаанд. Дар маҳбасҳои Тоҷикистон шӯъбаҳои вижа барои табобати бемориҳои сил вуҷуд дорад, аммо шароити нигаҳдории беморон дар онҳо аксаран номусоид номида мешавад.