Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, 20 нафар муҳоҷирати корӣ баъди мубтало шудан ба бемории сил, дар ҳолати сангин маҷбуран ба ватанашон фиристода шуданд. Аксари онҳо ҷавонони аз 18 сола то 30-сола буда, ҳоло зери назари мутахассисони силшинос ва дар дармонгоҳои бемории сил қарор доштаанд. Аксари ин ҷавонҳо қиссаи ҳамсон доранд: баъди маълум шудани бемориашон, ба хотири аз даст надодани даромад, муддати дароз нахостаанд дар ин бора корфармои худро дар ҷараён гузоранд ва аз кору ҳақи зист маҳрум шаванд.
Давлатбек Умаров, сокини 31-солаи ноҳияи Бохтар яке аз онҳост. Ҳоло ӯ дар дармонгоҳи бемориҳои силии вилояти Хатлон бистарӣ аст. Вай гуфт, вақте дучори беморӣ шуд ва дарк кард, ки ба ҳамин далел метавонад аз ҷои кори сердаромадаш, ки дар идораи роҳсозӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд, маҳрум шавад, муддати дароз бемориашро пинҳон кард.
Давлатбек Умаров мегӯяд: “Вақте ман гирифтори беморӣ будам, лоғар шудам. Ҳамсарам маро нашинохт. Вазнам 91 килограм буд, вале дар беморӣ ба 64 килограм расидам ва баъди ташхиси духтурони рус моро гуфтанд, ки баргардед ба ватанатон. Ман ҳуҷҷати бозгашт ба ватанро пайдо карда баргаштам.”
Муҳоҷироне, ки мубталои бемории сил ба хона бармегарданд, қисса мекунанд, ки аксар вақт дар Русия дар шароити начандон хуб - дар хонаҳои сарду намнок гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ карда, дар сурати гирифтор шудан ба беморӣ, ба зудӣ ба духтур муроҷиат намекунанд. Аксари онҳо на бимаи тиббӣ доранду на забони русиро медонанд, ки сари вақт рафта аз пайи дармони худ шаванд. Илова ба ин, онҳо меҳаросанд, ки бемориашон боиси аз кор ронда шудан мешавад.
Сӯҳроб Камолов, директори Маркази бемориҳои зидди сили вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин ҳарфҳоро тасдиқ кард ва гуфт: “Дар Русия табобат намегиранд, чун онҷо шароити табобат барои муҳоҷирон мусоид нест. Бештари муҳоҷирон дар сӯҳбат бо мо мегӯянд, ки ба хотири ҷои корашон беморияшонро пинҳон медоранд ва ба ин ҳол гирифтор мешаванд. Инчунин ҷои зисти аксари муҳоҷирони тоҷик чандон хуб нест, баъзе аз онҳо то 20 нафарӣ дар як вагон зиндагӣ мекунанд”.
Ин дар ҳолест, ки табибон маълум накардаанд, ки ин муҳоҷирон дар Русия ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ё бо ин беморӣ аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Маҳмудҷон Хоркашев, раҳбари Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон мегӯяд, масъалаи расидагӣ ба муҳоҷирони кории гирифтори сил дар Русия ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Муроҷиатҳои батакрори мақомоти тоҷик дар бораи ба танзим даровардани масъалаи кӯмаки зарурии тиббӣ ба гирифторони сил дар Русия ҳанӯз беҷавоб мондааст ва ба бовари ҷаноби Хоркашев, бояд дар пояи сатҳи боло ҳаллу фасл шавад.
Ба иттилои Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон, аз аввали соли ҷорӣ наздик ба 100 муҳоҷири кории хатлонӣ, ки бо хоҳиши худ дар шаҳрҳои Русия ташхиси тиббӣ шуда, ихтиёран ин кишварро тарк кардаанд, сабт шудааст.
Мутобиқи қонунҳои Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 90 рӯз аз ташхиси тиббӣ гузарад ва агар дар ӯ бемории сироятӣ бошад, бояд дар зудтарин фурсат он кишварро тарк кунад. Гирифторони бемории сил баъди 10 соли табобат ҳаққи вуруд ба Русияро доштаанд.
Дар пояи омори расмӣ, феълан дар вилояти Хатлон 3000 нафар гирифтори сил буда, дар беш аз 40 дармонгоҳи махсуси зидди сил кӯмаки тиббӣ дарёфт мекунанд. Бемории силро табибон як маризии иҷтимоӣ меноманд, ки муолиҷаи муваффақаш на танҳо ба доруву дармон, балки ба шароити мусоиди иқтисодӣ, хӯроки дуруст ва сервитамин вобаста будааст.