Раванди бозшумории сад дар садии орои даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе барои савумин бор мутаваққиф шуд. Аҳмадюсуф Нуристон, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ин раванд ҳамин тавр то рӯзи чаҳоруми Иди Фитр мутаваққиф хоҳад буд.
Вай далели ин таъхирро риоя накардани тарзуламали шонздаҳ модаӣ аз сӯи тимҳои интихоботӣ хонд. Оқои Нуристонӣ мегӯяд, то вақте ду номзад тарзуламали пешниҳодии Созмони Милали Муттаҳидро имзо ва ба кумитаи иҷроияи Комиссияи интихобот насупоранд, раванди бозшумориро оғоз нахоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз идомаи иштирок дар раванди бозшуморӣ даст бардошт. Пеш аз ин низ ду бор раванди бозшумории оро ба сабабҳои мухталиф ба таъхир афтода буд.
Дар ҳамин ҳол дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул гуфтааст, ки ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури бо татбиқи тарҳи пешниҳодии СММ мувофиқат кардаанд. Дар эъломияи ин идора омадааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ин иқдоми Комиссияи мустақили интихобот мувофиқат кардаанд, ки кори бозшумориро мутобиқ ба тарҳи пешниҳодии СММ пеш баранд.
Дафтари СММ ҳамзамон аз Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон хостааст, ки корҳои бозшумориро мутобиқ ба ҳамин тарҳи пешниҳодӣ пеш барад. Дар ин тарҳ тамомии бахшҳои муҳими техникии бозшумории овозҳо, монанди ворид кардани оро дар система ва дигар масоил шомил мебошанд.
Аз сӯи дигар раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама аз ҳар ду номзади интихоботи президентии Афғонистон хостааст, то дар ҷараёни бозшумории орои даври дувуми интихоботи президентӣ, ваҳдати миллиро ҳифз кунанд. Қасри Сафед дар як эъломия гуфт, ки раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи ҷумъа зимни суҳбати телефонӣ бо ҳар ду номзади интихоботи президентии Афғонистон, аз онҳо ба хотири тавофуқашон дар бораи тафтиши комили орои интихобот сипосгузорӣ кард.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд. Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд.
Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.