Дар нимаи аввали сол ба Тоҷикистон 29 600 мошин ворид кардаанд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, эътирози ахири воридкунандагони мошин дар Хуҷанд як сӯъитафоҳум буд, ки ба масъалаи эъломияҳои гумрукӣ марбут аст.
Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ овозаҳо дар мавриди баланд рафтани боҷҳои гумрукӣ барои воридоти мошинро беасос хонд ва гуфт, дар ин росто ҳеҷ тағйироте ба амал наомадааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси гумрук бо тоҷирони мошин



Ҷаноби Раҳматов мегӯяд, «сухан дар бораи тарзи дурусти декларасия кардани арзиши гумрукии мошинҳо меравад.Шумо тасаввур кунед, ки арзиши гумрукии мошин дар кишвари содиротӣ, барои мисол, 2 ҳазор доллар аст, аммо дар бозори мо 6 ҳазор доллар нарх дорад. Мисол мошинҳои кӯҳнаи соли истеҳсолашон 90-ро бигирем, соҳибкор нархномаеро пешниҳод месозад, ки арзиши гумрукии ин мошин 200 доллар аст ва қотеъона пойфишорӣ мекунад, ки ба ҳамин маблағ мошин ба расмият дароварда шавад. Азбаски заминаи андозбандӣ ин арзиши гумрукии мол аст ва агар мо ба ҳамин нархномаи қалбакии пешниҳоднамуда ба расмият дарорем, буҷаи кишвар чӣ қадар зарар мебинад. Ва ин арзише, ки аз ҷониби раҳбарияти Хадамоти гумрук ҳамчун арзиши тавсиявӣ ба мақомоти гумрук ирсол мешавад, мутобиқ ба талаботи боби 52 Кодекси гумрук аст.»

Рӯзи 9 июл даҳҳо тан аз воридкунандагони мошинҳо ба нишони эътироз ба қоидаҳои нави андозбандии гумрукӣ дар назди идораи гумруки шаҳри Хуҷанд таҷаммӯъ карданд. Онҳо мегуфтанд, ки аз ҳар мошини воридшуда то зери 40 дарсад боҷи гумрукӣ меситонанд, ки метавонад боиси варшикастагии тиҷорати онҳо ва боло рафтани қимати мошин дар бозори Тоҷикистон шавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, дар сурате ки агар арзиши гумрукии воситаи нақлиёт пасту шубҳанок бошад, корманди гумрук ҳақ дорад санади тасдиқкунанда ва боэътимодро талаб кунад. Аммо меафзояд ӯ, 90 дарсади воридкунандагони мошинҳо чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намесозанд. Дар ин ҳолат қонунгузор ба гумрукчиён ҳақ медиҳад, ки вобаста ба иттиллои дар даст дошта, арзиши гумрукиро худашон муайян намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Неъмат Раҳматов мегӯяд, бо роҳандозии ҳамкориҳои иттилотӣ бо кишварҳои дигар имкони муайян намудани арзиши аслии нақлиёт дар кишварҳои содиркунанда фароҳам шудааст. Раҳбарияти Хадамоти гумрук мегӯяд, алакай бо соҳибкорон сӯҳбатҳо анҷом шуда, нофаҳмиҳо рафъ гардиданд.

Аммо Илҳомҷон Ёқубов, як тоҷири воридкунандаи мошин дар Суғд зимни ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 1 июл арзиши гумрукии мошинҳо 50 дарсад афзоиш афзуда, соҳибкоронро дар ҳолати варшикасатгӣ қарор додааст. Ӯ мегӯяд,
қаблан агар барои аз ҳама мошини камарзиш 3 940 сомонӣ боҷи гумрукӣ пардохт мешуд, ҳоло бояд ҳудудан 5 900 сомонӣ бисупоранд. Ӯ мегӯяд, «албатта, дуруст аст, ки кормандони гумрук ҳақ доранд арзиши мошинро муайян кунанд, аммо бояд вобаста ба вазъи бозори мошин ин корро анҷом бидиҳанд. Зеро нархе ки онҳо мегузоранд аз нархи бозор ба маротиб боло аст. То як моҳи пеш ҳар як соҳибкор танҳо барои боҷи гумрукӣ аз 50 то 70 ҳазор сомонӣ пардохт мекард.Яъне бе ин ҳам арзиши боҷи гумрукӣ боло буд. Ба ҳисоби мо, ҳатто соҳибкори хурд бо қаторе, ки дар он 10 мошине, ки аз 3 500 то 4 ҳазор долларро ташкил мекунад, нафақаи 400 бознишастаро таъмин мекунад. Аллакай чанд соҳибкор аз кишварҳои Олмону Литва мошин нахарида, баргаштанд. Чун нархи ҳар як мошин ҳудудан то 2000 сомонӣ боло мешавад.»


Мошинбозори Душанбе

Илҳомҷон мегӯяд, ҳоло тақрибан ҳамаи тоҷирон дар Суғд фурӯши мошинҳои худро боздоштаанд ва шояд воридоти мошин коҳиш биёбад. Зеро ба гуфтаи Илҳомҷон, бо идомаи ин вазъ аксари соҳибкорон тиҷорати мошинфурӯширо тарк хоҳанд кард.

Соҳибназарон мегӯянд, агарчи боҷу молиёти мошинҳои воридотӣ аз 1 феврал боло рафт, аммо тоҷирон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши талабот акнун афзоиши пардохтҳоро эҳсос карданд. Аз ҷумла Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, «маъмулан дар зимистон талабот нисбат ба мошин дар бозорҳо кам аст, аммо бо онки тобистон муҳоҷирон пули хуб кор мекунанд ва мошинхарҳо низ зиёд мешавад, мутаносибан соҳибкорон нав ҳамин мушкили болоравиро эҳсос карданд.Аз сӯи дигар, ба назари ман, то имрӯз талаботи мақомот низ камтар буд, аммо чун ин шаб рӯз мақсади аслии мақомот дар кишвар пур кардани буҷа аст, шояд талабот низ дар ин замина сахттар шуда ва то тиҷорати мардум низ ин проблема расид.»

Ҷаноби Бондаренко низ ҳадс мезананд, ки вобаста ба шароити имрӯз эҳтимоли то 10 -15 дарсад боло рафтани арзиши мошин дар бозор вуҷуд дорад. Аммо бо назардошти онки ба Тоҷикистон аслан мошинҳои кӯҳнаву камарзиш ба мисли Опелу Мерседес ворид мешавад, даргумон аст, ки кам шудани талабот ба ин навъи мошинҳо боис шавад.Аз сӯи дигар, мегӯяд ин таҳлилгар, чунин мушкилот метавонад ба коррупсия дар ин замина роҳ кушояд ва тоҷирон барои ворид кардани мошин аз «кумак»-и ашхоси муайян дар ин ниҳод истифода баранд.

Дар ҳамин ҳол, Умар Худоёров, корманди Анҷумани миллии мудирон ва бозорёбонмаркетологҳо)-и Тоҷикистон мегӯяд, зарари боло рафтани молиёти мошин бештар ба ҷайби харидорон хоҳад расид, на тоҷирон. Ӯ мегӯяд, «тоҷирон аксаран барои қишри миёнаи Тоҷикистон мошин ворид мекунанд. Онҳо ҳатман ҳар хароҷоте, ки ба ҳангоми воридоти мошин кардаанд, ба нархи он зам мекунанд. Ва барои одамоне, ки як сол пеш барои харидории мошин маблағ ҷамъ кардаанд, бо баланд шудани нархи он харидани мошин душвор мешавад. Аммо қишри болоии ҷомеа, онҳое, ки пул доранд болову поин рафтани нарх дар бозор барояшон аҳмият надорад, мошини мақбули дилашонро ҳатман мехаранд.»

Бо ин ҳама,раҳбарияти Хадамоти гумрук мегӯянд, бо вуҷуди тағйирот дар боҷи содиротӣ, воридоти мошин ба кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 29 600 адад мошин ворид шудааст. Як сол пеш ин рақама 21 800 адад буд.