Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори мошин қарори ҳукуматро нодуруст фаҳмид?


Намое аз мошинбозори шаҳри Душанбе
Намое аз мошинбозори шаҳри Душанбе

Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо нашри баёнияе сару садо дар мавриди гарон шудани нархи мошин дар бозорҳои кишварро беасос хонд.

Овозаҳо дар атрофи болоравии нархи мошин дар бозорҳои кишвар пас аз қабул гардидани «тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути гумруки Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва содагардонидашуда» дар 1 феврали соли ҷорӣ сар зад. Ин ислоҳот ба қарори ҳукумат аз сӯи порлумон дар моҳи декабр ба тасвиб расида буд.

Абдураҳим Умариён, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҷумъаи 15 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо ҳадафи баррасии ин масъала гуруҳи вижаи хадамоти гумрук аз бозори мошинҳои кишвар дидан кард ва суҳбату мулоқотҳое бо тоҷирони воридкунандаи воситаҳои нақлиёт анҷом дод.

Абдураҳим Умариён - сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Абдураҳим Умариён - сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон
Сухангӯи Хадамоти гумрук афзуд, дар пайи ин баррасиҳо маълум гардид, ки воқеан афроди ҷаллоб ва миёнарав дар бозори мошинҳо бо баҳонаи бештар аз нархи мавҷуда ба фурӯш гузоштани воситаҳои нақлиёт қарори ҳукуматро ба харидор ва ё ба соҳибони мошинҳо нодуруст шарҳ дода, аз ин тариқ фоида ба даст оварданӣ шудаанд.

Ҳол он ки, ба иттилои хадамоти гумрук, то кунун воситаҳои нақлиёт ҳангоми воридот ба кишвар бо ду тартиб, имтиёзнок ва умумӣ, ба расмиёти гумрукӣ дароварда мешуд. Ҳамакнун, дар пайи ислоҳи ахири қарори ҳукумат тартиби имтиёзнок, ки то ҳол роиҷ буд, лағв гардид. Зеро, бар асоси ин тартиб, то кунун барои тавоноии муҳаррики мошин пардохтҳое вуҷуд дошт. Барои мисол, агар андозаи муҳарик 2500 то 4000 мукааб буд, 60 сент ва агар аз 4000 мукааб бештар буд, 1, 20 доллар пардохт мешуд.

Дар гузашта тоҷирон, бо назардошти тартиби имтиёзнок, аз шиносномаи пайвандону ҳамсоягонашон барои ворид кардани воситаҳои нақлиёт аз хориҷи кишвар истифода мекарданд, ки ин вазъ, ба таъкиди мақомоти давлатӣ, «бесарусомонӣ дар бозори мошин» -ро ба бор оварда буд.

Ин аст, ки мақомот мегӯянд, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумат ва лағви тартиби имтиёзнок низ ба манзури ҷилавгирӣ аз тақаллубкорӣ амалӣ гардидааст.

Мақомоти гумрук мегӯянд, ҳоло дар воридоти воситаҳои нақлиёт танҳо аз тартиби умумӣ кор гирифта мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин маънои гарон шудани пардохти гумрукиро надорад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ гузориш медиҳад, ки агар се сол қабл ба Тоҷикистон 34 ҳазору 293 мошини ворид шуда бошад, беш аз 32 ҳазори он бо тартиби умумӣ интиқол ёфтаанд. Аммо дар соли 2012 ба Тоҷикистон беш аз 51 ҳазор мошини сабукрав ворид шудааст, ки ҳудуди 46 ҳазори он тартиби умумиро дар бар мегирад.

Бар пояи омори гумрукӣ, 90 дар сади мошинҳои сабукраве, ки вориди бозори Тоҷикистон мегарданд, бо нархи пешина фурӯхта мешаванд ва танҳо нисбати мошинҳои гаронқимат ва ё тавлиди солҳои ахир расмиёти гумрукӣ гарон шудааст.

Ба ин далел, Абдураҳим Умариён, сухангӯи хадамоти гумрук, мегӯяд, иддао дар бораи он ки пас аз тартиби нави воридот нархи мошинҳои сабукрав гарон шудааст, асосе надорад.

Дар ҳамин ҳол, Раҳмон Уроқов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки аз кишварҳои соҳили Балтик ба бозорҳои Душанбе мошин ворид мекунад, гуфт, ки воқеан дар пайи иҷрои қарори нави ҳукумат нархи мошинҳо аз 250 то 300 доллар гарон шудааст.

Вай мегӯяд, ки вақти харидории мошинҳо аз онҳо миёнаравҳо ба афзоиши боҷи гумрукӣ тавассути ҳукумат таъкид мекунанд ва ҳатман маблағи иловагиеро ба нархи он мегузоранд.

Аммо ин фард гуфт, ки дар ҳақиқат расмиёти гумрукӣ нисбати мошинҳои гаронқимат, ба мисли «Тойота Прадо», «X6», «Порше», «Лексус», ки барориши солҳои ахиранд, гарон шудааст, аммо мошинҳои солашон куҳна ба расмиёти пешина воридот мешаванд.

Зеро, ба таъкиди вай, «Тойота Прадо» - и соли 2011 бо қимати 50 ҳазори доллар ба Тоҷикистон ворид мешавад, тибқи расмиёти гумрукӣ 33 дар сади арзиши он пардохти боҷ хоҳад буд. Дар ин сурат, ба таъкиди Раҳмон Уроқов, ин маблағ болои нархи мошини воридшуда дар бозор изофа хоҳад шуд.

Уроқов мегӯяд, ҳарчанд расмиёти гумрукӣ ба мошинҳои соли бароришашон кӯҳна дахл надорад, аммо тоҷирон низ бо ҳар баҳона болои нархи воридкардаи он маблағе изофа мекунанд ва ба харидорон пешниҳод месозанд.

Зимнан, бо таваҷҷуҳ ба фасли зимистон, ки айёми бозгашти аксари муҳоҷирон аз хориҷи кишвар аст, нархи мошин дар бозорҳо низ ҳудудан 200-300 доллар боло меравад.
XS
SM
MD
LG