Афзоиши бесобиқаи худравҳо як гурӯҳ ҷавонони эҷодкорро водор кардааст то ба нашри ин маҷаллаи ранга даст бизананд.
Мирвайси Маъмур, яке аз муассисони ин маҷалла гуфт, бо вуҷуди афзудани шумори худравҳо дар Тоҷикистон, дӯстдорони мошинҳо ягон нашрияи махсусе надоштанд: «Мо хостем бо нашри як маҷаллаи ранга ин холигоҳро пур созем. Қаблан ҳам кӯшишҳои нашри рӯзнома, брошураҳои махсус барои дӯстдорони автомобил буданд, аммо онҳо муваффақ нашуданд. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки маҷаллаи рангаро, ки ҳар моҳ нашр мешавад, таъсис диҳем.»
Ҷаноби Мирвайс афзуд, дар дигар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон на як, балки чандин маҷаллаҳои вижа барои дӯстдорони автомобил нашр мешаванд, чун дар он ҷо саноати истеҳсоли мошин ҳам рушд кардааст. Оқои Мирвайс иброз дошт, ширкате, ки ӯ дар он кор мекунад, дар садади боз кардани як корхонаи пайванду васл кардани кардани қисмҳои мошинҳо аст ва нашри ин маҷалла як навъ кӯшише барои омӯхтани бозори худравҳо дар Тоҷикистон низ мебошад.
Дар ҳамин ҳол ба таври бесобиқа афзудани миқдори мошинҳои сабукравро коршиносон ба омилҳои гуногун рабт медиҳанд. Аммо ба таъкиди аксари онҳо, муҳоҷирони корӣ харидорони аслии мошинҳои сабукраванд.
Ҳайдар Шодиев, сардабири маҷаллаи «Автостайл» мегӯяд, муҳоҷирон пас аз ранҷҳои бешумор ва ба даст овардани як миқдор пул, мехоҳанд бо роҳе дар кишвари худашон зиндагиро пеш баранд: «Аксари муҳоҷирон пас аз муҳоҷират мувофиқи сармояашон ягон мошин мехаранд ва бо воситаи мусофиркашонӣ мехоҳанд зиндагиашонро пеш баранд.»
Аммо афзоиши ин гуна муҳоҷирони мошинсавор рақобатро дар ин арса тезу тунд кардааст ва аксари онҳо пас аз чанд моҳи мусофиркашонӣ дар ватан, мошини худро бо нархи нисбатан арзон фурӯхта дубора роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Бинобар ин дар бозори мошини Тоҷикистон нархи мошинҳои дасти дуввуму саввум нисбати кишварҳои ҳамсоя арзонтар аст.
Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳатшро кӯҳҳо иҳота кардаанд ва хатти оҳан ба аксари манотиқаш пайваст нашудааст, худравҳо нақлиёти умда ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти охири Кумитаи омори Тоҷикистон, 85 дарсади ҳамлу нақли коло дар соли гузашта бо нақлиёти автомобилӣ анҷом шудааст .
Дар ҳамин ҳол тибқи омори ҳамин кумита, воридоти мошин ба Тоҷикистон имсол 306,7 фоиз афзуда, дар 3 моҳи аввали сол ба кишвар ба маблағи 98,9 миллион доллар мошин ворид шудаст. Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи 146,6 миллион доллар мошин ворид карда буд.