Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бе тавлидот мошин "содир" мекунад


Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ воридот ва содироти мошинҳо дар кишвар се баробар афзудааст.

Дар ҳоле, ки солҳои гузашта маъмулан воридоти мошин ба кишвар бартарӣ дошта ва низ аксар маворид мошинҳои истифодашуда ба Тоҷикистон ворид мешуд. Ба иттиллои ин ниҳод, дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 200 миллион доллар мошин ворид шудааст. Дар ҳоле, ки як соли пеш воридот дар ҳаҷми 65 миллион доллар буд.

Тоҷирони мошин дар бозорҳои Душанбе мегӯянд, феълан низ воридоти мошинҳо аз Аврупо ва кишварҳои назди Балтик бартарӣ дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, аз кишварҳои арабӣ ва Ҷопону Куриё низ воридоти мошинҳо ба Тоҷикистон афзоиш доштааст.

Сафар Шарифов, як тоҷири мошинҳо дар бозори Душанбе мегӯяд, феълан навъҳои мухталифи мошин - ҳам истифодашуда ва ҳам ҷадид дар бозорҳои кишвар тиҷорат мешавад ва харидории мошин ҳам нисбат ба як соли пеш хеле афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, агар дар як соли пеш дар тиҷорати мошин иваз кардан ва бар изофа бақияпулӣ додан маъмул буд, ҳоли ҳозир мардум бо пули нақд мошин мехаранд.

Ба қавли Сафар Шарифов, ҳамчунин содироти мошин аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар низ афзудааст ва дар бештари маворид содиркунандагон тоҷирони ҳамсоякишварҳо Осиёи Марказӣ мебошанд: «Аксар маврид мошинҳоро аз Тоҷикистон харида ба Қазоқистон мебаранд. Масалан, соли гузашта тамоми мошинҳои тамғаи «Тайота кемри»-ро тоҷирони қазоқ аз бозорҳои Тоҷикистон харида ба кишвари худ бурда буданд. Ҳамчунин мошинҳои тамғаи КИА, ЛЕКСУС хеле арзон аст, аммо дар Узабкистон ин тамғаи мошинҳо хеле қиммат аст. Барои ҳамин аз Тоҷикистон харида ба Убакистон содир мекунанд.»

Ба гуфтаи тоҷирон, қиммати арзонтарини мошинҳо дар бозорҳои Тоҷикистон 800 доллар барои навъҳои хеле қадимии тамғаи ОПЕЛ аст, аммо гаронтарин қиммати мошинҳои ин бозор то 70 ҳазор доллар будааст. Бар изофа, мошинҳои бо арзиши болотар аз 70 ҳазор доллар ба таври хусусӣ ва фармоишӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аммо дар бозорҳо ба фурӯш гузошта намешаванд.

Аммо дар бозори мошинҳои боркаши Тоҷикистон, тавлидоти Чин афзалият доштааст ва ба гуфтаи тоҷирон, ҳам воридот ва ҳам фурӯши мошинҳои чинӣ хеле осонтар аз кишварҳои Ғарб ва Русия аст. Зеро қиммати мошинҳои чинӣ хеле поин ва низ хароҷоти сӯзишвории ин навъи мошинҳо камтар аз мошинҳои ғарбӣ ва русӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон сабаби афзоиши воридот ва содироти мошинҳо дар Тоҷикистонро ба масоили мавҷудаи иҷтимоии сокинони кишвар рабт медиҳанд.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик
Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик, мошин дар Тоҷикистон ба як манбаи аслии хонаводаҳо ва эҷоди ҷойҳои кории хусусӣ табдил шудааст:«Барои он ки дар Тоҷикистон феълан бе мошин ягон соҳибкор, ягон деҳқон ва ягон хонавода аз ӯҳдаи иҷрои кори хоҳагӣ намебарояд. Тавре ҳам дар кӯчаҳои шаҳру деҳот мебинед, ҳамаи мошинҳои кӯҳнаи Опелу дигар тамғаҳо маъмулан мусофиркашӣ мекунанд. Баъдан ҳама муҳроҷирони меҳнатӣ низ соли аввали кор кардан талош мекунанд, ки мошин харанд, чун ба Тоҷикистон бармегарданд, муддати дар ватан будан бо мошин ягон кореро анҷом медиҳанд, ки даромад меорад.»

Фирӯз Саидов меафзояд, сабаби дигари афзоиши содироди мошин ба хориҷ аз Тоҷикистон он аст, ки дар кишварҳои ҳамсояи Узбакистон ва Қазоқистон молиёти гумрукӣ барои воридот аз Аврупову дигар кишварҳои хориҷи дур хеле гарон аст ва аммо воридот аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил арзонтар ва ҳам рои воридот кӯтоҳтар мебошад. Дар тӯли чор моҳи соли ҷорӣ содироти мошин аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар ҳудуди 16 миллион долларо ташкил кардааст. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон саноати тавлидоти мошинҳо, хусусан мошинҳо сабукрав вуҷуд надорад.

Афзоиши воридот ва содироти мошинҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки қиммати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хеле гаронтар аз ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказист.
XS
SM
MD
LG