Бунёди роҳи баҳсӣ дар ҷазирақаламрави Ворух қатъ шудааст, вале дар айни замон Тоҷикистон ба бунёди қисмати роҳи қирғизҳо дар ноҳияи Ғафуров иҷозат додааст.
Ин созиш дар ҷаласаи охири Комиссияи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе ҳосил шудааст. Интизор мерафт дар ин нишаст “тақдир” - и роҳи қирғизҳо аз канори ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара, ки бунёди он ба низои байни сокинон сабаб гашт, низ ҳаллу фасл гардад.
Дар ҳамин ҳол, Қурбонбой Искандаров, раҳбари бахши марзбандӣ ва рушди манотиқи марзӣ дар дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон ба бахши қирғизии Озодӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон билохира ба сохтмони як қисмати роҳи мошингарди Тамдиқ - Интернатсионал аз қаламрави худ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷоза дода, дар ин маврид санадҳои ниҳоӣ дар нишасти Душанбе ба имзо расидааст.
Ин роҳи мошингард ду деҳаи ҷудои қирғизҳоро ба ҳам мепайвандад. Қаблан Тоҷикистон ба бунёди ду пул бар болои рӯди Хоҷа Боқирғон дар ноҳияи Ғафуров мухолифат мекард. Ба гуфтаи ин мақоми қирғиз, Тоҷикистон ин навбат бар ивази ҳаққи истифода аз оби наҳри наздимарзии қирғизҳо ба гузашт розӣ шудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд, вале эҳтимолан сухан дар бораи наҳри нави қирғизҳо меравад, ки аз деҳаи Сурх ва шаҳраки Шӯроби Исфара мегузарад. Тоҷикистон соли гузашта чунин роҳҳаллро ба Қирғизистон пешниҳод карда буд.
Дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 16 – 17- уми моҳи равон дар Душанбе ҳамчунин масъалаҳои гузаргоҳҳои марзӣ, манъи сохтмони иншоотҳо ва истифодаи замин, ҳамин тавр, захираҳои обиву чарогоҳҳо дар заминҳои баҳснок то муайян шудани хати марз мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Дар ин бора миёни Тоҷикистону Қирғизистон созишномае аз моҳи майи соли 2004 амал мекунад. Ба навиштаи бархе расонаҳои қирғиз, ҷонибҳо дар мавриди тағйиру ислоҳи он то 26 - уми майи соли равон тасмим гирифтаанд. Аскаралӣ Мираҳмадов, намояндаи вилояти Бодканд дар Суғд гуфт, ин ба хотири сабук намудани мушкилоти сокинони наздимарзӣ сурат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 27 – 28 май бо як сафари корӣ вориди Бишкек мешавад ва интизор меравад дар ин сафар қарордодҳоеро, ба имзо расонад.