Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси обу замин дар мулоқоти зудраси сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон


Аскар Башимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон.
Аскар Башимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон.

Дар Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон кори худро ба анҷом расонд.

Дар пайи ду рӯзи баррасиҳои гурӯҳҳои корӣ сари масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энержӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, нақлиёт, марз ва ғайра дар анҷом аз сӯи ҳамраисон, вазирони нақлиёти Тоҷикистону Қирғизистон – Низом Ҳакимов ва Колибек Султонов як ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Ҷаласа пас аз ҷанҷоли марзии рӯзи 27-уми апрел дар сарҳади Исфара бо Бодканд баргузор шуд. Иддае ҳам бар ин буданд, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар пас аз ин ҳаводис осеб дидаанд.

Ҷаласа бидуни ширкати хабарнигорон баргузор шуд ва дар интиҳои нишаст хабарнигори «Озодӣ» бо Аскар Бешимов, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон як суҳбат анҷом дода, нахуст аз муҳтаво ва ҳолу ҳавои баррасиҳои масоили ҳамкориҳои миёни ду кишвар суол кард:

Аскар Бешимов: Нуктаи аввал ва асосӣ сафари расмии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки 27- 28 майи соли равон сурат мегирад. Аз ин хотир, ҳоло ба ин сафар омодагиҳо ҷараён доранд ва ҳам як тарҳи маҷмӯие омода мешавад, ки ба танзим ва рушди муносибатҳои ду кишвар равона шудаанд. Ҷаласаи Комиссияи байни ҳукуматҳо ҳам даҳ рӯз пеш аз ин сафар баргузор шуд.

Озодӣ: Оё кадом масъалаҳои муҳим миёни ду кишвар ҳастанд, ки дар мадди аввал гузошта мешаванд?

Аскар Бешимов: Дар доираи Комиссияи байни ҳукуматҳо як маҷмӯи бузурги масъалаҳоро дорем, ки қабл аз ҳама ба равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим барои ду ҷониб ҳамкориҳои марзӣ рабт мегиранд. Тавре медонед, дар марзи ҷанубии Қирғизистон – вилояти Бодканд ва вилояти Суғди Тоҷикистон ба ин далел, ки ҳанӯз марзҳои байни мо танзим нашудаанд, ба он хотир ки раванди аломатгузории марзҳо идома дорад, ҳамасола миёни аҳолӣ баҳсҳо ба миён меоянд. Дар робита ба ин масъала мо як маҷмӯи масъалаҳоро ба баррасӣ гирифтем.

Озодӣ: Имкон доред, ки шарҳ диҳед, кадом масъалаҳоянд ва чӣ тур ду кишвар мехоҳанд ин мушкили доғро ҳал кунанд?

Аскар Бешимов: Аввал, ҳамкории мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд танготанг бошад. Дуввум, омода кардани чанд созишнома аст, ки бояд қабл аз ҳама барои дар қитъаҳои баҳсноки марзӣ сохтани зерсохторҳои зарурӣ шароит фароҳам оранд, аммо ин қитъа дар раванди музокирот ҳанӯз баҳснок маҳсуб мешавад. Ҳоло матни ин созишномаро ду вазир, ҳамраисони комиссия маъқул шуморида, имзо карданд.

Озодӣ: Оё метавонем гӯем, ки пас аз 28 май мушкили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳал мешавад?

Аскар Бешимов: Мо ин тавр гуфта наметавонем, зеро миёни ду кишвари ҳамсоя як зиндагии бисёрҷабҳаи аҳолӣ ҷараён дорад ва ҷанҷолҳо ба миён меоянд, ҳатто агар марзҳо ҳам муайян шаванд, аз ҷумла дар масъалаи об. Аммо ҳоло он чӣ муҳим аст, ҷонибҳо мекӯшанд, ки ин масъалаҳоро ҳал кунанд. Мо мегӯем, ки бо Тоҷикистон ягон ихтилофи ҷиддӣ ва мушкил надорем. Бале, ба қарибӣ ҳаводиси Ворух буданд. Ва дигар масъалаҳо ҳам буданд. Аммо ҳамраисони комиссия нишастанд ва ин масъалаҳоро ба баррасӣ гирифтанд, то ки ҳал шаванд.

Озодӣ: Яъне баррасии масоили марзӣ як раванди дурударозе хоҳад буд?

Аскар Бешимов: Бале, аммо мо умедворем, ки ин як раванди дурудароз намешавад. Ин раванд то анҷоми музокироти аломатгузории марзҳо хоҳад буд, замоне, ки мо созишномаи марзии худро ба имзо мерасонем ва баҳсҳои марзӣ миёни аҳолӣ батамом аз байн мераванд. Аммо то он замон мо бояд ҳамкорӣ ва масоили ҷориро ҳал кунем.

Озодӣ: Ҳамчун дипломат ба ин, ки музокирот сари аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ин қадар ба кундӣ пеш меравад, чист?

Аскар Бешимов: На, ман намегӯям, ки раванди музокирот кунд аст, зеро дар тамоми ҷаҳон ин як давраи дурударозро дарбар мегирад. Ва ин табиист, чун гап дар бораи ҳудудҳо меравад ва ин принсип дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст, ки бо назардошти манофеъи миллӣ ҳар кишвар мехоҳад бештар ҳудуд дошта бошад. Мо музокиротро ҳанӯз соли 1998 сар карда будем. Бале, 15 сол мешавад! Аммо аз 970 километр марз, мо 500 километрашро мувофиқа кардем. Боз 400 километри дигар ҳаст. Ҳоло бояд нишинем ва сари қароре оем, ки ҳарду ҷонибро қаноат диҳад. Бубинед, дар замони Шӯравӣ, ки РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон ташкил шуданд, марз набуд, балки тақсимоти хоҷагӣ – маъмурӣ буд. Аз замони совнаркомҳои солҳои 20-ум то замони раисони колхозу совхозҳои солҳои 60- ум қарорҳои гуногуне ба миён омаданд. Акнун ин ҳама ҳуҷҷатҳоро бояд пешамон гузорем, омӯзем ва хулоса кунем, ки аз рӯи адолат кадом ҳудуд ба кӣ дахл дорад. Ҳоло мо дар архивҳои Русия, собиқ Шӯравӣ ҳам кор мекунем. Бубинед, аз 400 километре, ки мегӯем, 220 километр аз маҳалҳои аҳолинишин, ҳатто ҳавлиҳо мегузаранд. Роҳҳо ду тақсим мешаванд. Мо миёни роҳ марз гузорем. Аз ин хотир, ҳоло музокирот идома дорад.

Озодӣ: Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооб ҳастанд ва таври маълум бо кишварҳои поёноб мушкил ҳам доранд. Ду кишвар чӣ тавр ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд?

Аскар Бешимов: Тасаввур кунед, Иттиҳодӣ Шӯравӣ буд ва Госплан, ки ҳамаро танзим мекард. Нерӯгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон зимистон барқ тавлид мекарданд ва тобистон аслан ҳамчун обанбор хизмат мекарданд, обашонро ба Узбакистону Туркманистону Қазоқистон барои обёрӣ медоданд. Аммо бар ивазу ин маводи нафтӣ ва газ мегирифтанд. Шӯравӣ пош хӯрд. Ҳоло мо газу нафтро аз онҳо бо нархҳои ҷаҳонӣ мехарем. Яъне тавозун хароб шуд. Зарурати созишномаҳои нав пеш омад, аммо онҳо нестанд.

Озодӣ: Оё мешаванд ва Қирғизистону Тоҷикистон ба ин чӣ назар доранд, аз як мавқеъ хоҳанд суҳбат кард ё чӣ?

Аскар Бешимов: Мо ба ин назарем, ки ин созишномаҳо бояд аз рӯи адолат ҳал шаванд. Мо вариантҳои худро пешниҳод кардем, аммо тавре медонед, моро ҳанӯз қабул надоранд. Аз ин хотир, мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон як аст. Мо барои нигаҳдории иншоотҳои энержиамон харҷи калон дорем.

Озодӣ: Чанде қабл, раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Атамбоев зимни як изҳорот аз СПАД (ОДКБ) хостори кӯмак ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Тоҷикистон шуд. Аммо дар гузашта ин гуфтугузорҳо буданд, ки ин роҳ тариқи Узбакистон хоҳад шуд. Ниҳоят Қирғизистон аз кадоме ҳимоят хоҳад кард, ки ба истилоҳ, ягон ҳамсояашро хафа накунад?

Аскар Бешимов: Умедворем, ки ин масъала миёни ду раисҷумҳур баррасӣ мешавад ва ман ба ҷои онҳо посух намегӯям. Аммо ҳар кишвар аз мавқеи манофеъи миллии худаш тасмим мегирад, на ранҷиши ҳамсояҳояш. ТЭО ё мутолааоти фанниву иқтисодӣ, сармоягузории ин тарҳ ва ниҳоят сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон маълум мекунанд, ки кадом роҳро интихоб хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG