Соли 2012-ро барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия наметавон соли тағйироти ҷиддӣ барои беҳбуди вазъ арзёбӣ кард.
Он тақрибан мисли солҳои пеш боқӣ монд ва ҳузури муҳоҷирони кории хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бо меъёрҳои байналмиллалӣ мутобиқ набуд.
Бо назардошти ин дар соли 2012 мақомоти Русия нисбат ба солҳои пеш бештар саъй карданд мушкили муҳоҷиронро ҳал кунанд, то он ба мушкили худи ҳукумат табдил нашавад. Онҳо дарк карданд, ки бояд барои танзими умури муҳоҷират заминаҳои қонунӣ фароҳам оранд ва бо ҳукуматҳои кишварҳои муҳоҷирин ва созмонҳои миллии муҳоҷирин дар қаламрави Русия барои ҳали масъалаҳои муҳоҷират, кор ва таъмини заминаҳои қонунии зиндагии онҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ҳукумати Русия зоҳиран корро дар ин самт бо он шуруъ кардааст, ки ҳар муҳоҷири корӣ қабл аз вуруд ба Русия ва гирифтани иҷозаи кор бояд аз забони русӣ имтиҳон супорад. Ба ин манзур дар чаҳорчӯбаи Ожонси федеролии “Руссотрудничество” гурӯҳҳои қабули имтиҳони забони русӣ ташкил шуд. Моҳи ноябр дар Тоҷикистон низ чунин гурӯҳ ба фаъолият оғоз кард.
Любов Дудко-раҳбари маркази таълимию методии забони русии “Россотрудничество” дар Душанбе мегӯяд, барои супардани имтиҳони забони русӣ донистани 850 калимаи русӣ кифоят мекунад: “850 калима кифоят мекунад, ки дониши забонӣ бо меъёрҳои асосии забони русӣ мутобиқат кунад.”
Аммо хоҳишмандони чунин имтиҳон зиёд нестанд. Боғшоҳи Лашкарбек, таҳлилгари умури муҳоҷирин дар Маскав дар ин бора чунин назар дорад: “Имтиҳон чандон сахт нест, аммо каме пул мехоҳад. Барои гирифтани сертификати забон 5 ҳазор рубли русӣ мегиранд ва шояд барои дарс ҳам пул бигиранд.”
Оқои Лашкарбек донистани забони русиро барои ҳар муҳоҷир ҳатмӣ медонад ва мегӯяд, донистани 850 калима кори мушкиле нест. Вале агар муҳоҷир имтиҳонро супурда натавонад, ин пул месӯзад.
Ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик бо пешниҳод ва ҳамоҳангӣ бо мақомоти Русия ҳоло дар шаҳрҳои гуногун гурӯҳҳои омӯзиши забони русӣ ташкил кардаанд, вале ҳақи қабули имтиҳонро надоранд. Бо вуҷуди чунин тадбирҳо, бо гузашти вақт бо ришва харидани сертификат ё шаҳодатномаи забон дар Тоҷикистон ё дар Русияро таҳлилгарон истисно намешуморанд. Чунин таҷриба дар ҳаёти муҳоҷирон мушоҳида шудааст. Вақте, ки мақомоти Русия шаҳодатномаи тандурустӣ ё иҷозатномаи корӣ ҷорӣ карданд, он ба як сарчашмаи даромади “чап”-и дарстандаркорон табдил ёфт. Ҳоло як справкаи духтур ё иҷозатномаи кориро, ки 2 ҳазор рубл арзиш дорад, тақрибан бо 20 ҳазор рубл, “мехаранд”.
Дар давоми соли 2012 нируҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Русия фишор оварданд, ки ҳукумат бояд барои муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ муқаррароти раводид ҷорӣ кунад ва қаламрави ин кишвар, ба вижа Маскавро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ “пок” созад.
Дар робита бо ин масъала Владимир Путин, раиси ҷумҳур роҳи нармтареро пеш гирифт ва 12-уми декабри соли 2012 дар паёми солонаи худ эълон кард, ки аз соли 2015 муҳоҷирони хориҷӣ бояд бо шиносномаи хориҷӣ барои кор ба Русия оянд. Сабаби чунин нармиши Путин ин аст, ки кишвараш ба мушкили демографӣ гирифтор аст ва ба нируи кории хориҷӣ ниёз дорад.
Якуним моҳ пеш аз ин суханронӣ дар шаҳри Санкт-Петербург барномае бо номи “Толерантность” дар ҳамоҳангӣ бо шаҳрдории он “Раҳнамое барои муҳоҷирони корӣ” ба нашр расонд. Дар ин раҳнамо муҳоҷирони кориро ба танз кашиданд ва онҳоро дар сурати ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб, шӯткаи рангмолӣ тасвир карданд. Ин танз ба эътирозҳои густардаи созмонҳо ва ҷамъиятҳои муҳоҷирон рӯ ба рӯ шуд.
Нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар шаклҳои дигар низ идома ёфт. Масалан, гурӯҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки бо рӯбучини кӯчаву хиёбонҳои Маскав машғул буданд, 6 моҳ дастмузди худро нагирифтанд. Мумкин буд онҳо аз ҳаққи аслии худ, яъне гирифтани дастмузд маҳрум шаванд, ба ин сабаб маҷбур шуданд, ба нишонаи эътироз коршиканӣ кунанд ва ба тазоҳурот бароянд. Чунин рафтори муҳоҷиронро гурӯҳе аз коршиносон нишонаи бедориву ҷасорати муҳоҷирон медонанд, ки саранҷом ҷуръати талаб кардани ҳақи худро пайдо кардаанд. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки ин корро аз роҳи шикоят ба додгоҳ низ ҳал кардан мумкин буд. Вале чун муҳоҷирон медонистанд, ки мисли солҳои пеш касе дар ниҳодҳои давлатӣ ба доди онҳо намерасад, ба тазоҳурот баромаданд. Онҳоро гуруснагиву бепулӣ маҷбур карда буд.
Дар сурати афзоиши чунин тазоҳуроти эътрозӣ имкон дорад, мақомоти интизомӣ ба ихроҷи муҳоҷирони норозӣ шурӯъ кунанд ва онро роҳи ҳали ягона шуморанд. Вале Абдулло Давлатов-раҳбари “Иттиҳоди тоҷикони муқими Русия” дар Маскав бо ин фикр розӣ нест: “Русия ин гуна рафтор нахоҳад кард. Дар ҷаласаҳои сохторҳои муҳоҷирати Русия ё сохторҳои муваззаф бо созмонҳои ҷамъиятии ақалиятҳои миллӣ мо иштирок мекунем, дар он ҷо аз тарафи давлати Русия ҳам ҳоло як ҷиддияте барои ба чаҳорчӯбаи қонун ворид кардани фаъолияти муҳоҷирон дида мешавад.”
Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар чунин нишастҳо ҳоло ба садои раҳбарони ҷамъиятҳои муҳоҷирон гӯш медиҳанд ва ин падидаест, ки солҳои пеш камтар мушоҳида мешуд. Ҳоло ҷамъиятҳои муҳоҷирон метавонанд пешниҳодҳои худро ба Шӯрои машваратии Хадамоти муҳоҷирати Русия бифиристанд. Вале тасмимро худи ҳукумати Русия мегирад.
Дар поёни сол хатари ихроҷи муҳоҷирон то андозае камтар шуд ва таҳлилгарон онро бо имзои созишномаи Русия ва Тоҷикистон дар бораи тамдиди мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201 Русия то соли 2042 иртибот медиҳанд. Ин созишнома 5-уми октябр дар ҷараёни боздиди Путин аз Душанбе ба имзо расид. Нисбат ба солҳои пеш дар соли 2012 шумораи бештари занон ба муҳоҷирати корӣ рӯ оварданд. Абдулло Давлатов чунин мегӯяд: “Дар соли 2012 нисбат ба солҳои пеш шумораи занони муҳоҷир афзоиш ёфт”.
Дар аволили сол созмони ҷавонони муҳоҷири тоҷик дар Русия талош кард, ин созмонро дар Тоҷикистон сабт ва намояндагии худро боз кунад. Вале муваффақ нашуд. Вазорати адлияи Тоҷикистон сабаб пеш овард, ки ин созмон дар берун аз қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад. Вале созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз ҳастии худ дарак дод. Иззат Амон-раҳбари ин созмон дар Маскав мегӯяд: “Имсол барои мо соли бобарор буд, чунки мо дар 5 шаҳр, яъне
дар 5 субъекти Русия намояндагии хуро боз кардем ва онҳо бомуваффақият фаъолияти худро давом медиҳанд”.
Тибқи пешгӯиҳои Бонки Ҷаҳонӣ соли 2012 пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба Ватан бори аввал аз марзи 4 миллиард доллар мегузарад, дар ҳоле, ки будҷаи Тоҷикистон дар соли 2013 тақрибан ба 2 миллиард доллар ё 12 миллиард сомонӣ баробар аст. Ашӯрбой Солеҳов-иқтисоддони Тоҷикистон мегӯяд, маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон сарчашмаи аслии гузарони зиндагии хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад: “Ин пулҳо сарчашмае мебошанд, ки аҳолии Тоҷикистонро аз сатҳи камбизоатӣ нигоҳ медорад ва қисмати аслии истеъмолоти Тоҷикистонро низ ташкил медиҳад”.
Аҳолии деҳоти Тоҷикистон тақрибан аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони худ зиндагӣ мекунанд, яъне агар аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба ин масъала назар афканем, воридоти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар аз содироташ камтар аст ва чунин фарқият метавонад тавозуни иқтисодиро аз байн барад. Дар чунин вазъ, пулҳои муҳоҷирон дар бозори истеъмолӣ ба гардиш медароянд ва ин тавозунро нигоҳ медоранд.