Дар аввалин паёми солонаи даври сеюми раёсаташ Путин гуфт, «мудохилаи рӯирост ё бавосита дар равандҳои дохилисиёсии кишвараш» ғайри қобили қабуланд. Вай афзуд, афроде, ки барои фаъолиятҳои сиёсии худ аз хориҷа маблағ мегиранд ва биноан, ба гуфтаи ӯ, аз манофеи хориҷӣ ҳимоят мекунанд, бояд дар фазои сиёсии Русия ҷой надошта бошанд.
Путин дар моҳи март барои як давраи нави 6-солаи раёсатҷумҳурӣ интихоб шуд, вале интихоботи ӯ ва ҳам давраи пас аз эълони натиҷаҳои раъйдиҳӣ бо эътирозу тазоҳуроти густарда ҳамроҳ буд. Бозгашти ӯ ба сари қудрат саркӯби мухолифат ва дигарандеширо бо худ овард. Шуморе аз фаъолони мухолиф боздошт шуда, қонунҳое ба тасвиб расид, ки тазоҳурот ва созмонҳои ғайридавлатиро шадидан маҳдуд мекунанд.
Дар паёме, ки 80 дақиқа идома кард, Путин аз тундравӣ ҳушдор дод ва гуфт, ҳукуматаш роҳ намедиҳад, ки дар қаламрави Русия “ҷазираҳои миллии пӯшида”-е бо қонуну қоидаҳои худ арзи вуҷуд кунанд: “Иттиҳод, якпорчагӣ ва истиқлолияти Русия шартнопазиранд. Ҳама гуна зуҳуроти ҷудоихоҳӣ ва миллатгароӣ бояд аз фазои сиёсӣ комилан маҳв гардад.”
Рӯзи чаҳоршанбе, президент Путин ба зарурати ҳифзи “худшиносии маънавӣ ва миллӣ”-и русҳо ишора кард. Вай афзуд, коҳиши аҳолӣ яке аз бузургтарин таҳдидҳоест, ки Русия бо он рӯбарӯст. Ҳамзамон вай таъкид кард, ки қоидаҳои муҳоҷират, аз ҷумла вуруди намояндагони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба Русия бояд шадидтар шаванд ва сар аз соли 2015 онҳо танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ хоҳанд тавонист, ба Русия сафар кунанд.
Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар аз шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ барои дарёфти шуғл ва даромад ба Русия муҳоҷир мешаванд.
Путин ҳамчунин ваъда кард, ки фасодро маҳдуд ва масъалаҳои иҷтимоиро ҳал хоҳад кард.