Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират: "Роҳнамо барчида ва нобуд карда шавад"


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, тақозо доранд, то "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" барчида ва нобуд карда шавад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния хостори барчида ва нобуд кардани "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар Русия шудааст. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, тасвири таҳқиромези муҳоҷирон дар ин "роҳнамо" боиси озурдагии ҳазорон нафар гаштааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ", ки ба унвони як дастурамал барои муҳоҷирони муқими Русия таҳия ва нашр шудааст иззат ва ҳайсияти инсонҳое, ки аз рӯи ночорӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд таҳқир шудааст. Ба ин далел афзуд ҷаноби Қодирӣ ин «роҳнамо» ҳарчи зудтар барчида ва аз нашру паҳни баъдии он ҷилавгирӣ карда шавад: «Хадамоти муҳоҷират дар ин замина изҳор медорад, ки интишор намудани чунин плакатҳову карикатураҳо ва аксҳое, ки таҳқиркунандаи муҳоҷирон мебошанд, муҳоҷирони меҳнатиро озурда месозад. Аз ин хотир беҳтар мебуд, ки ҳарчи зудтар «Роҳнамои муҳоҷирони меҳнатӣ аз байн бурда мешуд ва мақомоти дахлдор дар Русия нисбати ин масъала чораҳо меандешиданд»


Чанде пеш дар Санкт-Петербурги Русия китобчае бо номи "Раҳнамои муҳоҷири корӣ" ба нашр расид, ки дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу чӯткаи рангмолӣ ва андовачӯбу ғелак нишон дода шудаанд. Ин раҳнамо, ки ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавҷи эътирозҳоро дар миёни созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва худи муҳоҷирон дар Русия ба бор овардааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00
Линки мустақим


Абдусамад як муҳоҷири тоҷики шаҳри Маскав мегӯяд то нашри ин китобчаи таҳқиромез низ муносибат бо муҳоҷирони корӣ дар Русия хуб набуд. Ва муҳоҷири корӣ ба хусус шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳу вокзал гирифта то шӯъбаҳои умури дохилӣ ва дар ниҳоят аз тарафи корфармо мавриди азият ва мазоҳу масхара қарор мегирифтанд. Абдусамад бовар дорад, чопи чунин «роҳнамо» боис мешавад, ки бархурди мардуми бумӣ бо муҳоҷирон боз ҳам сардтар шавад:
«Нашри ин китоб давоми ҳамон таҳқиру тавҳинҳои пеш ба мисли Равшану Ҷамшед аст. Ва ин як ҳаёти ҳаррӯзае ҳаст, ки мардуми мо, халқи мо бо он рӯбарӯ мешаванд.»

Зимнан масъулони бархе аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия қасд доранд, ки муаллифони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро ба додгоҳ кашанд. Зеро ба ақидаи онҳо дар ин китобча на танҳо шахси муҳоҷир балки миллати ӯ низ мавриди таҳқир қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, консулгарии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург низ эълом кардааст, ки ба Георгий Полтавченко, мири ин шаҳр барои нашри “Раҳнамои муҳоҷирони корӣ” номаи эътирозӣ хоҳад фиристод. Дар ин бора Назари Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, ба матбуот хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, истифода аз ин раҳнамо бояд ҳатман мамнӯъ эълон шавад. Ба гуфтаи консули ифтихорӣ, нашри чунин раҳнамо тавҳину таҳқир аст ва он дар Санкт-Петербург тафриқаи миллиро бармеангезад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG