"Гунаҳкори садамаи хабарнигори Би-би-си дар боздоштгоҳ аст"

Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си.

Мақомот эълон карданд, ки айбдоршавандаи аслӣ дар садамаи хабарнигори Би-би-си, дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.
Маҳмадулло Асадулоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод ба таври қатъӣ эълон медорад, ки айбдоршавандаи аслии садамаи хабарнигори Би-би-си Искандари Фирӯз, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Аёмиддин Раҳмиддинзода дар боздоштгоҳи ин вазоратхона нигоҳдорӣ шуда, мавриди пурсиши муфаттишон қарор дорад.

Вазорати умури дохила овозаҳоро дар мавриди ин, ки гуё Аёмиддин Раҳмиддинзода дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва барои пурсиш ҳозир нашудааст, рад менамояд.

Ба қавли сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи Тайота Ландкрузер Айёмиддин Раҳмиддинзода дар нахустин рӯзи садама боздошт шуда буд ва пас аз беҳтар шудани аҳволаш, дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад ва бар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, алайҳи ӯ парванда боз шудааст.

Қаблан Саидбек Фозилов, яке аз ду вакили дифои Искандари Фирӯз -- хабарнигори Би-би-си гуфта буд, ки номи Айёмиддин Раҳмиддинзода, ки ба унвони ронандаи "Тойота Ландкрузер" дар садамаи нақлиётии 9-уми октябр айбдор дониста мешуд ва алайҳи ӯ парванда боз шудааст, дар чанд рӯзи охир аз тафтишот бардошта шуда, ному насаби шахси дигар Нусратулло Шарифов зикр карда мешавад. Ин хабар воқеан дар ҷараёни тафтиш ва баррасии ҳодисаи садама таваҷуҳи хабарнигоронро ҷалб карда буд, ки ҳадафи аслӣ аз ин тағйирот чӣ аст?

Аммо Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки таҳқиқи ин ҳодиса шахсан аз тарафи вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимов таҳти назорат қарор дорад ва ин, ки гӯё шахси дигар бо номи Нусратулло Шарифов ҳамчун айбдори асосӣ зикр карда шудааст, танҳо овоза аст ва асосе надорад.

Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-си ҳамроҳ бо писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шудаанд, ки аз он шаб то кунун Искандар дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дорад.