Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов таҳқиқи садамаеро, ки дар он хабарнигори ББС Искандар Фирӯз сахт маҷрӯҳ шуд, зери назорати худ гирифт Шаби 9 октябр дар наздикии боғи ҳайвоноти Душанбе як мошини “Тойота-Ландкрузер” бо мошини “Тойота-Камрӣ”, ки Искандар Фирӯз ҳам дар дохилаш буд, бархӯрд. Дар ин садама хабарнигори 46-сола ва писари 22-солааш Ҷавоншер маҷрӯҳ шуданд. Искандари Фирӯз 9 рӯз боз дар ҳолати кома қарор дорад. . Раиси пулиси нақлиёт М.Пиров ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки ин садама ғолибан бо айби ронандаи “Тойота Ландкрузер” Айёмиддин Раҳмиддинзода рух додааст.